Бахшҳо

Занҳои арзанда ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон киҳоянд?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Озода Раҳмоноваро дар радифи номзадҳои арзанда ба курсии раёсатҷумҳурӣ аз миёни бонувони кишвар ном мебаранд. Соҳибназарон мегӯянд, духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи даркорӣ барои такя задан дар олитарин мансаби Тоҷикистонро дорад.

Тоҷикистони мустақил дар арафи шашумин интихоботӣ президентӣ қарор дорад. Дар панҷ маъракаи сиёсии гузашта, ҳеч хонуме натавонист вориди корзори интихоботӣ шавад. Қабл аз интихоботи соли 2006 Ҳуринисо Ғаффорзода, маъруф ба Мӯътабари Раштӣ эълон дошт, ки тасмими ширкат дар сабқати президентиро дорад, аммо бо омилҳое барои мо норӯшан аз ин маърака дурӣ ҷуст.

Коршиносон фаъол набудани занҳои тоҷик дар маъракаҳои сиёсӣ, ба вижа интихоботҳоро ба чанд омил вобаста медонанд: заъфи донишҳои сиёсӣ, набудани ҷуръат, менталилети шарқиёна ва ғайраву ҳоказо…

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ, соҳибназари тоҷик мегӯяд, аслан занҳои мо қобилияти инро доранд, ки муддаии курсии президентӣ шаванд. "Авохири солҳои 80-и асри гузашта Тоҷикистон бонувони варзидаи арсаи сиёсат ва дигар бахшҳоро зиёд дошт, ки дар ҷомеа таъсиргузор буданд. Барои мисол ҳарфи Гулрухсори Сафӣ бештар аз ҳар сухани мардон вазн дошт. Ойниҳол Бобоназарова, яке аз чеҳраҳои қавии ҷомеа дар он солҳо буд. Ҳатто дар оддитарин бахшҳо фаъолияти муассири занон эҳсос мегардид. Аммо ҳоло занҳои фаъол қариб ба чашм намехӯранд. Ин аз заъфи худи онҳост. Ин ки занҳо аз тариқи квота ё имтиёз соҳибвазифа шуданд ба назари ман кори дурусте нест, зеро ин суръати фаъолшавии занҳоро дар ҷомеа заиф кард. Бубинед, дар Афғонистони ҳамҷавор, ки солҳост гирифтори ҷанг аст, чӣ теъдод занҳои фаъол дорад. Фавзияи Куфиро ба хотир биёред, ки даъвои курсии раёсатҷумҳурӣ мекунад. Ва беш аз панҷ зани афғон бидуни квотае ба ҳайси вазир фаъолият доранд".

Нигоҳи бонувон ҳам ба ин мавзӯъ мухталиф аст. Малоҳат, як зани фаъол мегӯяд, фарҳанги тоҷикон ба ҳадде шакл нагирифтааст, ки номзадии як хонумро чизи муқаррарӣ қабул намояд: "Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло номзадии занро бинанд механданд, чун зан ҷойгоҳи ночизе дорад. Аз паҳлӯи дигар гирем, ҳама вазнинии зиндагӣ бар сари занҳо бор аст ва дигар фурсати андешаи ворид шудан ба сиёсати бузургро надоранд".

Ба қавли Ҳарамгули Қодир, хабарнигори тоҷик сабаби аслӣ ин аст, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон сохтакоронаанд ва фазои муносибу қонунманд вуҷуд надорад. Аммо вай бештар гуноҳро дар худи бонувон мебинад: "То ҳол дар зеҳни бонувони Тоҷикистон мафҳуми сиёсат пухта нарасидааст. Занҳои мо ҳамеша аз мардон мансаб талаб мекунанд. Ҳамеша интизори пули ташкилотҳои байналмилалианд. Бадбахтона, боз ҳам ҳамин гуруҳи аз мардон вазифаталаб ва аз ташкилотҳои байналмилалӣ пулгадо "қишри фаъол" ҳисобида мешавад".

