Бахшҳо
25 фев 2013 08:57Фарҳангу адаб

Мӯзаҳо

Соли… 1994 буд ё шояд 1995. Не, ҳоло дақиқан намеояд дар ёдам. Дуруст айёми ҷанг буду шӯру валвала. Харобӣ буду вайронӣ, чашмҳои пуроб буду лабҳои парсингбаста. Шикамҳои гурусна буду нони зағора, ҳатто сабӯсчизе аз фурӯхтанӣ намонда андар хона. Ҳарчи аз моли зинда буду колои андак баарзиш рафт бар бозору бар савдо. Ростӣ, ҳич ашёи чашмгир намонда буд андар ҳавлии чун орзуҳои беохири мову фарзандонамон ва ҷумла мардуми деҳи васеву бузурги мо. Субҳе бо чашмони ҳаросон бедорам кардиву гуфтӣ:

- Бихез, чизе биёбу бубар бар бозор, кӯдакҳо қариб аст то аз гӯшнагӣ… по дароз кунанд. Ҳичи андешаи инҳора дар сар дорӣ?
Ва ба ҷогаҳу бистарҳои дарози ба ҳам ҷавс, ки андарунашон каллаҳои тифлонамон аранге намоён гашта буд, нигоҳи дароз дӯхтӣ. Нигаҳи маломол аз ғаму ҳасратҳо.

Ва қад ёзондаму аз ҷогаҳ баланд шудам. Дар дарун садои мурғон буду хурӯсон, зиндагӣ дар охири фасли тирамоҳ ба кундӣ дар ҷараён буд. Бӯи сардӣ меомад аз дуриҳо, шояд аз сӯи кӯҳҳо ва ҳам бӯи навмедӣ ва ҳаросу марг ва пажмурдагию хазонрези ҳаёт. Ҳар куҷо чашмам афтид, кофтаму зеру рӯ кардам. Чизе ба каф наомад. Мағзам карахт мешуду хун дар шарёнҳои баданам наздик буд, ях мебаст. Афкорам оҷизу нотавон, аслан ҳаракате надошт, то хаёли кори дигареро ҷилав гирам. Ва сарафканда даромадам ба хона. Тирагиву сиёҳӣ фавҷ-фавҷ бар чашмонам сар медароварданд, ба даҳонам, ба гӯшҳоям. Ин зулмот аз куҷо? Рӯзи сиёҳ аз куҷо? Овозе ҷигарсӯз, ки пардаҳои гӯшу диламро сурох-сӯрох карда гузаштанд, омад зад туи мағзам:
- Имрӯз ҳам нон намеорен? Дина ки наоварден. Охи, зағораву сабӯс ҳам боша…

Аз нигоҳи пурҳасрати духтарчаам Зулола эҳсоси дарде дар қалбам нуфуз кард. Ҷонам, ту гӯи омад ба ҳалқам. Оташи шарм чеҳраамро фаро гирифту сӯхтам.

Аз хонаи шафат садои ту баланд гардид:
- Оташ, биё ин ҷо. Ёфтам як чиз. Ворид гардидам ба хонаи дигар, ки бас сарду мартуб буд.
Наздики сандуқ рост истода будӣ ва куртаву либосҳои бисёреро таҳ мекардию дубора мегузоштӣ дар он.
- Ана, бигир ин ашёи Худододаро,-ҷуфти мӯзаҳоро аз сандуқ бигрифтию нишон додӣ ба ман. Бигиру бубар, мефурӯшӣ ё ивазаш мекунӣ ба нон ё орд. Кори туст. Бархезу биштоб.

Аҷаб, аҷаб! Мӯзаҳо, мӯзаҳои ман. Мегирам онҳоро ба дасту мепалмосам. Хира мешавам ба мӯзаҳо, мӯзаҳои сип-сиёҳи муҷалло. Алъон ёдам омад, ҳо, ҳо ёдам омад, ки он мӯзаҳо аз куҷост? Мӯзаҳои афсарии олмонӣ, мӯзаҳое, ки ҳинни хидмати тарҷумонӣ андар шаҳри Тирмиз бароям дода буданд. Як ҷуфт ба ҳангоми саршавии хидмати афсарӣ дода буданд, ҷуфти дигар (ҳаминҳое, ки дар сандуқ маҳфуз будаанд) соли дувум арзонӣ доштанд ба мо. Ин ҳамон мӯзаҳои афсарии Тирмиз аст. Чаро боре аз онҳо ёдам наомад? Мӯзаҳо-неъмати нодиру бебаҳо, бозёфти ҳамсари азизам!

