Бахшҳо
12 фев 2013 08:39Гузориш

Робитаи Эрон ва Миср киро ошуфта мекунад?

Миср барои солҳои тӯлонӣ шарик ва муттаҳиди Арабистон, Исроил ва Амрико буда, аз ин рӯ ин се нигаронанд дар сурати пайванди наздики Теҳрон ва Қоҳира, имкони пешбурди манофеи онҳо монанди собиқ имконпазир набошад...

Суқути Муборак поёне бар оромиши Амрико ва Исроил ва низ Арабистон ва Қатар дар бораи вуҷуди мувозинаи қудрат дар Ховари Миёна буд. Аз ин рӯст, ки ин рӯзҳо ҳар гуна мулоқот ва муколамае миёни сарони Эрон ва Миср, ин кишварҳоро барошуфта мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, зоҳиран нигаронии Амрико ва Исроил ва бархе муттаҳидони минтақаии онҳо, ҳамчун Арабистон ва Қатар дар бораи таҳаррукоти Эрон, тамомӣ надорад. Онҳо ҳар рӯз ба баҳонаи тарс аз дасисачинии Эрон, дасисае алайҳи Ҷумҳурии исломӣ тартиб медиҳанд!

Ин бор низ ҳамагӣ даст ба дасти ҳам додаанд, то ба ҳар роҳи мумкин монеъи гарм шудани равобити Теҳрон ва Қоҳира шаванд, Барои расидан ба ин ҳадаф низ аз ҳар даре ворид мешаванд ва ҳар кадом ба фарохури шароит ва нигарониҳои худ, Эронро муттаҳам ба чизе мекунанд, ки ба гумони онҳо, бе рафту баргашт метавонад, теша ба решаи равобити навпои ин ду кишвар бизанад. Аз ин рӯст, ки ба гумони онҳо ибрози тамоюли мақомоти ду тараф барои барқарории робита, сирфан бар меҳварҳои ихтилофи Эрон ва Миср мутамаркиз мешаванд ва доиман ба рӯи онҳо монёвр медиҳанд.

Дар ин миён, иқдоми амрикоиҳо бисёр ҷолиб будааст. Онҳо сирфан ба тамаркуз бар рӯи ихтилофоти Теҳрон ва Қоҳира басанда накарда ва ба маҳзи рӯи кор омадани Муҳаммад Мурси, раиси ҷумҳури Миср, бо дахолат дар умури дохилии ин кишвар, ба мақомоти мисрӣ тавсия мекунанд, ки дар барқарории робита бо Теҳрон шитоб ба харҷ надода ва бо гумоназанӣ пеш бираванд. Амрикоиҳо илова бар ин, барои ба таъхир андохтани робита бо Теҳрон, фаъолиятҳои худ дар ин заминаро аз тариқи бархе тарафҳои арабӣ низ тавсиъа додаанд. Барои ин манзур , Амрико ба кӯмаки Исроил ва эҷоди тарс аз Эрон ва густариши мазҳаби шиъа дар Миср рӯй оварда ва ҳассосияти дастгоҳҳои амниятии ин кишвар ба ин мавзӯъро афзоиш додаанд.

Албатта ин дасисачинӣ марбут ба замони кунунӣ нест ва аз гузашта ҳанӯз шудааст. Дарвоқеъ, Амрико ва Исроил ба манзури поён додан ба тазод ва даргирии ҳамешагии аъроб ва Исроил, кӯшиданд навъе эътилофи ғайрирасмӣ миёни Исроил ва чанд кишвари арабӣ алайҳи Эрон, падид оваранд. Барои ин манзур ду меҳварро дар рафтори сиёсӣ ва таблиғотии худ мадди назар қарор доданд. Яке, меҳвари доман задан ба ихтилофоти мазҳабии шиъа ва суннӣ, то чунин вонамуд шавад, ки Эрони шиъа ба дунболи густариши мазҳаби шиъа аст ва барои ҷаҳони тасаннун таҳдид ба шумор меояд, бинобарин ҷавомиъи суннимазҳаб бояд бо ҳам муттаҳид шаванд ва пеши роҳи густариши нуфузи Эронро бигиранд. Барои ҳарчи муваффақият омезтар будани ин руйкард, онҳо кори сиёсиро бо фаъолияти таблиғотӣ ҳамроҳ карданд ва барои суръат бахшидан ба таъсиргузории рӯйкарде, ки дар пеш гирифта буданд, тақвияти ҷараёнҳои салафӣ ва такфирӣ дар минтақаро дар дастури кори худ қарор доданд. Албатта, дар ин роҳ, Арабистон ва Қатар низ аз ҳеч талоше фуругузор накарданд.