Фарз ва воқеъият

Чанд сол қабл ҷонибдорони ин иддао, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ, ба вижа давлатҳои Осиёи Марказӣ президент шудани зан ғайриимкон аст, хеле зиёд буд. Аммо вақте дар моҳи июни соли 2010 Роза Отамбоева курсии президентии Қирғизистонро соҳиб шуд, бархеҳо андешаашонро бозпас гирифтанд. Бо вуҷуд аксар далел мезаданд, ки "Тоҷикистон Қирғизистон нест, ки зане ба президентӣ бирасад". Дар нисбати ҳамсояи дигари мо-Узбакистон андешаҳо дигар аст. Гуфта мешавад, яке аз нақшаҳои аслии Ислом Каримов ҷойи худро ба духтараш-Гулнора Каримова ба мерос гузоштан аст. Як корманди фирории бахши амнияти давлати Узбакистон ҳам эълон карда буд, ки президент Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги балвогари тоҷикро муваззаф кардааст, баъди сари ӯ курсияшро дар ихтиёри Гулнора бигузорад.

Шонси фарзандон

Дар Тоҷикистон вақте сухан аз меросбарони президент меравад, ҳама ангушт сӯи Рустами Эмомалӣ, писари бузурги райисҷумҳур дароз мекунанд. Воқеан, Рустам, ки ҳоло сарварии Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрукро бар уҳда дошта, ҳамзамон Федератсияи футболи Тоҷикистонро сарварӣ мекунад, баъди ҳафт соли дигар 35-сола мешавад, ки синни пешбарии номзад ба мақоми раёсатҷумҳурист. Аммо вақте гап сари номзадҳо аз миёни бонувон аст, низ наметавон духтари президентро сарфи назар кард. Аз миёни ҳафт духтари райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шонси бештарро коршиносон ба Озода, фарзанди сеюми ӯ рабт медиҳанд. Карераи Озода аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шурӯъ гардид: соли 2007 роҳбарии бахши консулии вазоратро бар уҳда гирифт ва сентябри соли 2009 муовини вазир таъин гашт. 25-уми майи соли 2012 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи "Рушди қонунгузориҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои занон дар солҳои 1917-2011 дар Тоҷикистон" ҳимоя кард. Понздаҳ узви Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқ аз рисолаи номзадии ӯ якдилона ҷонибдорӣ карда, онро пажӯҳиши муҳими илмӣ хонданд.

Гуфта мешавад, Озода Раҳмонова дар ин муддат таҷрибаи кофӣ андухта ва дар сурати пешбарӣ шуданаш ба мақоми раёсатҷумҳурӣ шонси пирӯзиро дорад. Фирӯза, Рухшона, Таҳмина, Парвина, Заррина ва Фарзона, аз духтарони дигари президент дар ҷомеа чандон матраҳ нестанд. Таҳмина ба сифати тоҷир шинохта мешавад. Зарина, ки гуфта мешавад, дар хориҷи кишвар таҳсил мекунад, ду сол қабл дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба сифати наттоқи ахбори англисӣ зуҳур кард. Фарзона бошад, соли 2010 барои он расонаӣ шуд, ки дар як сабқати байналмилалии миёни хонадаҳои мактабҳои миёна дар Екатеринбурги Русия медали тиллоро соҳиб гардид.

Бону Озода ва карера

Ба ҷуз аз хонуми Озода соҳибназарон аз чанд нафари дигар ном мебаранд, ки ба қавле "зеб"-и президентӣ доранд. Ойниҳол Бобоназарова яке аз онҳост. Чандин маврид аз ин ҳуқуқдони маъруф ба унвони номзад ба мансаби раёсатҷумҳурӣ аз миёни занҳо ном бурдаанд. Аммо худи ӯ ҳеч гоҳ омодагиашро барои муддаии курсии президентӣ шудан изҳор надоштааст. Хонуми Бобоназарова факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, чанд сол ҳам ба ҳайси устод дар ин факулта дарс гуфтааст. Аз соли 1989 то соли 1993 дар вазифаи декан фаъолият мекунад. ?ро яке аз муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон медонанд. Аз соли 1993 то соли 1997 ба ҳайси мушовири роҳбари намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор карда ва аз соли 1997 то соли 2006 сарварии дафтари тоҷикистонии Институти Ҷомеаи бози Бунёди Соросро бар ӯҳда дошт. Ҳоло роҳбари созмони иҷтимоии мавсум ба "Перспектива плюс" мебошад. Моҳи апрели соли 2012 муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар умури муҳоҷирон интихоб гашт.