Инак, мегирамашон ва ба халтае ҷо мекунамашон ва ҷома бар тан мекашаму мебароям ба роҳ, то бирасам ба бозори маркази ноҳия. Тезтар, тезтар бояд мӯзаҳоро фурӯхт, бояд пайсае ба даст овард, бояд нон ё орд харид. Бояд… бачаҳоро аз гуруснагӣ раҳо кард! Бояд!

Ва то шоҳроҳи асосӣ, ки мошинҳо аз он ҷо сӯи шаҳр ҳаракат мекарданд хеле фарсахҳост. Аз тангкӯчае Усмони муаллим (ҳамкори дар синну сол бузургтар аз ман) мебарояду ҳамроҳ мешавад бо ман. Як халтаи фаҳул дар даст дорад. Мегӯяд, ки андаруни он шинели даврони хизмати сарбозияш мавҷуд аст.
- Чизе намонд дар хона,-мефаҳмонад вай, ки дар сар тоқии бас куҳнаву рангпаридае дораду гӯшҳояш аз сардӣ арғувониянд. - Кофтаму кофтам, ҳамин шинелро ёфтам, наппа-нав аст. Яке касе мехаридагист, зимистон дар пеш аст, охир! Ҳо, ҳо, ҷӯра, чизе намонд дар хона, ҳамааш рафт. На гов монду на гӯсола, на буз монду на бузғола. Худат куҷо равонаӣ?-мепурсад вай.

Мефаҳмонам ба ӯ, хурсандем ҳарду.
- Худо кунад, ки бахтамон тофта, ин колоҳоямонро бифрӯшем, вагарна…
- Ҳоламон чатоқ мешавад,- ба сухан идома медиҳам ман. Ҳо, ҳо, бади бад…

… Ва мерасем ба бозор ва каноре мебарему мегузорем молҳоямонро, рӯи халтаҳо. Усмон илло шинели сарбозии кабудфом, як покуи куҳнаеро мегузорад рӯи халтааш ва ман мӯзаҳоро. Мӯзаҳои сиёҳандуду наву муҷаллои афсарии ман. Мӯзаҳои чармаш холис! Мо менигарем ба умед ба мардум, ба харидорон. Аммо касе на ба мо таваҷҷуҳ мекунаду на ба шинелу покуву мӯзаҳоямон. Гоҳ-гоҳе касе нимнигоҳе меафканад ва дарсоат ба роҳаш идома медиҳад. Усмон, дигар тоқаташ тоқ шуда, садо баланд мекунад:
- Ҳой мардум! Марҳамат поку, шинел! Мӯза бихаред, мӯза аз чарми тоза, гермонӣ афсарӣ.

Касе ба молҳои мо вопас назар накард. Рӯз тадриҷан нисф шудаву гуруснагӣ чун деве сиёҳ ханҷол мезад ба шикамҳо. Ва боз сардие, ки сару танро шамолаш сӯзонда мегузашт. Оқибат 5-6 нафар низомии либосҳои ало-булои ҷангалӣ бар тан, ки он айём "болшевикҳо" меномидандашон назди мо пайдо гардиданд. Яке аз онон, ки қадбаланду фарахшона буду чашмони калон-калони беҳисе дошт, даст ба мӯзаҳо бурд.
- Чанд сум мӯзаҳо?
- Чанд мегӯед Шумо?
- Ту аввал ба ман бигу, ки ин мӯзаҳоро аз куҷо ёфтӣ?-кунҷковона пурсид он "боевик".
Ман онҳоро наёфтам балки вақти хизмат…
- Кадом хизмат? Чиҳо мегӯӣ?- ба ҷавоби ман эътиборе надода шӯрида рафт вай. Хайр, ладна, ба чанд сум медиҳӣ?
- 20 000 рубл. (пули беқубри он солҳо дар назар аст)-посух додам ман.
- Ну, ладно,- бо забони омехтаи руси ғуррид "боевик" ва мӯзаҳоро бардошта, батаанӣ ба ин сӯву он сӯяш наззора кард. Ва ботинкаҳояшро бароварда, мӯзаҳоро ба по пӯшиданӣ шуд. Як мӯза ба пояш хуб мувофиқ омад, вале дуюмаш гӯё наомади кор бошад, ҳеҷ не ки ба пояш ҷо шавад. "Боевик" ҳарчанд саъй кард, мӯза ба пояш ҷо нагирифт.

- Интересна,- ҳайроннамо пичирос зад вай ва тагчарми мӯзаҳоро бароварда, ба онҳо нигарист.
- Ҳа, ана гап дар куҷо будааст,-ҳанӯз ҳам аз тагчарми мӯзаи дуюм наканда хитоб кард вай. Фиребгар, машенник, дузд,-якбора овоз баланд бинмуд "боевик". Ту киро фиреб медиҳӣ? Бигӯ киро гӯл мезанӣ?
- Ман намефаҳмам? Гап сари чист?-тааҷҷуб кардам ман.
- О, ин мӯзаҳо яктоаш размери 42 будаасту дигараш 41. Маҳ, бубин… вай мӯзаҳоро ба таги бинии ман наздик овард. Ва маро ҳеч боварам намеомад, ки ин ҳама воқеият аст.

