Бахшҳо
26 янв 2013 04:37Сиёсат / Интихобот - 2013

Рақиб доштани Эмомалӣ Раҳмон имконпазир аст?

Ҳарчанд то интихоби президентӣ даҳ моҳи дигар монда, ҳанӯз касе аз иштирокаш дар ин сабқати сиёсӣ дарак надодааст. Танҳо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон якуним сол қабл аз шурӯи интихобот номзадии президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод карда буд. Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди он ки мардум аз зиндагии якнавохту якранг дилгир шудаанд ва хоҳони дидани чеҳраи наве дар сари қудратанд, воқеъ шудани ин амр душвор аст. Орифи Шоҳ аз шаҳри Кӯлоб мегӯяд, "мехостам дар Тоҷикистон низ мисли давлатҳои воқеан демократии ҷаҳон муҳлати президентӣ 2 навбат - 4 солӣ ё 7 сол 1 бор бошад. Инсони солиму комил дар як мансаб тамоми 14 сол роҳбари хуб буда наметавонад. Дар як вазифа зиёд кор кардан, ҳатто дар дунё зиндагӣ кардан ҳам ҳадди эътидол дорад. Синни нафақа низ дар мансаби президентӣ ба назар гирифта шавад ва шахсоне номзадиашонро пешбарӣ намоянд, ки дар синни нафақа набошанд".
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива+" бар ин назар аст, ки то система пурра дигар нашавад, ҳар касе ба сари қудрат ояд, аз ӯ интизори тағйирот шудан мушкил аст. "Албатта, ман таҳлили амиқ надорам, ки имрӯз кӣ метавонад ин масъулиятро бар дӯш гирад. Вале ман бовар дорам, ки аз байни қариб ҳашт миллион аҳолии Тоҷикистон ҳатман шахсиятҳое ёфт мешаванд, ки мумкин метавонанд системаро дигар кунанд. Дар шароити Тоҷикистон, ки маҳалгароӣ сахт реша давондааст,  бисёр мехостам Тоҷикистон ҳам як давлати парлумонӣ бошад. Аммо, ба фикрам, ин солҳои наздик намешавад".

Шоир Салими Зарафшонфар чунин меандешад, ки бояд президент барои як муҳлат интихоб гардад. Аз нигоҳи ӯ, инсонҳои зиёде метавонанд ин рисолатро бар дӯш дошта бошанд. Мавсуф дар миёни чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ аз ҷумла, Абдумаҷид Достиев, Сайфиддин Тӯраев, Раҳматулло Зоиров ва Муҳиддин Кабириро шоистаи ин мансаби олӣ медонад.  Аммо ба гуфтаи ӯ, Муҳиддин Кабириро мебояд баъди сари қудрат омадан ҳамчун шахси ғайриҳизбӣ фаъолият кунад ва бо ҳама қишри ҷомеа муносибати баробар намояд ва ормонҳои миллиро болотар аз ормонҳои ҳизбӣ донад.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон худ эълом дошт, ки мақсади ҳизби онҳо ба сари қудрат омадан нест. Ойниҳол

Бобоназарова ин мавқеи раиси ҳизбро дуруст мешуморад. "Зеро солҳои зиёд гуноҳи ҷанги шаҳрвандиро ба сари онҳо мепартофтанд ва муқобили ислом дар ҷаҳон низ як тундгароӣ вуҷуд дорад ва тавре худи Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, мардум ба қабули онҳо ҳанӯз пурра омода нест".

Орифи Шоҳ мегӯяд, Президенти ояндаро ҳатман чеҳраи нав дидан мехоҳам. Ва ин навбат бояд шахсе дар курсии президентӣ шинад, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ягон ҷониби даргир ҳамроҳ набошад.

Ойниҳол Бобоназарова низ дар чунин фикр аст: "Мехоҳам командаи ҷавонтарҳо биёянд. На аз ин тараф бошанд, на аз он тараф. Аз як тараф бошанд, тарафи дигар норизоӣ мекунад. Саводи хуб дошта бошад, тоза бошад, ақидаҳои башарӣ, миллӣ ва диниро эҳтиром кунад".

