Бахшҳо
26 янв 2013 04:56Иқтисодӣ

Тилои Тоҷикистон чи қадар арзиш дорад?

Дар соли 2012 захоири тиллои Бонки миллии Тоҷикистон 972 миллион доларро ташкил додааст, ки 170,4 миллион доллар зиёдтар аз соли 2011 аст. Ҳаҷми захоири тиллои Тоҷикистон аз тиллои пулӣ ва ғайрипулӣ иборат аст. Тиллои ғайрипулӣ ин ҳаҷми захоири тиллоест, ки полоиш шуда, вале гавоҳиномаи байналмиллалӣ дарёфт накардааст.Полоише, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад, дорои гавоҳиномаи байналмиллалӣ нест, аммо ин масъала дар ояндаи наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.

Тиллои Тоҷикистон кофист?
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми захоири тилло имрӯз 11 тон мебошад.Захоири тиллои кишвар дар БМ ва дар бонкҳои Амрикову Аврупо нигоҳдорӣ мешавад, ҷое, ки БМ онҷо низ ҳисоб дорад. Аммо суоли матраҳ кофӣ будани ҳаҷми тиллои кишвар аст.

Абдуллоҳи Ашур таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар ин маврид мегӯяд, ки тилло ҳамон қадар зиёд бошад, боз ҳам кам аст ва ҳаҷми тиллои Бонки миллии Тоҷикистон  кофӣ нест. Ба гуфтаи номбурда, захираҳои тилло дар беҳтарин сурат бояд куллияи пули миллии дар кишвар бударо пӯшонад. Яъне БМ бояд ба ҳар як варақи сомонӣ тилло дода тавонад.

"Вале тавре мебинем ҳатто доллар бо тангаҳои тилло таъмин нашудааст. Миқдори доллар дар ҷаҳон аз захираҳои тиллои Бонки марказии Амрико чандин маротиба зиёд аст. Фонди федеролӣ бошад ҳар гоҳе хоҳад пули доллар чоп мекунад. Бинобар миқдори ҳаҷми пули сомонии дар гардиш буда бо захираҳои тилло баробар нест".

Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, ки захираҳои тиллоиву асъории БМ мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бояд барои таъмини семоҳаи гардиши содироту воридот кофӣ бошад. Чун дар ҳолати аз 3 моҳ кам шуданаш, дар иқтисодиёт ҳолатҳои ногузир ба монанди зиёд шудани қурби асъори миллӣ рух медиҳад ва дар ҳолати аз ҳад зиёд гаштани ин меъёр ҳам ба иқтисодиёт таъсири бештар манфӣ мерасонад.

"Ҳаҷми захираи тиллоиву асъорӣ агар камчин бошад, барои мӯътадил гузаронидани амалиётҳои асъорӣ ба монанди воридоти мол ва ҳисоботи он, аз тарафи давлат иҷро кардани вазоифи худ дар назди қарздорони худ, рӯйпуш кардани қарзу ҳисобҳо ва пардохт кардани фоизи онҳо коҳиш меёбад. Ин боис мешавад, ки Тоҷикистон аз дидгоҳи сармоягузорони хориҷӣ метавонад ҳамчун давлати қобилияти пардохтпазирии худро гум карда шинохта шавад", гуфт Баҳром Шарипов. Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ дар ин ҳолат ҳаҷми амалиётҳо метавонад кам шавад. Ин кам шудани амалиётҳо боиси коҳиши воридоти мол мешаваду нархи молҳо дар бозори дохилӣ эҳтимол афзоиш меёбад.

Инак мақсади асосии БМ то се моҳ баробар намудани ҳаҷми тиллост, ки ба меъёр бояд баробар бошад. Агар аз меъёр баланд бошад, натоиҷи манфӣ меорад. Ба монанди аз меъёр зиёд шудани қурби сомонӣ, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ таъсири манфӣ мерасонад. Кам шудани истеҳсолоти ватанӣ ба кам гаштани маош ҳам оварда мерасонад. Дар ин ҳолат вазоифи иҷро намудаи давлат номукаммал мемонад. Бо таваҷҷуҳ ба он ки ММД ҳар сол зиёд мешавад, захоири тилло низ бояд афзоиш ёбад.

