Имрӯз, 23 феврал дар Тоҷикистон 20 солагии қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҷлил мегардад.
Бахшида ба 20 умин солгарди артиши миллӣ дар шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ гузашт, ки дар он наздики 10 ҳазор афсару сарбоз ширкат доштанд. Ба иттиллои масъулини Вазорати мудофиа бори аввал дар таърихи истиқлолияти кишвар дар паради ҳарбӣ занони низомӣ иштирок карданд. Инчунин дар баробари афсарону сарбозони вазорати мудофиа дар паради тантанавӣ кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, Оҷонсии мубориза бо фасод ва Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ширкат варзиданд. Парад бо суханони табрикотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Эмомаӣ Раҳмон оғоз гардид.
Масъулини Вазорати мудофиа мегӯянд парад таҳти фармондеҳии сардори гарнизони Душанбе, генерал майор Латиф Файзиев гузашта, онро вазири мудофиаи кишвар, Шералӣ Хайруллоев қабул кард.
Мӯҳр