Бахшҳо
11 янв 2013 10:29Иқтисодӣ

Бонкҳои Тоҷикистон тавонманд шудаанд?

Дар иртибот бо рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳаҷми кулли қарзҳо дар 1 - уми декабри соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 9,2% афзоиш ёфтааст. Азкулли ин қарзҳо 2,0 миллиард сомонӣ бо пули миллӣ ва беш аз 3,1 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ будааст. Вале оё ин нишондодҳо метавонанд нишонгари афзоиши тавони бонкҳо дар додани қарз ва рушди иқтисодиёти мамлакат бошанд?

Бонкҳои Тоҷикистон фоидаовар шудаанд?
Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, пеш аз қарзро додан талабот бояд бошад, аз ин дидгоҳ дар ҳаҷми 9% зиёд шудани сандуқи қарзии бонкҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки аз як тараф соҳибкорон маблағҳояшонро бештар дар истеҳсолот доранд истифода мебаранд, аз ҷониби дигар сарчашмаи дохилии худи соҳибкорон аз ҳисоби бештар шудани фоида дар ҳоли зиёдшавист. Аз дигар сӯ, чун пастравии фоизи қарз дида намешавад, имкониятҳои бонкҳо барои додани қарз дорад маҳдуд мешавад, он ҳам бо назардошти он ки маблағҳои пасандози аҳолӣ дар бонкҳо зиёд шудааст.

"Ин гувоҳи он аст, ки дар системаи бонкии ҶТ муаммоҳое ҳастанд, ки бояд ҳалли худро биёбанд. Бо назардошти он ки суръати интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш ёфтааст ва ҷои онҳоро бештар маблағҳои пасандози аҳолӣ гирифтаву ҷалби онҳо ба система хеле гарон афтодааст, бо вуҷуди ин боз ҳам ин маблағҳоро доранд ҷалб мекунанд", иброз дошт Баҳром Шарипов. Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ, зиёд шудани пасандозҳои аҳолӣ ва ташкилотҳои тиҷорӣ нишон медиҳад, соҳибкорон аз бизнеси худ даст кашида, маблағҳои озоди худро ба бонк ҳамчун пасандоз мегузоранду даромади зиёд мегиранд, то 20 дарсади солона. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз истеҳсолот ҳамагӣ 5 ё 6 фоиз фоида мегиранд. Яъне дар ин раванд камтар нофаҳмиҳо ҳаст, лизо бонки миллӣ ва ҳукумати кишвар бояд оиди ривоҷ додани соҳибкорӣ як барномаи мукаммал омода намоянд.

Аз тавозуни қарзи соли 2012 69,8% наздики 3,6 млрд. сомонӣ, қарзҳои кутоҳмуддат ва 30,2% беш аз 1,5 млрд. сомонӣ қарзҳои дарозмуддатро ташкил додааст. Ин омор баёнгари он аст, ки бонкҳо бештар қарзҳои кӯтоҳмуддат медиҳанд, то қарзҳои тӯлонимуддат.

Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ муътақид аст, ки бонкҳо ташкилоте ҳастанд, ки маблағҳои аҳоливу ташкилотҳову кишварҳои беруниро ҷалб намуда, онро дар иқтисодиёти ватанӣ барои дарёфти фоида ҳамчун қарз истифода мебаранд. Бо назардошти он ки маблағҳои ҷалбшуда асосан аз аҳолист ва аҳолӣ пасандозҳои худро на зиёда аз 1 ё 2 сол дар бонк мегузоранд, аз ин хотир бонк ҳам наметавонад ин маблағҳоро ба мӯҳлатҳои зиёдтар маблағгузорӣ кунад. Ба хотири ҳамин масъала, сарчашмаҳои қарзии бонкҳо бештар сарчашмаҳои кутоҳанд. Яъне ҳануз аҳолӣ барои гузоштани маблағҳои худ дар бонкҳо барои муддати дароз ҳоло ҳам ҳавасманд нестанд. Баҳром Шарипов мегӯяд:

"Барои ҳамин сарчашмаҳои дигари пулҳои дарозро ёфтан лозим. Ин ба воситаи бештар ба ҳисоботҳои ғайринақдӣ гузоштани иқтисодиёти кишвар ва ба тариқи бештар истифода бурдани системаи суғуртаи ғайридавлатӣ, ки имконияти пулҳои 20 - 30 соларо дорад, ба миён меорад. Ба ингуна масоил ҳоло дар Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода нашудааст", афзуд номбурда. Ба гуфтаи ӯ, бо таваҷҷуҳ ба бӯҳрони молӣ, ки боис шуда бонкҳои ғарбу Амрико сарчашмаҳоро маҳдуд кунанд, мушкили ҷалб кардани сарчашмаҳои дохилӣ ба мушкили аввалиндараҷа табдил шудааст.

