Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми таҷлили бодабдабаи рӯзи мавлуд дар тарабхонаи “Сомониён”-и пойтахт ҷавонеро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, пулиси ноҳияи Фирдавсӣ дар тарабхонаи Сомониён, воқеъ дар кӯчаи Крупскии шаҳри Душанбе, Сиёвуш Саидови 20 сола, зодаи ноҳияи Балҷувон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо бо ҷурми риоя накардани талаботи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” боздошт намудаанд.
Ба иттилои манбаъ Сиёвуш Саидов, рӯзи 26-уми феврал, бо ҳамроҳии ҳамсинфон, хешу таборон ва даъвати ҳофизон мавлудашро ҷашн гирифта, алайҳи қонун амал кардааст. Манбаъ афзуд, ки тибқи талаботи моддаи 8-и қонун ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад. Барои нақзи ин меъёр нисбати Сиёвуш Саидов бо моддаи 481 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Манбаъ таъкид кард, ки барои иҷрои назорати қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо бо супориши вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов гуруҳҳои махсуси корӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳамарруза дар ин самт фаъолият мебаранд.
Мӯҳр