Дар кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқоти сармоягузорони қазоқ, намояндагони ҷамъияти саоҳҳомии «МУНАЙАСПАП» ва департаменти «Kaznex Invest» баргузор гардид.
Ба иттиллои маркази матбуотии кумитаи мазкур, масъулини департаменти «Kaznex Invest» зимни мулоқоташон бо намояндагони нн кумита, қайд намуданд, ки сармоягузорони қазоқ тайи 5 соли ахир бозор, иқтидор ва имкониятҳои Тоҷикистонро омӯхта, аз ин лиҳоз ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти кишвар тасмим гирифтанд. Дар кумитаи мазкур оид ба фазои сармоягзорӣ, ислоҳотҳои гузаронидашуда дар хусуси беҳтаргардонии шароити рушди тиҷорат, қонунгузории Тоҷикистон дар самти танзимукнии фаъолияти сармоягузорӣ, лоиҳаҳои сармоягзорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, барои ҳамкорӣ бо сармоягузорони қазоқ, маълумот пешниҳод гардид. Дар ин ҳамоиш сармоягузорони қазоқ роҷеъ ба масъалаи бароҳмонии ҳамкориҳо дар аксарияти соҳаҳои иқтисодиёт, аз қабили истихроҷи маданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ, энергетика ва мошинсозӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд. {jathumbnail off}
Мӯҳр