Бонкҳои хурд дар низоми бонкӣ нақше надоранд
Ҳаҷми қарзҳои хурди дода шуда дар ин давра дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31,3% афзоиш ёфтааст. Аз он ҷумла 579,0 млн. сомонӣ ба манотиқи кӯҳистонии дурдаст ироа гардида, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли 2011 бештар аз 23% аст. Аммо суоли матраҳ нақшу таъсири муносиб доштани ин қарзҳои хурд аст, ки то чи андоза метавонанд дар некӯаҳволии аҳолӣ ва равнақи муомилоти байни бонкҳо ва субъектҳои иқтисодӣ мусоидат кунанд.  

Иқтисоддонон мегӯянд, ки бештари фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба соҳибкории хурд мансуб аст ва зиёд шудани маблағгузории соҳа барои нигоҳ доштани раванди рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ба эътиқоди онҳо дар ин самт  барои дастгирии соҳибкории хурду миёна 6 бонки хориҷӣ фаъолияташонро оғоз кардаанд. Ҳол он ки бонкҳои бузургтарин Тоҷикистон бо назардошти маблағгузории корхонаҳои калон, маблағҳои худро дар мобайни 2 то 3 сол ба додани қарзҳои хурд хеле маҳдуд кардаанд.

Иқтисоддонон мӯътақиданд, ки бо таваҷҷуҳ ба як кишвари фақир будани Тоҷикистон, густариши муомилоти бонкӣ байни бонкҳову тоҷирон ва аҳолӣ замони зиёде мебарад ва дар ҳоли ҳозир барои он заминаҳои лозим фароҳам нест, ки бояд фароҳам оварда шавад.

Зеро ба гуфтаи Баҳром Шарипов инак системаи бонкии Тоҷикистон ба мушкилоте дучор аст, чунончи даромаднокии бонкҳои калонтарин суст гардида, имконоти васеъ кардани фаъолияташон дорад маҳдуд мешавад. Яке аз ин нишондиҳандаҳо ҳамин аст, ки порсол аз ҳисоби давлат қарзҳои пахтакорӣ бекор карда шуданд. Аз дигар тараф, дигар равандҳое, ки давлат алакай барои маблағгузории соҳаҳои алоҳида маблағҳои озоди буҷетро равона карда истодааст. Ҳамин ҳоло давлат аз "Агроинвестбонк" 200 миллион сомонӣ саҳмияҳои бонки тиҷоратиро харидорӣ карда истодааст, то имкониятҳои ин бонкҳо барои дастгирии раванди тараққёти иқтисодиёт зиёд гардад. Бо вуҷуди ин имкониятҳо ҳаст, вале чун дар бонкҳо бештар аз имкониятҳои доштаашон маблағгузорӣ карда истодаанд, бонкҳо раванди рӯ ба коҳиш доранд. Аммо аз ҳисоби истифодабарии захираҳои дохилӣ яъне истифода намудани маблағҳои ташкилотҳои суғуртавӣ, суғурта намудани қарзҳои бонкӣ ва ғайра метавон аз вазъияти каме номуътадил баромад. Системаи бонкдории Тоҷикистон бештар ба бонкҳои калон мансуб мебошад. Бонкҳои хурди фаъолиятдошта низ корашон камобеш хуб аст. Вале чун бонкҳои хурд бештар дар вилоятҳо ҳастанд, аз ин хотир маблағгузории онҳо дар тамоми ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд аст ва мавқеъи ин бонкҳо дар системаи бонкдории кишвар ҳалкунанда нест.

Фоизҳо қарзгирандагонро мегурезонад
Нархи мутавассити фоизи қарзи системаи бонкӣ дар соли 2012 бо пули миллӣ 21,18% ва бо асъори хориҷӣ 24,71% - и солонаро фаро мегирад, ки дар қиёс бо ҳамин муддати соли 2011 ба тартиб камтар аз 1,55%ва беш аз 2,72% мебошад.

Дар робита бо ин Баҳром Шарипов мегӯяд, чун фоидаи иддаи каме аз соҳибкорони истеҳсолӣ дар Тоҷикистон10 - 15% аст ва аксари онҳо бо зарар фаъолият мекунанду ин имконият намедиҳад, ки бештари соҳибкорон барои ривоҷ додани бизнеси худ аз маблағҳои бонкӣ истифода баранд. Ин як сабаби кам дастрас шудани қарзҳо, иллати дуввум ин таварруми то 8% аст, меафзояд номбурда. Ба қавли ӯ, бо назардошти ин таварруми 8%, маблағҳои бонкҳо ҳар сол то 8% беқурб шуда истодааст.

