Бахшҳо
25 янв 2013 06:29Гузориш

Ногуфтаҳое аз қабрҳои ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф"

Дар паи кашфи як гӯри ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф", ки гурӯҳаки террористии мунофиқин дар он сукунат доштанд, чанд эҳтимолро дар хусуси ин ки ин  ҷасадҳо мутаалиқ ба чӣ касоне аст, матраҳ шудааст...

Ба гузориши хабаргузории "Форс" аз Бағдод, неруҳои полиси Ироқ чанд рӯз пеш аз кашфи як гӯри ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф" дар устони Диёла, дар шаҳристони Алхолис хабар дода ва эълон карданд: ҷасадҳои мавҷуд дар ин гӯрҳо ба зарби тир кушта шуданд. Дар ин миён, иддаои гурӯҳаки мунофиқин дар мавриди ин ки ҷасадҳои муталлиқ ба аъзои ин гурӯҳак аст, ки таҳқиқоти аввалия баёнгар аз тирборони онон аст.

Ҷасадҳои ин гӯри ҷамъӣ ба зарби гулӯла кушта шуданд

Фарзияи қавитаре низ ин аст, ки раҳбарони ин гурӯҳаки террористӣ ҷасадҳои кашфшуда дар ин гӯри ҷамъиро ба зарби тир ба қатл расондаанд. Дидгоҳи аъзои шӯрои устондории Диёла ба ин фарзия наздик аст ва ба гуфтаи  онон гурӯҳаки террористии муҷоҳидини халқ теъдоде аз раҳбарон ва аъзои мухталифи худро қатл карда ва ононро дар ин урдугоҳ мадфун кардаанд.

Тобил Муҳаммад Ҳасан, раиси шӯрои устондории Диёла дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт: касоне, ки пайгири ин мавзӯъ буда ва дастандаркорони он ҳастанд, таъкид карданд, ки ҷасадҳои мавҷуд дар ин гӯри ҷамъӣ мутаалиқ ба ашхосе аст, ки ба далели мавозеъи мухолифатҷӯёна бо ин гурӯҳак, дар дохили урдугоҳи "Ашраф" қатл ва мадфун шуданд.

Аммо манобеъи курд ва туркманони Ироқ ин эҳтимолро қавитар медонанд, ки ҷасадҳои ин гӯри ҷамъӣ муталлиқ ба курдҳо ва ё туркманҳое аст, ки дар ҷарёни интифозаи соли 1991 дастгир шуданд.

Ба гуфати онон, гурӯҳаки муҷоҳидини халқ бо ҳимоят аз низоми Саддом дарсаркубии ин интифоза даст дошт, ба ин маънӣ ки афроди дастгир шуда ба урдугоҳи "Ашраф" мунтақил шуда ва бо ҳамоҳангии ниҳодҳои амниятии вобаста ба низоми Саддом, дар онҷо қатл ва тадфин шуданд, ба вижа ин ки гурӯҳаки мунофиқин дар саркӯби интифоза дар нуқоти мухталифи устонҳои  Сулаймония ва Каркук ва низ Карбало мушорикат дошт.


Гурӯҳаки террористии мунофиқин омили чанд бомбгузорӣ дар Эрон аст

Гурӯҳаки террористии мунофиқини халқ дар паи тавофуқ бо низоми Саддом барои мушорикат дар ҷанг алайҳи Эрон, озими Ироқ шуда ва дар бомбгузориҳои зиёд дар Эрон, ки ҷони афроди бегуноҳро гирифт, даст дошт. Низоми Саддом пас аз мусодираи чандин гектар аз заминҳои шаҳрвандии ироқӣ, урдугоҳи "Ашраф"-ро дар ихтиёри гурӯҳаки халқ қарор дод ва ба ин тартиб ин урдугоҳ ба маркази маҳрамонаи фаъолиятҳои ин гурӯҳак дар Ироқ ва пойгоҳи силоҳҳои сангин он табдил шуд.
Дар пай сарнагунии низоми Саддом, нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ таъмини амнияти урдугоҳи "Ашраф"-ро бар уҳда гирифтанд ва пас аз он ин урдугоҳ ба маркази терроризм ва ҳимоят аз аъзои "Ал-қоида" табдил шуд.
Аҳолии манотиқи атрофи урдугоҳи "Ашраф" таъкид карданд, ки миқдори фаровони силоҳ ва пул аз ин урдугоҳ дар ихтиёри аносури "Баъс" ва "Ал-қоида" қарор мегирифт,ки аз он барои куштори сокинони устони Диёла истифода мешуд.

Теъдоде аз аносури "Ал-қоида" дар урдугоҳи "Ашраф" омӯзиш медиданд

Бинобар гузоришҳои амниятӣ теъдоди зиёде аз аъзои "Ал-қоида" дар ин урдугоҳ омузиш дида ва дар иҷрои амалиёти куштор ва қатли мардум, аз раҳбарони ин урдугоҳ дастур гирифта ва амалиёти муҳоҷират бар асоси ҳувияти сокинони ин устонро, ҳидоят мекарданд, то ҷое ки масъулони интизомӣ дар Диёла дастури дастгирии теъдоде аз аъзои гуруҳакҳои террористии мунофиқинро, ки дар иқдомоти террористӣ даст доштанд, содир карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки устони Диёла саҳнаи ҳамалоти хунине буд, ки омилони он аъзои "Ал-қоида" бо ҳамоҳангии мунофиқин буданд ва дар ҷарёни он беш аз 50 ҳазор нафар аз аҳолии ин устон дар ҳамалоти созмонҳои ёфта қатл ва беш аз 200 ҳазор нафар низ аз он муҳоҷират карданд.

Кашфи гӯри ҷамъӣ асорори зиёдеро дар дили худ ҷой додааст

Ба ҳар ҳол кашфи гӯри ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф" муъамои мубҳамеро матраҳ мекунад, ки асрори зиёдеро дар мавриди ин урдугоҳ ва ҳаводиси ваҳшатноке, ки дар он рух додааст, дар дили худ ҷой додааст.

Урдугоҳи "Ашраф" дар нимаи даҳаи 80 қарни гузашта дар Ироқ барпо шуд ва ҳаводиси ваҳшатноки зиёдеро ба худ дида, ки ба дасти  хонаводаи Раҷуӣ қадам хурд. Раҷуӣ қудрати худро мадюни низоми Саддом буд, ба ин маънӣ ки Саддом нақши амниятии шубҳанокеро ба ин гурӯҳак бахшида ва аз он ба унвони абзоре барои куштори ироқиҳо истифода мекард. Ҳамчунин, гурӯҳаки мунофиқин абзори "Ал-қоида" ва ҳизби "Баъс" буд ва дар ҷарёни он ба куштори ироқиҳо ва неруҳои полис иқдом кард. Дар чанд соли гузашта низ теъдоде аз шаҳрвандони ироқӣ ва неруҳои полис дар шароити мубҳам нопадид шуданд.

Дар ин миён, коршиносон таъкид доранд, ки иқдомоти давлати Ироқ дар муҷозоти аъзои гурӯҳаки мунофиқин ва раҳбарони он ҳануз кунд ва суст буда ва бо вуҷуди итиҳомоти ворида ба ин афрод, гурӯҳаки террористии мунофиқин дар муқобили холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф", аз Созмони милал ва Иттиҳодияи Аврупо барои пешгирӣ аз пайгарди ҷиноии онон дар дохили Ироқ, тазмин гирифт.

Урдугоҳи "Ашраф" пас аз поёни муҳлати қонунӣ тахлия шуд

Гурӯҳаки муҷоҳидини халқ бо вуҷуди тавофуқ барои холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф", ба Иттиҳодияи Аврупо шикоят карда ва афсарони артиши Ироқро ба поймолкунии ҳуқуқи худ муттаҳам кард, дар ҳоле дар ки неруҳои амниятии Ироқ пас аз поёни муҳлати қонунӣ барои холӣ кардани  урдугоҳи "Ашраф", дастури давлати Ироқро ба ҷо дароварда ва ин урдугоҳро пас гирифта ва дар ихтиёри масъулони ироқӣ қарор доданд.

Холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф" дар ҳоле сурат гирифт, ки ин урдугоҳ дар хоки Ироқ қарор дошта ва мунофиқин аз назари қонунӣ ва расмӣ ҳеч моликияте бар он надоштанд ва ҳузури онҳо дар ин маҳал ғайриқонунӣ буд.

Манбаъ: Хабаргузории Форс







Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)