Зинаҳои мансабии Юсуфӣ

Хайриниссо Юсуфӣ (Мавлонова), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олиро ҳам соҳибназарони пурсидаи Озодагон дар феҳрасти номзадҳои арзандаи мақоми президентӣ миёни занҳо ҷой доданд. Гуфта мешавад, хонуми Юсуфӣ таҷрибаи кор дар зинаҳои мухталифи роҳбариро дорад ва дар тули солҳо сиёсатро хеле хуб аз худ кардааст. ? соли 1986 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси ветеринар, соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси филолог ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро бо ихтисоси менеҷер хатм мекунад. Солҳои 1996-2004 дар вазифаи муовини райиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд кор кардааст. Соли 2004 муовини нахуствазир ва баъдан дар таърихи 26-уми январи соли 2008 райиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат таъин мешавад. Моҳи феврали соли 2010 вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, айни замон роҳбарии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатиро ба зимма дорад.

Ҳуриннисо ҳам ҳаст

Тавре ишора кардем, ягона зане, ки изҳор дошт, хоҳиши ширкат дар интихоботро дорад, Ҳуриннисо Ғаффорзода дар навиштаҳои манзум ҳамчун Мӯътабари Раштӣ буд. "Бо аввалин имконияте, ки даст медиҳад, ман, албатта, номзадии худро бо имконоте, ки дар назар ҳаст, ба интихоботи дарпешистодаи раёсати ҷумҳурӣ хоҳам гузошт. Ман мехоҳам тафаккури мардони Тоҷикистонро, тафаккури сиёсатмадоронро бишканам ва бифаҳмонам, ки мо, занон, низ метавонем натанҳо дар мақомоти дуввуму севвуму ... даҳум, балки дар мақомоти аввал ҳам бошем", -гуфта буд вай дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ дар моҳи декабри соли 2005.

Ҳуриннисо Ғаффорзода соли 2005 эълон кард, ки бо далели набуди эътимод ба қудратмандии ҳизби сотсиал-демократ барои пешбурди ҷомеа аз узвияти ин ҳизб канор меравад. Вай пайвастанаш ба сотсиал- демократҳоро иштибоҳ номид, ки ба қавли ӯ "ба арзишҳои миллати тоҷик, аз ҷумла ба фарҳанг ва забони он арҷ намегузорад".

Хонуми Ғаффорзода ҳоло созмони ҷамъиятии "Оштии миллӣ"-ро роҳбарӣ мекунад. Вай дар Маркази ҷомеаи шаҳрвандии Рашт ва ташкилоти Коунтерпарти Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамоҳангсози барномаи "Таҳсили духтарон дар Тоҷикистон" низ будааст.

Як қадами дигар…то номзадӣ

Муовини нахуствазири Тоҷикистон яке аз дигар номзадҳо гуфта мешавад. Руқия Қурбонова низ ба қавли ҳамсуҳбатони мо малака ва зиракиҳои хоси барои як сиёсатмадор лозимро дорост. Хонум Қурбонова соли 1978 Донишкадаи омӯзгорӣ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Солҳои 1992 -1995 дар раёсати сохтмонии "Гидроспетстрой"-и НОБ-и Роғун кор кардааст. Солҳои 1995-1997 муовини аввали райиси шаҳри Роғун, аз соли 1997 муовин, аз соли 2000 муовини авали райиси ноҳияи Марказӣ ва аз соли 2003 муовини райиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе буд. Солҳои 2003-2004 мудири шӯъбаи тандурустии занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи президент, соли 2004 райиси Кумитаи занон ва оила, аз соли 2005 муовини райиси вилояти Хатлон, солҳои 2006-2007 райиси шаҳри Қӯрғонтеппа шуда кор мекард. Аз 26-уми январи соли 2008 то имрӯз дар курсии муовини нахуствазир нишастааст.