- Акнун бигӯ! Аз куҷо дӯздидаӣ ин мӯзаҳоро?
- Надуздидаам ман,- фаҳмонданӣ шудам. Охир хизмати афсариро дар Афғонистон, баъдтар дар Тирмиз ба ҷо овардам ман. Мефаҳмед, ё не? Ин мӯзаҳои афсарӣ аз ҳамон хизмат нишонаанд. Аммо…
Онҳо ба шӯру ғазаб омада, аз дастонам кашида, ба мушту лагадкубиям шӯруъ карданд. Ман ҳарчанд муқовимату муқобилият нишон доданӣ мешудам, асаре надошт. Охир аз даҳону биниям хун шорида, ҳолам андак-андак бад шудан гирифт. Баъд… дигар чизеро ба хотир надорам. Як ҳангоме:
- Хез, ошно, хез,- гуфтани Усмон маро ба худ овард. Мехостам, бархезам, наметавонистам, гӯӣ миёнам бишкаста бошад. Интиҳо бо азоби алиме, бо ёрии Усмон ба зӯр бархостам зи ҷо ва ногаҳ чашмам ба мӯзаҳо, ки пеши поям "ҳайрону зор" мехобиданд, афтид.
- Диққат нашав, мӯзаҳоятро набурдаанд,-тасаллоомез гуфт Усмон. Танҳо бераҳмона… Эҳ, хайр, рӯзи ҷазову пурсише ҳаст, Худо ҳақ аст, мебинад. Хез, хез, меравем, оҳиста, оҳиста… Мард бош ҷӯра…

… Мо қарибиҳои намози аср баргаштем ба деҳ. Усмон ҳамроҳӣ мекард маро. Дар хона бошад… ҳарчанд, ки сир бой надодам, ҳамсарам чизеро пайхас кардагӣ барин пурсид:
- Туро заданд? Кӣ зад? Росташро бигӯ, отаи Сипеҳр?
Ман танҳо ба мӯзаҳои даруни халта ишора кардам:
- Айби ҳамин мӯзаҳо. Яктааш размери 42 будаасту дигараш 41.
***
Тақдири минбаъдаи мӯзаҳо чӣ шуд? Ман аз хонаи Шери ронанда, ки осиёб сохта буду гандуму ҷуворимаккаи мардумро орд мекард, ба нася орд меовардам ба хона. Чанд моҳе баъд ӯ ба хона омад. Гуфт, ки ҳаққи ордҳои овардаатро намедиҳӣ?
Гуфтам, ки аз мактаб то ҳол маош надодаанд, чӣ тавр пули ордатро ҳисобӣ кунам? Ранҷид, ғазаб кард.
- Медонӣ,-фаҳмондам ба ӯ. Агар хоҳи ба ивази ордат ба ту мӯза бидиҳам?
- Ку биёр, бубинем, чӣ ранганд мӯзаҳоят?- бо оҳанги нарму мулоим гуфт Шер. Вақте мӯзаҳоро ба даст гирифта, хеле амиқ ба онҳо назар дӯхт, овоз баровард:
- Хайр, майлаш, мегирам мӯзаҳоро. Ба хотири он ки бачаҳои маро сабақ медиҳӣ. Бовар кун…
Ман шармандаву хиҷолат кашида, ба Шер Рӯ овардам.
- Медонӣ, ошно, мӯзаҳо як айб доранд?
- Айб? Чӣ хел айб? Сӯрох-пуроханд магар?
- Не, танҳо размери якеаш 42 мебошаду дигараш 41. Ана ҳамин хел, ошно.
- Хайр, канӣ чен кунам ба поям,-гуфт Шер ва калушҳояшро бароварда мӯзаҳояшро мураттабан ба по кашид.
Дуруст ҷо гирифтанд пойҳояш ба мӯзаҳо. Ва Шер мӯзаҳоро аз по бароварда, дар халта андохт.
- Мешавад, маълим. Ман аз ин мӯзаҳо "сапожка" медӯзонам. Олиҷаноб мешавад. Танҳо Шумо парво накунеду зиқ нашавед. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд… ҳа-а…
Соли 1995, тобистон ба Русия ба мардикорӣ рафтам.
Аммо…
Аммо ин мавзӯи ҳикояти дигарест.

Шодӣ СУҲАЙЛ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)