Захоири тилло воридотро намепӯшонад
Соли 2012 содироти Тоҷикистон як миллиарду як саду шаш миллион долларро ташкил дода, воридот се миллиарду 11 миллион доллар ва тавозуни савдои кишвар як миилиарду 905 миллион доллар шудааст. Дар соли 2011 содироти Тоҷикистон 1 милларду 47 миллион долларро фаро гирифт. Воридот 2 миллиарду 613 миллион долларро дар бар гирифт ва тавозуни савдо ба 1 миллиарду 566 миллион доллар расид. Бо таваҷҷуҳ ба ин омор тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар қиёс бо давраи соли гузашта 338 миллион доллар манфӣ баромадааст. Ин оморҳо ҳокӣ аз он аст, ки ҳаҷми тиллои Тоҷикистон дар баробари воридоти кишвар ҳеч аст.

Тоҷикистон набояд ба тиллояш дил хуш кунад
Аз оғози бӯҳрони молии ҷаҳонӣ 4 сол мегузарад ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҳануз нопойдор аст. Чанд рӯз қабл Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд ҳушдор дод, ки агар барои ҳифзи рушди иқтисодӣ иқдоме сурат нагирад, роҳи рушди минбаъда мӯътадил нахоҳад буд. Аз ин рӯ, захоири тилло бояд дар баробари қарзи хориҷӣ ва буҷет низ болотар бошад.

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки захоири тиллои кишвар бояд ними буҷети мамлакатро ташкил карда тавонад. Агар захоири арзиву тиллоии Тоҷикистон 50 - 60 дарсади яксоларо ташкил карда тавонад, дар он сурат Тоҷикистон метавонад қарзи хориҷии бештаре гирад.

"Ин нишондиҳандаи хубе аст агар захоири арзиву тиллои Тоҷикистон аз 900 миллион доллар убур кунад. Вале ин ба ҳамон буҷет вобаста аст. Чун даромади молии буҷет бештар аз пардохтҳо, минҷумла пардохтҳои молиётӣ ва гумрукӣ вобаста аст на хидматрасониҳо. Аммо ман ба кифоя будани захоири тиллои кишвар розӣ нестам", изҳор дошт Зулфиқори Исмоилиён.

Ин таҳлилгари масоили иқтисодӣ ба унвони далел аз тарози манфии савдои берунаи Тоҷикистон далел оварда гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ аст. Чунончи солона ҳудуди 3 миллиард доллар мол вориди кишвар мегардаду танҳо 1 миллиард доллар коло ба берун содир мегардад. Ба ҳамин хотир тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон манфӣ аст.Зиёд гаштани захоири тиллову арзии Тоҷикистон ҳам бештар аз даромадҳои холиси доллар аз муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст.

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки захоири тиллои Тоҷикистон аз ин ҳам бояд бештар шавад. Чун бо зиёд будани тилло он миқдори зиёдатияш метавонад барои пардохти қарз истифода бурда шавад. Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, ки ҳар чи қадар ҳар сола истеҳсоли тилло дар кишвар зиёд шавад, ҳамон қадар ба иқтисодиёти Тоҷикистон кумаки иловагӣ мешавад.Барои ҳамин конҳои Тоҷикистон дар оянда захоири рушди иқтисоди кишвар хоҳад шуд.

"Барои истифодаи конҳои тилло дар Тоҷикистон маблағҳои калон лозим аст. Дар ҳамин қобилияти гидроэнергетикии кишвар, сохтмони як Роғун маблағи зиёдеро талаб мекунаду вақти зиёдеро мегирад.Ҳамаи конҳои тиллову ангишт маблағи зиёдеро талаб мекунанд", илова намуд Баҳром Шарипов.

Ба гуфтаи иқтисоддонон сиёсати ҷалби маблағҳо дар Тоҷикистон барои истихроҷи конҳои тилло ҳанӯз ҳам номукаммал аст. Зеро дар соли 2012 ҷалби сармоя ба Тоҷикистон 650 миллион долларро ташкил дод, ки бештари он дар шакли қарзу грант мебошад.

Аммо БМ ҳаҷми асъори ба муомилот воридкардаи худро дар соли 2012 нисбат ба як соли пеш 12 дарсад афзоиш додааст.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)