Бахшҳо
19 янв 2013 06:53Ҷавонон ва варзиш

Як рӯзи Назира

(Дар асоси ҳаводиси воқеъӣ дар як ноҳияи дурдасти Ватанамон)

Гармӣ ва равшании офтоб аз тиреза нав ба хона даромада буд. Модар Назираро бедор кард, ки "хез, бачам, дер мекунӣ". Назира, ба кӯдакии худ нигоҳ накарда, мушкилоти оилаашонро мефаҳмид. ӯ имрӯз ба мактаб дер намекард.

Бародараш Умар ҳанӯз хоб буд. ӯ ҳамеша каме дертар аз хоҳараш бедор мешуд. Умар дар синфи панҷум мехонад. Падару модар ба ояндаи дурахшони ӯ умеди калон доранд ва барои таълиму тарбияаш ба ҳама кор омодаанд. Онҳо умедворанд, Умар дониши хуб гирифта, кори на?з меёбад ва дигар дар ин кӯҳистони дур азоб намекашад. Шояд, волидайнашро низ ба шаҳр барад, то дар дами пирӣ нафаси осуда кашанд.  

Назира ба хубӣ инро дарк кардааст. Ба синну соли кӯчакаш нигоҳ накарда, мефаҳмад, ки ӯ ба муваффақияти зиёд ноил нахоҳад шуд. Ба кӯдакии худ нигоҳ накарда, мушкилоти оилаашро мефаҳмид. ӯ мебоист барои таҳсили бародараш, чизеро қурбон мекард. Ва ин, таҳсили худаш буд. ӯ имрӯз ба мактаб дер намекарад.

На ин ки Назира, балки волидайни ӯ ба ин кор иқдом намуда буданд. Ҷамъият чунин талабот дошт. Шояд ҳам, на талабот, аммо ин навъе қонуни нонавишта буд, ки ба таҳсилу рушди писарон авлавият дода мешуд.

Имсол Назира ба синни даҳсолагӣ қадам ниҳод. Ба қавле, ба синни гуноҳ расида буд. Муллои деҳ гуфта буд, ки аз нӯҳсолагӣ сар карда, духтарон бояд ба кӯча бидуни зарурат набароянд. Ва чунин заруратро ба ҳадди имкон кам кардан лозим аст. Ба ҳамин хотир ӯро аз мактаб гирифта буданд.

Назира бо навозиши модар бедор шуду ба берун баромад. Шамоли сарди субҳи тирамоҳӣ дарҳол хобро аз чашмонаш ба пуррагӣ паронд. Духтарак ба о?ил рафта, ягона гови нисбатан харобашонро берун овард. ӯ ҳар саҳар ин говро ба подаи қишлоқ мебурд, то бо ҳайвоноти ҳамдеҳагонаш ба кӯҳу саҳро ба чаро равад.

Вақте ба хона баргашт, бародараш аллакай дасту рӯяшро шуста, омодаи хӯрдани субҳона буд. ӯ бояд зудтар ба мактаб мерафт. Мактаб дар деҳаи ҳамсоя, дар он тарафи теппаи баланди назди хонаашон, ҷойгир буд ва Умар маҷбур буд ҳар саҳар чил дақиқа то як соат пиёда ба он ҷо равад. Айёми зимистон, ки саҳариҳо сард ва торик буданд, ин кор боз ҳам мушкилтару воҳиманок мешуд.

Бародару хоҳар сари дастархон нишастанду модар шири саҳар дӯшидаро назди онҳо гузошт. Умар зуд хӯрокашро хӯрда ба мактаб рафт.

Назира бошад, дастархонро ҷамъ карда, ҳамроҳи модар аз паси корҳои хона шуд. Модараш ҳавлиро рӯфта, о?илро тоза кард ва ба хона даромад то каме истироҳат кунад. Дар ин вақт Назира аллакай хонаро рӯбучин карда буд.

Офтоб баланд баромада ва ҳаво аз саҳарӣ дида гармтар шуд. Назира аз модараш иҷозат гирифта, барои бозикунӣ бо дугонаҳояш ба ҳавлӣ баромад.

Бозии дӯстоштаи дугонаҳо "Мактаббозӣ" буд. Нилуфар, ҳамсоядухтар аз се хона онсӯтар, ки то синфи 5 таҳсил карда буд, муаллима мешуду Назира бо Мунираю Мушкинисо талаба. Ҳамин тавр, ҳар рӯз дониши худро такрор мекарданд, чизҳои нав аз худ бофтаю гӯё "меомӯхтанд"… Ҳама орзӯ доштанд таҳсилкарда бошанду ҷаҳонбинии худро рушд дода, ба маконҳои дидании ҷаҳон сафар кунанд, бо ситораҳо мулоқот намоянд, ҳеҷ набошад, мисли апаи Ҳанифа пул кор кунанд…

Аммо он рӯз Мунира ба бозӣ дертар омад. ӯ ба по пойафзоли нав дошт. Дирӯз падараш аз Русия барояш оварда буд…

Назира бори охир ду моҳ пеш ба бозор рафта буд. Он вақт падараш аз Русия 300 доллари амрикоӣ равон карда, қариб ним соат бо онҳо тариқи телефон сӯҳбат намуд. Аз муваффақиятҳои Умар дар таҳсил ва Назира дар омӯхтани корҳои хонаю ёрӣ ба модараш хурсандӣ мекард. Ваъда дода буд, ки то охири тирамоҳ бармегардад.

Назира ва модараш умедвор буданд, ки воқеъаи ба сари зани Раҳим аз қишлоқи поён омада такрор нашавад. Ба хусус, модараш, ки моҳи ҳафтуми ҳомилагиро паси сар мекард, сахт метарсид. Соли гузашта амаки Раҳимро дар Русия тоссарҳо ?орат карда, сахт маҷрӯҳ карда буданд. Ҳамсараш, холаи Назокат, бояд дар аввали моҳи январ таваллуд мекард, аммо ӯ сари вақт ба Ватан баргашта натавонист, пул ҳам ирсол накард. Зимистон сард ва сербарф омада буд ва ягон мошин занро ба бемористони ноҳия бурда натавонист. Холаи Назокатро соати сеи шаб дард гирифт ва Зайтуна, ки аз Назира ҳамагӣ се сол калон буд, ҳамчун "калони хона", маҷбур шуд худаш ба модар дар таваллуди фарзанд кӯмак кунад…

Рӯз аз нисф гузашта буд. Модар Назираро ба хона ҷе? зад. Мунираю Нилуфар ба хонаҳояшон рафтанду Мушкинисо бо Назира рафт. Ҳамроҳи модар, ки хӯроки нисфирӯзиро тайёр карда буд, дастархон паҳн карданд. Ҳамин вақт Умар ба хона даромада бо шодӣ ба модар гуфт: "Имрӯз сето "панҷ" гирифтам!"

Духтарҳо бо ҳавас ва навъе  рашки кӯдакона ба нақлҳои Умар дар бораи имкони иштирок дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз математика гӯш андохта, ба кунҷи чашм, сӯзиши даруниашонро нишон надода, гоҳ-гоҳ як ба ба ҳамдигар, як ба Умару модар нигоҳе меандохтанду хӯрок мекашиданд…

Рустами МАҶИД
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)