Ӯ итминон дорад, ки ашхоси арзандаи мақоми президентӣ дар Тоҷикистон хеле зиёданд.  "Ҳатто занҳое дорем, ки соҳаи иқтисодиётро хеле хуб медонанд. Дониши мукаммал доранд. Дар хориҷа кор кардаанд. Имрӯз бо мардум кор мекунанд. Дар Афғонистони ҷангзада хонум Куфӣ номзадии худро ба мақоми президентӣ гузоштааст.


Дар Покистон вазири корҳои хориҷиаш зани 34-сола аст ",- мегӯяд ӯ.
Ойниҳол Бобоназарова умедвор аст, ки мумкин дертар номзадҳо пайдо шаванд ва барномаашонро манзур намоянд. Зеро дар байни ҳизбҳо машварату суҳбатҳо идома дорад. "Аммо дар шакле, ки имрӯз қонуни интихобот аст, агар дигаргунӣ ворид нашавад, ҳатто беҳтарин нафар бо ин қонун ғалаба намекунад. Қонуни интихобот танҳо ба фоидаи ҳамон ҳизби ҳоким аст".

Ӯ мегӯяд, бадбахтии мо дар он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр суст аст. Зиёиён заифанд, садо баланд намекунанд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳам аз ҳамон гуна зиёиён иборатанд. Вақте маъракаи интихобот оғоз мешавад, баъд онҳо каму беш ба ҷунбиш меоянд. Бисёр муҳити танг аст.  Дар тамоми дунё ҷомеаи шаҳрвандӣ аз болои фаъолияти ҳамаи сохторҳо назорат мекунад. Дар мо гарчанд дар қонунҳо ҳам бошад, онҳо назорат карда наметавонанд. Ҳатто шахси арзанда овоз ҳам гирад, ман бовар намекунам, ки овозҳо ба ӯ дода шавад.


Аммо миёни ҷомеа чунин ақидае низ ҳаст, ки чеҳраҳои дигари сиёсиро мардум, хусусан дар минтақаҳо камтар мешиносанд ва аз ин хотир, дар гумон аст, ки ба ӯ овоз диҳанд. Онҳо мегӯянд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ, ки мардум бештар ба онҳо дастарӣ доранд, танҳо фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон тарғиб мешавад ва ин ба афкори ҷомеа бетаъсир нахоҳад буд.

Шоир Салими Зарафшонфар мегӯяд, Барак Обамаро низ қабл аз президент интихоб шуданаш кам касе дар Амрико мешинохт. Вале ӯ тавонист, ки барномаашро ба мардум пешниҳод намояд, худро дар сатҳи шоиста муаррифӣ кунад ва пирӯз гардад. Агар ба номзадҳои мо низ чунин имкон фароҳам оранд, метавонад дар маъракаҳои интихоботӣ худро ошно созанд. Ойниҳол Бобоназарова иттилои комил надоштани мардум аз сиёсатмадоронро низ ҷурми ҳукумат медонад. "Ҳукумат бояд шахсиятҳои арзандаи ҳизбҳои сиёсиро низ ба вазифаҳои гуногун таъин кунад ва дар муаррифии онҳо саҳм дошта бошад. Бо сесад ҳазор қувваҳои НАТО натавонистанд дар Афғонистон толибонро нобуд созанд. Имрӯз бо онҳо гуфтугузор мекунанд, то як ҳукумати коалитсионӣ ташкил диҳанд. Ин исботи он аст, ки бо қувва, силоҳ ва ҷанг намешавад. Мо бояд бо ҳамаи неруҳо, ҳатто қувваҳои радикалӣ кор кунем ва онҳоро солим намоем. Ҷомеа бо ақидаҳои гуногун пеш меравад, бояд фишор набошад", - мегӯяд ӯ.

Воқеан, мардум мунтазири баргузории интихоботи шаффофу одилона ҳастанд, вале то куҷо ин умедҳо бароварда мешавад, вақт нишон хоҳад дод.


Ситораи РАВШАНӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)