Далели севвум ин қарзҳое, ки дода мешаванд, мувофиқи нишондиҳандаҳои худи бонкдорӣ 20% қарзҳо барнагашта истодаанд. Ин барои бонкҳо хароҷоти иловагиро ба бор овардааст ва дигар омилҳо ҳастанд, ки паст кардани фоизи қарзро мутобиқи ба талаботи иқтисодиёти зарур иҷозат намедиҳад.

Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, рушди иқтисодим кишвар агар бо назардошти таварруми 15% бошаду вақте фоизи қарзҳо 30% бошад, корхонае, ки бо 50% қарз кор мекунад, ҳатто имкони додани қарзро ҳам надорад. Бо ин бонкҳое, ки дар Тоҷикистон монополия доранду фоизи зиёд мегиранд, ин 24% қарз, дар охири сол вақти натиҷагирӣ, аз 28% ҳам зиёдтар мешавад. Аммо дар кишварҳои пешрафта ин чиз вуҷуд надорад, бинобарин маро ҳамчун як иқтисодшинос ин чиз қаноъатманд карда наметавонад.     

Тавони бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар аст?
Дар Эрон бӯҳрони арзӣ ҷарён дорад ва риёли ин кишвар дар муқобили доллари амрикоӣ қурби худро доимо дорад аз даст медиҳад. Тибқи иттилоъи охирин 1 тумони эронӣ ба 4 доллар баробар шудааст. Ҳол он ки пештар 1 тумони эронӣ дақиқан ба 1 доллари амрикоӣ баробар буд. Ба хотири ҳамин бӯҳрони арзӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод президенти ин кишвар гуфтааст, ки 3000 нафар 60 фоизи пули кишварро дар ихтиёр доранд ва ҳозир нестанд онро баргардонанд. Қонунгузорӣ ҳам таврест, ки иҷоза намедиҳад, то ин пулҳо аз онҳо бозгирифта шавад. Ба қавли Аҳмадинажод яке аз онҳо $1 000 000 000 000 гирифтаву онро барнагардонидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки қарзҳои гирифтаи бознагардонида дар Эрон бӯҳрони арзӣ ба вуҷуд овардааст, бояд дид бонкҳои Тоҷикистон то чи андоза тавони додани қарзро доранд ва қарзе зиёде додаанд, ки қарзгирандагон онро баргардонида натавонистаанд.

Ба гуфтаи иқтисоддонон, имконияти ҳар бонк барои додани қарз гуногун аст, ин вобаста аст ба сармояе, ки бонк дар ихтиёр дораду ба депозитҳои он бонк ҳам  марбут мешавад.Барои ҳамин ҳар як бонк мувофиқи ҳаҷму сармояву депозитҳояш имкониятҳои ҳархела дорад. Аммо чун инак сармояи калонтарини бонкҳои Тоҷикистон 400 миллион сомонисту тибқи меъёрҳои Бонки миллӣ, маблағгузории қарзӣ набояд аз ҳаҷми 15%-и он зиёд гардад,барои ҳатто дастгирӣ намудани сохтмони ягон иншооти калон ба маблағи $15 - 20млн. ҳозир ягон бонк имконият надорад. Аз ин хотир мегӯяд Баҳром Шарипов масъалаи боз ҳам мустаҳкамтар кардани вазъи молиявии бонкҳо ба воситаи афзоиш додани сармояи онҳо ба миён омадааст. Дар зимн бо назардошти маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт фоизи бозгардонидани қарзҳое, ки ба таъхир афтодаанд, ҳоло ҳам баланд аст. Ин ташвиши бонкҳоро ба миён оварда, метавонад маблағгузории ин соҳаҳоро кам гардонад.

Дар хусуси ин лимити гузошта шуда барои бонкҳо то сақфи 400 млн. сомонӣ Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, лимитгузорӣ барои ин ё он ташкилот ба хотири муаамҳоест, ки дар ину он соҳа ё ташкилот пайдо шудааст. Аз ин назар, агар ба мушкилоти бонкии Тоҷикистон нигоҳ карда шавад, солҳои пешин чансад миллион қарзи соҳаи кишоварзӣ баргардонида нашуду баъзеҳояшон мӯҳлаташ дигар гардиду мобақӣ ҳам аз ҳисоби захираҳои давлатӣ бахшида шуданд. Мумкин ин ҳолат ба назар гирифта шудааст, то ҳаводиси солҳои 1990 - ум такрор нашавад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)