Робитаи Эрон ва Миср киро ошуфта мекунад?Меҳвари дуюм дар ин пружа, эҷоди тарс ва нигаронӣ миёни аъроб аз қудрати низомии Эрон будааст, ба тавре ки вонамуд шавад, қудрати низомии Эрон ва густариши нуфузи он дар минтақаи Халиҷи Форс, ба зиёни кишварҳои арабӣ аст. Ҳатто мавзӯъи ҳастаии Эрон, ки барномае сулҳомез аст, дар афкори умумӣ ба навъе баён шуда, ки гуё ин фаъолиятҳо сирфан як пружаи низомӣ барои таҳдиди кишварҳои арабӣ аст, на Исроил.

Ба ин тартиб, тайи солҳои ахир, ин кишварҳо хароҷот ва вақти бисёре бар рӯи ду меҳвари эронҳаросӣ ва шиъаҳаросӣ сарф карданд. Дар шароити кунунӣ низ, ки сарнагунии Ҳусни Муборак муҷиботи наздикии равобити Теҳрон ва Қоҳираро фароҳам сохтааст, Амрико ва Исроил ба кӯмаки Арабистон ва Қатар дар талошанд, бо илқои ин иттиҳомот, равобити Эрон ва Мисрро пеш аз шаклгирӣ, латмадор кунанд.

Иллати ҳамаи ин таҳаррукот низ дар як муаллифа хулоса мешавад ва он барҳам хурдани мувозинаи шиканандаи қудрат дар Ховари Миёна аст. Дарвоқеъ, беҳбуди муносибот миёни Ҷумҳурии исломӣ ва Миср метавонад дар дарозмудат ба маънои тағйири тавозуни қувваҳо дар Ховари Миёна бошад.

Миср барои солҳои тӯлонӣ шарик ва муттаҳиди Арабистон, Исроил ва Амрико буда, аз ин рӯ ин се нигаронанд дар сурати пайванди наздики Теҳрон ва Қоҳира, имкони пешбурди манофеи онҳо монанди собиқ имконпазир набошад. Ба вижа, аз назари сиёсатмадорони саъудӣ, исроилӣ, амрикоӣ ва қатарӣ, минтақаи Ховари Миёна пас аз суқути Саддом ва ивазшавии қудрат дар Миср, беш аз ҳар замони дигаре ба арсаи якатозии эрониҳо табдил шудааст.

Пеш аз инҳо, дар як даҳаи гузашта ба Мисри замони Муборак ба унвони вазнае дар баробари Эрон менигаристанд, ки метавонад ҷои холии Саддом Ҳусейнро пур кунад. Ба ҳамин далел, тағйироти рухдода дар Миср, заминаи нигаронии шадиди ҳамаи онҳоро фароҳам кардааст. Шояд ба ҳамин далел аст, ки ҷанҷоли таблиғотии ин кишварҳо алайҳи он чӣ дахолати Эрон дар авзоъи дохилии кишварҳои арабӣ мехонанд, бидуни вақфа идома пайдо карда, то аз ин тариқ ҳимояти дигар ҳукуматҳои араб алайҳи Эронро ҷалб кунанд.

Ба ҳамаи ин авомил, камранг шудани таъсиргузории Амрико дар Ховари Миёнаро низ бояд афзуд, то дарёфт то чӣ андоза мақомоти саъудӣ, исроилӣ ва амрикоӣ аз тағйир ва чархиши мисриҳо дар баробари Ҷумҳурии исломӣ барошуфтанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)