Бахшҳо

Оё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?

Ба ин суъоли Озодагон ҷавобҳо гуногун буданд, ҳарчанд меҳвари ягона дар онҳо эҳсос намуд:
Оё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?Усмон СОЛЕҲ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ
Албатта, ки интихобот дар Тоҷикистон шаффоф мегузарад, ин ҷои ягон шубҳа надорад. То ҷое, ки маълум аст, барои шаффоф гузаштани ҳамин маъракаи интихоботӣ мо тамоми заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва кадриро дорем, то интихобот шаффоф, озод ва демократӣ гузарад. Мисли ҳамаи он интихоботҳое, ки пештар гузашта буданд, ҳам интихоботи президентӣ ва ҳам парламентӣ шаффофу демократӣ мегузарад. Чун тибқи мушоҳидаҳои нозирони байналмилаливу дохилӣ, ки хулосаи худро гуфтаанд, интихобот шаффофу демократӣ гузашт ва инаш ҳам бо боварӣ гуфта метавонам, ки озоду шаффофу демократӣ мегузарад. Мо аз он қонуни ҷории интихобот қаноъатманд ҳастем. Ин дигар салоҳияти парлумон аст, ки бо овардани асосу далелҳо пешниҳоди аҳзобро барои муҳокима рад кардааст. Чун талаботи пешниҳоднамудаи онҳо ба конститутсия мувофиқат намекунад. Гузашта аз ин барои як лоиҳаро пешниҳод кардан, аз рӯи муқаррароти мавҷуда бояд як сол пеш ироа гардад. Бо чунин сабабҳо парлумон лоиҳаи қонуни тағйиру иловаҳоро рад намуд.



Шодӣ ШАБДОЛОВ, раҳбари ҲКТОё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?
Ман аз ҷавоб додан ба ин савол хаста шудаам. Ин шаффофияте, ки шумо мегӯед, ҳеч вақт дар интихобот набудааст. Баъд аз ман 62 озодаи дигар дар парламент нишаста аст, аз онҳо ҳам пурсед, чун бештар дар бораи интихоботи шаффоф хоҳанд гуфт.



Оё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?Маҳмадалӣ ҲАИТ, муовини раҳбари ҲНИТ
Барои баргузории интихоботи озоду шаффофу демократӣ имрӯз шароит фароҳам нест ва умед бастан ба ин интихоботҳо хеле ҳам амри муҳол аст. Аввал аз ҳама иродаи сиёсӣ дар ҳукуматдорони мо вуҷуд надорад ва аз соли 1994 ба имрӯз ҳукуматдорони мо тамоми интихоботҳоро аз ҳокимияти маҳал сар карда то ҳокимияти марказӣ ҳамаро бар асоси тақаллубу дуздии овози интихобкунандагон баргузор карданд. Дар оянда низ ният доранд, як чунин кореро анҷом диҳанд. Шоҳиди бевоситаи ин гуфтаҳо пешниҳод шудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентии кишвар аз тарафи кумитаи тадорукот буд ва рӯзе, ки хулосаи ҳукумат ба парлумон пешниҳод гашт, ҳамаи кумитаҳо сарҷамъ ин лоиҳаро рад карданд. Аммо дар ин интихоботи пешорӯ огоҳии сиёсии миллат боло рафтааст ва онҳо аз ҳаққи худ қатъан дифоъ хоҳанд кард.



Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раҳбари ҲУСДТОё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?
Барои интихоботи демокративу озод иродаи сиёсӣ ва моил будани раҳбарияти кишвар хеле муҳим аст. Вале агар дар мамолики муваффақ аз лаҳзаи ҷамъбасти интихоботи президентӣ ё парламентӣ ба интихоботи минбаъда омодагӣ бинанд, дар Тоҷикистон дар ин маврид мушкилот ҳаст. Аслан манфиъатдор ҳам нестанд, ки низоми мукаммали сиёсӣ дошта бошем ва бо ҳар баҳона кӯшиш карда истодаанд, то барои интихоботи демокративу озоду одилона монеъаҳо эҷод намоянд. Вале ба ҳар сурат ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ рӯҳафтода нашаванд ва бо истифода аз меъёрҳо ва усулҳое, ки аз конститутсияи ҶТ ва қонунгузорӣ бармеояд, бикӯшанд, то заминаҳои мусоид барои доир намудани интихоботи демокративу шаффоф ба вуҷуд ояд. Агар аз амалҳои ҷиддӣ худдорӣ кунем, дар ин сурат маълум аст, ки интихобот бо иштироки номзадҳои сунъӣ ва мувофиқашуда баргузор мегардад, то барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардум вонамуд кунанд, ки гӯё як интихоботи озод буд. Ба қавли мардум дили нохоҳам, узри бисёр гуфтаанд. Бинобар ин мувофиқи мақсад мебуд, ки тибқи дастури маҷлиси намояндагон ва маҷлиси олии кишвар яке аз кумитаҳо музокираи парламентӣ доир менамуду ба он намояндагони кумитаи эътилоф, ҳизбҳои вакил надошта дар парлумон ва мутахассисони марбутаи давлатро ҷалб менамуданду дар заминаи баҳсу мунозира ба як хулоса меомаданд.Вале бори чандум аст, ки бо инҳо бо ном музокираи парламентӣ доир мекунанд, вале шаклу тарзи гузаронидани ин музокирот мувофиқ намеояд. Зеро тартиби муқарраргардида риоя намешавад. Аз ин хотир мо низ метавонистем, ки аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун худдорӣ кунем, аммо бояд нишон медодем дар ҷомеа аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳое ҳастанд, ки аз сиёсат беҳтару бештар аз масъулини давлат огоҳӣ доранду эҳсоси дарки масъулият ва дарки миллӣ онҳоро водор сохт, бо чунин пешниҳод ба тарви расмӣ ба парлумон муроҷиат кунанд. Аммо чун парлумони Тоҷикистон якҳизбӣ асту пеш аз интихоб шуданд бо маъмурияти президенти Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроия мувофиқа шуда буданд, дигар амалро интизор шудан имконият надошт.



Оё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?Ҷӯра ЮСУФӣ, коршиноси масоили сиёсӣ
Таҷрибаи чандин интихоботи замони истиқлолият шаҳодат медиҳад, ки шаффофият ба меъёри интихоботҳои мо табдил наёфтааст. Ба хусус дар бисёр ҳавзаҳои интихоботӣ, аъзои кумитаҳои интихоботӣ аксаран аз тарафи ҳизби ҳоким интихоб мешаванд, ки ин шаффофиятро зери шӯбҳа мебарад. Даъвои ҳамаи он ҳизбҳои сиёсие, ки мехоҳанд дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ намояндаҳои худро дошта бошанд, ҳаққонӣ аст. Ба фикри ман ин меъёрҳо дар ҳамагуна интихоботҳои кишвар бояд шомил шаванд. Танҳо бо намоянда доштани тамоми аҳзоб дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ метавон ба шаффофияти интихоботи дар пеш истода умед баст. Дар акси ҳол боз ҳам як ҳизб метавонад тамоми интихоботро ба дасти худ бигирад ва намояндаи дилхоҳашро гузаронад. Ягона роҳ пазируфтани пешниҳоди аҳзоб дар бораи тағйир додани қонуни интихоботи президентӣ аст. Аҳзоби мухолиф бояд барои тағйири ин қонун аз имконияти худ истифода баранд.



Амир ҚАРОҚУЛОВ, раҳбари ҲАТОё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?
Ман ба таври пурра ба шаффоф баргузор шудани интихобот боварӣ дорам. Қонуни интихобот шояд ба ягон тағйиру иловаҳо ниёз дошта бошад, аммо он лоиҳае, ки аҳзоби сиёсӣ пешниҳод карданд, дорои нуқсоноти бисёре буд ва мухолифи сарқонуни Тоҷикистон буд. Дар маҷмуъ боварӣ дорам, ки интихобот дар Тоҷикистон шаффоф мегузарад.



Оё ба баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон боварӣ доред?Олим БОБОЕВ, раҳбари ҲИИТ
Намедонам инро чи тавр муҳокима кунем. Ман натиҷаи кори онҳоро пешбинӣ карда наметавонам. Интихобот чи қоидае, ки дорад, тибқи ҳамон гузаронида мешавад. Шаффофияти интихоботро ташкилотҳои нозир муайян мекунанд. Аммо дар хусуси мукаммал будани қонуни интихобот бояд гуфт, ки агар ин қонун мукаммал мебуд, аз паи он намешуданд. Ин қонунро мукаммал кардан даркор.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)