Баррасии даъвои духтари Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон дар додгоҳи Париж ба нафъи хабаргузории Rue89.com ба анҷом расид.
Ин даъвои духтари президент, нисбати расонаи интернетӣ, ки падарашро диктатор хондааст, сурат пазируфта, тӯли бештар аз 20-рӯз идома дошт. Маврид ба тазаккур аст, ки Лола Каримова-Тиллоева аз ин расона ба андозаи 30 -ҳазор евро зарари маънавӣ талаб карда буд. Муаллифи мақола Оугустин Скалбер президенти Ӯзбакистон Каримовро «диктатор» хонда, ҳамчунин гуфта буд, ки духтарони ӯ бо додани пора ва сарпарастии чорабиниҳои хайриявӣ кӯшиши пӯшонидани ҳолатҳои қатли оми Ислом Каримовро мекунанд. Дар мақолаи Оугистин Скалбер ҳамчунин пардохти маблағи ҳангуфти 190- ҳазор евро ба ҳунарманди шинохтаи синамо Моника Белуччи низ хабар дода шуда буд. Дар ҳамин ҳол, хабарнигор бар ақидааш устувор буданашро борҳо иброз намуда гуфтааст, асноди зиёде дар даст дорад, ки барои «диктатор» хондани Ислом Каримов асоси ҷиддӣ мебошад.
Аммо додгоҳи Париж баъд аз таҳқиқи қазия гуфт, ибораи “духтари диктатор” дар нисбати Лола Каримова-Тиллоева ҳеч тӯҳмате надорад. Журналист Оугустин Скалбер пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ эълом дошт, ки ҳоло дигар бо иҷозаи суд вай Лоларо ҳамоно «духтари диктатор» хоҳад навишт. {jathumbnail off}
Мӯҳр