Бахшҳо
19 янв 2013 06:57Иҷтимоӣ

ШИР

Вақте дар Тоҷикистон, ки як кишвари вижаи аграрӣ ба ҳисоб меравад, шир ҳамчун маҳсулоти ғизои аввалия нодиру ноёб мегардад, аз ҳайрат даҳони кас во мемонад.

Дар Тоҷикистони аграрӣ он ба мушкили №1 табдил ёфтааст
Инон аз шиками худу фарзандонаш "зада", қисмати зиёдати ширу маҳсулоти шириро ба бозор оварда, аҳолии шаҳрро таъмин мекунанд. Аммо аҷобати кор дар он аст, ки сол то сол чорвои калони шохдор, хоса модаговҳои ширдеҳ дар деҳу русто рӯ ба камшавӣ меоранд. Солҳои охир ба ваҷҳи набудани говҳои ширдеҳ шир дар шаҳр чӣ ки дар худи деҳоти ҷумҳурӣ ба мумиё табдил ёфта.

Чаро чунин як вазъе ба зуҳур омада? Ба тасдиқи коршиносони масоили иқтисодӣ, бо аз байн рафтани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва ба истиқлолият соҳиб гардидани ҷумҳурӣ ва пасон шурӯи ҷанги бемоҳияти шаҳрвандӣ тамоми базаи мустаҳками соҳаи чорвопарварӣ ба боди фано рафт. Таллаву тороҷи моли ҷамъиятӣ ва ба яғмо бурдани онҳо ба он оварда расонд, ки саршумори моли ширдеҳ ба нестӣ расид. Ин омили манфӣ зарбаи муассиру мулҳике бар соҳаи чорводории Тоҷикистон буд. Ҳол он ки ба андешаи иқтисодшинос Аъзам Раҷабов, дар авохири даврони Шӯравӣ ба ҷуз он ки фермаҳои чорводорӣ худ шир истеҳсол мекарданд, боз баҳри иҷрои нақшаву ӯҳдадориҳо аз аҳолӣ шир мехариданд.

- Ман, шахсан амиқу некӯ дар ёд дорам, ки фақат хонадони мо ҳар шабонарӯз зиёда аз 30 литр шир ба колхоз месупорид,-мегӯяд Аъзам Раҷабов. Дигар хоҷагиҳо аз 10 то 15-у 20 литр шир дӯшида, дар заминаи қарордод ба фермаҳои чорводорӣ мефурӯхтанд. Ҳамакнун, на фермаи молпарварӣ мондаву на хоҷагиҳои фермерие, ки ба парвариши говҳои дӯшоӣ ва истеҳсоли шир машғул бошанд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ идораву вазоратҳои марбутаи бахши кишоварзии мамлакат натавонистанд, ки бо ташкили хоҷагиҳои фермерӣ ҳам, ба истеҳсолу фурӯши ширу гӯшт ноил гарданд. Боиси нигараронист, ки имрӯз дар пешбурду рушди соҳаи чорводорӣ гомҳои ҷиддӣ гузошта нашудааст. Сарварони хоҷагиҳои шахсию фермерӣ наметавонанд, ки дар самти ташкили фермаҳои ширию молӣ иқдоми ҷасурона нишон бидиҳанд. Теъдоди зиёди фермерҳо ба парвариши чорвои парвоӣ барои гӯшт саъю кӯшиш доранд.
- Солҳои Шӯравӣ,-меафзояд Раҷабов, танҳо дар қаламрави Роҳатӣ ду фермаи калони ширию молӣ мавҷуд буд, ки тақрибан 600 сар гови дӯшоӣ дошт. Аммо ҳоло на танҳо як фермаи кӯчак вуҷуд надорад, балки соҳибкоре наметавонад, ки 15-20 сар говро парвариш карда, истеҳсоли ширро зиёд намояд. Сабабҳо албатта зиёданд. Аслан баҳри ташкили фермаи говҳои дӯшоӣ заминаи воқеӣ лозим аст. Дар як ё панҷ гектар замин имкони ба гунаи фаровон кишт кардани юнучқа, гандум ва дигар анвои алафҳои хӯроки чорво ва ҷуворимакка самарабахш нест. Дигар ин  ки баҳри фермаҳои чорвопарварӣ коргарони зиёде низ лозим аст. Аммо ташкили фермаҳо бо фарогирии 15-20 сар гови дӯшоӣ низ суди зарурӣ барои соҳибаш ба бор намеорад.
Бо вуҷуди ин ҳама, талошу ҷидду ҷаҳд бояд кард. Аз қавли мардум қатра-қатра оқибат дарё шавад.
Нигоҳубину парвариши чорво дар хоҷагиҳои алоҳидаи сокинони деҳот низ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чунон ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Б. Асоев иброз дошт, аксари мардуми деҳаи онҳо 1-2 ва зиёдтараш 3-4 сар гов доранд, ки аз ин шумора як дутояш шир медиҳаду халос.
- Барои нигоҳубини говҳои ширдеҳ шароит лозим,-тавзеҳ медиҳад Асоев. На ҳама одамон заминҳои фермерӣ доранд, ки дар он алаф кишт кунанд. Зимистон бояд дар  захираи мустаҳками хӯроки чорво (юночқа, хасбеда, коҳ, ғелак (пресси алаф) ва ҷуворимакка) мавҷуд бошад. Вале имконияти ҷамъоварию захираи хӯроки чорво ҳама надоранд".
- Солҳои охир аҳвол ба дараҷае вазнин гардидааст, ки ҳоло зимистон нисф нашуда, сокинони деҳот ба хариди коҳу алаф шурӯъ мекунанд,-баён медорад соҳибкор Т. Зокиров. Вақте дар бозор мебинед, ки нархи шир хеле баланд гардидааст бояд ҳайрон ҳам нашавед. Зеро, агар тобистон мардуми безамин як дарза алафи даштро ба 7-10 сомонӣ харид кунад, зимистон он ба 15 сомонӣ мерасад. Ба ин аҳвол нархи як кило шир ҳатман ба 5 сомонӣ дакка хоҳад хӯрд.
Хулас, роҳи растагорӣ ва бурунрафт аз мушкили мавҷуда то ҳанӯз дақиқан аз ҷониби Ҳукумат дарёфт карда нашудааст.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон аслан ба сифати як кишвари аграрӣ шинохта шудааст ва истеҳсоли фаровони гӯшту шир ва бо нархи арзонтар ба мардум расонидани ин маводи хеле ҳам зарурӣ вазифа ва рисолати аввалиндараҷаи  вазорати кишоварзӣ ба шумор меравад.
Аммо ҳоло воқеият ҳамин аст: дар деҳоту шаҳр аҳолӣ аз пайи ҷустуҷӯи шир ошуфтаву парешонанд. Чаро?     Суоли матраҳ аст, албатта!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)