Бахшҳо
18 янв 2013 05:13Минбари Шумо

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи истиқоматкунандагон ва муҳоҷирони вилояти Суғд

Бо арзи сипос ва эҳтироми фаровон ба Шумо, Роҳбари давлат иттилоъ медиҳем, ки мо истиқоматкунадагони шаҳру навоҳии вилояти Суғд  тўли 21 сол аст, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ кору зиндагӣ карда, дар ин муддати на чандон тўлонии таърихӣ пастиву баландии зиндагӣ ва мушкилу муаммои ҳаётро паси сар карда, хушбахтона ба зиндагии осуда ноил гардидем. Бо камоли самимият ва ифтихор иброз медорем, ки маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Шумо, Ҷаноби Олӣ дар ҳаққи халқи оддии кишвари Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиаангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда, мардуми шарифи кишвар баъди расидан ба сулҳи саросарӣ ба бунёдкориву созандагӣ оғоз кард. Заҳматҳои шабонарузии Шумо буд, ки шурўъ аз соли 2000-ум дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон корҳои сохтмону созандагӣ оғоз ёфта, дар даҳ соли охир шаҳру навоҳии мамлакат обуду зебо гардида, беҳдошти зиндагии мардум таъмин гардидааст, ки ин воқеан боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҷаноби Олӣ!Дар соли 2007 бунёд гардидани Терминали байналмилалии №1 дар фурудгоҳи Хуҷанд барои мардуми шимоли Тоҷикистон як воқеаи фараҳманд буд. Мо хуб дар хотир дорем, ки баъди ду соли бунёди ин Терминал танҳо бо мудохилаи шахсии Шумо ин маркази нави хизматрасонӣ  ба кор шурўъ карда, мушкили мусофирон, муҳоҷирон ва меҳмононро бартараф кард. Хушбахтона баъди гузашти начандон вақти тўлонӣ ин Терминал боиси ифтихори мардуми тоҷик гардид. Чунки чунин як маркази хидматрасонӣ дар кишварҳои ҳамҷавори мо ба мисли Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ба ҳол вуҷуд надорад. Ҳамин тавр шурўъ аз соли 2009 ин ҷониб ба мусофирону меҳмонони фурудгоҳи Хуҷанд бештар аз 100 нафар кормандони Терминали байналмилалии №1 ба дараҷаи олӣ хидмат расонида, бо муносибати хубу нек ва фаъолияти ҳирфаии худ дар дили ҳар як муҳоҷиру мусофир нақши хотирмон гузоштаанд. Вале мо намедонем бо кадом асосу далел шурўъ аз рўзи шанбеи ҳафтаи гузашта шаст дарсади мусофирону муҳоҷиронро маҷбур месозанд, ки аз тариқи бинои кӯҳнаи фурудгоҳ ба самтҳои мухталифи Федератсияи Русия парвоз кунанд. Ин амали нигаронкунанда моро водор сохт, ки бо таъсиси як гурўҳи кӯчаки ташаббускор сабаби сар задани чунин як ҳодисаи номатлубро мушаххас намоем. Баъди омўзиши начандон тўлонӣ маълум гардид, ки дар таги коса нимкосае будааст. Ин дар ҳолест, ки  дар Терминали байналмилалӣ зиёда аз 100 нафар кору фаъолият дошта, ҳамасола ба хазинаи давлат зиёда аз 3,5 млн сомонӣ андоз месупоридаанд. Гузашта аз ин натанҳо мусофирон , балки меҳмонони арҷманде, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд барои пазироии хуб ва муносибати самимонаву меҳмоннавозии халқи азизамон изҳори сипос намуда, баъди ташриф ва боздид аз кишвари ҳамешабаҳори мо бо тассуроти неку қаноатмандӣ ба мамлакати худ бармегарданд, ки ин боиси ифтихори сиёсати созанда ва башардўстонаи Раҳбари давлат аст. Дар баробари чунин комёбиҳо, мутаассифона кормандони Терминали байналмилалии №1 рўзҳои охир бар асари бозиҳои пасипардагии баъзе аз мансабдорон гирифтори найрангу дасисаҳои беасос гардидаанд. Мўҳтавои асосии қазия ин аст, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешниҳоди ғаразноки раҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Маъруф Маҳмудов ба унвони Шумо, Ҷаноби Олӣ дар таърихи 22-декабри соли 2012 мактуби беасос ирсол карда, аз тариқи роҳбари дастгоҳи Президенти Тоҷикистон Б.