Тунис: Технократҳо ба сари қудрат меоянд
Нахуствазири Тунис бо вуҷуди мухолифатҳои шадиди Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар ба ташкили ҳукумати текнократ таъкид намуд. Бино ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, Ҳамадӣ Ҷиболӣ, нахуствазири Тунис аснои сӯҳбат бо хабарнигорон ба ташкили ҳукумати ғайриҳизбӣ таъкид намуда, гуфт, тасмимаш дар мавриди таъсиси ҳукумати текнократ заминаеро барои ташкили ҳукумати ҷадид фароҳам месозад.
Нахуствазири Тунис аз эълон аъзои ҳукумати ҷадидаш худдорӣ намуда, афзуд, ин иқдоми ман ниёз ба мувофақати маҷлиси муассисон надорад: “Зеро ман ҳукуматро мунҳал
накардаам. Балки тамоми аъзои онро тағйир додаам”.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар ва оқои Ҷиболӣ низ ба узвияти он шомил аст, бо ин тасими нахуствазири кишвар шадидан мухолафат дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |