Бону Комилзода афзуд: «МегаФон-Тоҷикистон” дар миёни 13 тими масъулони иртибот бо ҷомеа ва PR-и ширкатҳои бонуфузи давлатҳои АвруОсиё ба мисли Австрия, Олмон, Қазоқистон, Русия сабқат карда, ба ин ҷойза сазовор дониста шуд..
Гуфта мешавад, Кармен Еткеева ва Шаҳноз Комилзода, масъулони иртибот бо ҷомеа ва PR-и ширкати МегаФон-Тоҷикистон, дар ин озмун ширкат доштанд. Ба озмун лоиҳаи “Рӯзҳои МегаФон” дар бахши “Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ” пешниҳод карда шуда буд, ки сазовори ҷойизаи миллӣ шуд.
Ҷоизаи миллӣ оид ба иртибот бо ҷомеа (PR)-и "Камонвари нуқрагин"-ро хабаргузории РИА “Новости” ҳамасола миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо баргузор мекунад, ки аз бонуфузтарин ҷоизаҳо дар ин соҳа ба шумор меравад.
Ҷоизаи милли Русия аз як бахш иборат буда, таҳти унвони "Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ", ки хоси кишвархои пешрафта аст, ҳамасола аз соли 1997 инҷониб баргузор мешавад.
Маврид ба ёдоварист, озмуни ҷоизаи миллӣ оид ба иртибот бо ҷомеа (PR) рӯзҳои 14-ум ва 15-уми феврали соли равон дар шаҳри Маскав баргузор гардид.
Мӯҳр