Худоёров  таҳти рақами 40670 аз таърихи 29-декабри соли 2012 ҷавоби мусбат гирифтаанд, ки он комилан бозгўи ҳақиқат нест. Яъне мувофиқи ин мактуб, ки дар он бо ҳарфи калон чунин навишта шудааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ доданд». Шурўъ аз таърихи 12-январи 2013 шаст дарсади шумораи мусофирон ва меҳмонони фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз тариқи бинои кўҳнаи дар замони шўравӣ сохташуда гуселу пазироӣ мегарданд. Ҳамин тариқ, хизматчиёни давлатӣ дар шахсияти роҳбари фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Маъруф Маҳмудов, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутассифона иттилоъи ғаразнок пешниҳод карда, гўё  ризояти Шумо,Ҷаноби Олиро ба даст овардаанд, ки чунин бозиҳои пасипардагӣ оқибат боиси норозигии мусофирон ва муҳоҷирони тоҷик гардидааст. Чунки бинои дар замони шўравӣ сохташудаи фурудгоҳ тангу тор буда, аслан ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ  нест. Яъне агар дар терминали нав сохташуда  барои 2000 нафар мусофирон шароити хуби гуселу пазироӣ фароҳам оварда шуда бошад, пас дар бинои кўҳнаи фурудгоҳ ҳатто 200 нафар наметавонанд омодаи парвоз ва ё қабули меҳмон гарданд. Гузашта аз ин барои фароғату истироҳати мусофирон ва ҳатто кормандони сохторҳои давлатӣ, ба мисли кормандони полис, гумрук, намояндагони раёсати сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бинои кўҳна  шароити хуби корӣ билкул вуҷуд надорад. Имрўз кор ба дараҷае расидааст, ки садҳо пешвозгирандагон ва пайвандони мусофирони ба самтҳои мухталиф парвозкунанда дар назди ҳавлии на чандон бузурги бинои куҳнаи фурудгоҳ дар зери барфу борон ва ҳавои сард мунтазири парвозу нишасти ҳавопаймо гардида, аз вазъияти ба амаломада хашмгину нороҳат гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки ҳар рўз аз панҷ то ҳафт ҳазор ҳамдиёрони мо гирифтори иллату зиллати ба таври сунъӣ эҷодшуда гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки бинои барҳавои Терминали байналмилалии №1, ки ҳамаи мусофирон метавонад дар якҷоягӣ бо дўстону хешовандони худ истифода намоянд, шабонарўзӣ 40 дарсад истифода гардида, боқимонда кормандон ва масъулини дигар аз бекорӣ ба ғазаб омадаанд. Бинобар ин мо вазъияти баамаломадаро ба назар гирифта, лозим донистем, ки Шумо, Ҷаноби Олиро аз асли қазия огоҳ созем. Чунки агар панҷ- ҳафт ҳазор сокинони кишвар дар оила аз чор то даҳ нафар фарзандону пайвандон дошта бошанд, пас ҳамарўза аз 25 то 50 ҳазор сокинони кишвар худро нороҳат эҳсос мекунанд, ки воқеан ин вазъият ташвишовар аст. Бо дарназардошти чунин ҳолати ба таври сунъӣ эҷодшуда ва барои рафъи мушкили пешомада аз Шумо, Ҷавноби Олӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳар чи зудтар ба ҳалли мусбати ин қазия мусоидат намоед. Чунки танҳо Шумо, Ҷаноби Олӣ шурўъ аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ то имрўз ҳамеша дар андешаи таъмини зиндагии осудаи мардум ва ободии кишвар буда, бо хирадмандӣ ва шуҷоати нотакрор дар ҳалли кулли мушкилоти мардуми кишвар мушаррафу муваффақ гардидаед, ки ин воқеан боиси ифтихори самими мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Боварии комил дорем, ки дар рўзҳои наздик Шумо , Президенти кишвар, мўйро аз хамир ҷудо карда бо ин амали неки худ ба нороҳатии мардум ва меҳмонони Тоҷикистон хотима мегузоред. Чунки маҳз сиёсати хирадмандонаи Шумо, Ҷаноби Олӣ боиси эҳё ва рушди иқтисодиёти малакат гардида, шароити зиндагии мардуми кишвар беҳтар гардидааст. Вагарна, бе дастгирии   Шумо, мардуми кишвар  мутассифона  гирифтори фасоду носипосиҳои баъзе аз хидматчиёни давлатӣ гардида, тавассути мушкилиҳои ба таври сунъӣ эҷодкардаи онҳо дар мавриди пешбурди зиндагии худ азобу мушаққат кашида, гўшаи яъсу ноумедиро пеша мекарданд. Ҷаноби Олӣ! Мо ҳамеша бо Шумоем. Имрўзу фардои кишвар ва тақдири ояндаи давлатдории тоҷиконро Шумо, Ҷаноби Олӣ кайҳо тарҳрезӣ карда, барои пиёда сохтани он заҳматҳои шабонарўзиро ба харҷ дода истодаед, ки хушбахтона натиҷаҳои босамари заҳмати зеҳнии Шумо боиси шукуфоии мамлакат гардидааст. Мо аз дурбиниву дурандешӣ, хирадмандиву меҳанпарастии Шумо ҳамеша ифтихор дорем. Аз ин рў, умед дорем, ки халқи тоҷик дар оянда низ маҳз таҳти сарварии Шумо дар роҳи бунёди ҷамъияти шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии ободу рузгори нек заҳмат кашида, дар пойдорӣ ва рушди кишвари худ саҳми муносиб мегузоранд. Ҷаноби Олӣ! Мо боварӣ дорем, ки маҳз тавассути мудохилаи бевоситаи Шумо ин мушкилии пешомада ҳаллу фасл гардида мо – мусофирону муҳоҷирон чун солҳои пешин имкони истифодаи Терминали барҳавои байналмилалии №1-ро пайдо карда, барои ободии Ватан ва беҳдошти ҳаёти мардум дар дохил ва хориҷи кишвар таҳти сарпарастии бевоситаи Шумо кору зиндагӣ мекунем.
Бо арзи сипос ва эҳтироми фаровон   гурўҳи мусофирон ва муҳоҷирон аз вилояти Суғд
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)