Генералу шоир ва дигарон

Сумангул Тағоева, райиси Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳуқуқшиносимаъруф, Саодат Амиршоева, ягона генералзани тоҷик, Махфират Хидирова, вакили парлумон, Зарафо Раҳмонӣ, масъули ҲНИТ, Ҳуринисо Ализода, муовини директори Китобхонаи миллӣ, Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаро низ дар феҳрасти занҳои муваффақ ва номзади арзанда ба мақоми президентӣ медонанд. Гулрухсори Сафӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон низ метавонистааст, муддаии мақоми олии роҳбарӣ бошад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба қонунгузории Тоҷикистон, ки сини пешбарии номзадҳоро 65 нишон додааст, ӯ наметавонад ин корро анҷом диҳад ва гумон аст, ки агар синаш мувофиқ мешуд, ин корро мекард.

Бино ба оморҳои расмӣ беш аз 50 дар сади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, аммо бо вуҷуди тасвиби барномаҳо дар мавриди боло бурдани мақоми зан ва таъкидҳои чандкаратаи президент, ҳанӯз натиҷаи дилхоҳе мушоҳида намешавад. Занҳо бештар дар мактабҳо "соҳибвазифа" мешаванд, дар мақомҳои болоӣ бошад, ангуштшуморанд: танҳо 14 дарсади курсиҳои парлумони Тоҷикистон дар ихтиёри занон мебошад.

Вақте ин матлаб барои нашр омода мешуд, хабари савгандёдкунии Парк Геун, аввалин райисҷумҳури зан аз Кореяи ҷанубӣ ба расонаҳо рехт. Хонуми Парк, ки бо касби 52 дарсади овози интихобкунандаҳо баранда шудааст, духтари генерал Парк Чунг Ҳе мебошад. Парк Чунг Ҳе аз бунёдгузорони Кореяи ҷанубӣ маҳсуб ёфта, аз соли 1963 то 1979 ҳукумат рондааст. ? дар пайи як табаддулот ба қудрат расида, 18 сол ин кишварро идора кард ва соли 1979 аз тири раиси созмони истихборотиаш ба қатл расид. Парк Геун Ҳеи 61-сола аз шаҳрвандони Кореяи ҷанубӣ ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар даврони ҳукумати падараш маъзарат хостааст.
Мӯҳр
Номзадхои арзанда аз хисоби занхои Точикистон.барои президенти Точикистон будан, ин хонум апаи Гавхар Чураева ва хонум Хуршеда Хамрохкулова мебошанд.Онхо дар Россияву чахон пуштибону химоятгари мухочирони Точикистон ва умуман мардуми Точикистон шудаанд.Харду хам зебанда хастанд ва дорои дониши маърифату маданияти баланду малакахои сиёси мебошанд.Хатто дар барномахои телевизионии Россия,хангоми мухокимаи мавзуъхои байналмиллаливу милли ва оиди масъалахои мухочирони Точикистон харду иштирок мекунанд.Ба назарам хонум Хуршеда,зарбахои аввали миллатгароёни русро ба худ кабул карда,нотарсона ва бурро ба онхо хам чавобхои сиёсии пурра дод.Хуршеда сазовори президенти Точикистон аст.Мебахшед,харчанд.худ зодаи Раштам,Муътабари Раштиро намешиносам.Занхои Точикистонро ба наздик омадани рузи байналхалкии занон табрику муборакбод мекунам.Хушруву барно бошед,хамеша!

Ни одна из перечисленных кандидатур не имеет хотя бы половину из тех качеств, которыми должен обладать кандидат в президенты.

Озода Рахмонова с ее купленным дипломом "кандидата" юридических наук, (Шамхалов всё таки успел подписать :))???
Гулрухсор она поэтесса-общественник но НЕ политик!!!
Ойнихол Бобоназарова НЕТ!!! и все даже не спрашивайте!
Хайриннисо Юсуфи - ммм вообщем не смотрите на ее послужной список она попросту кукла причем ЮМОРНАЯ! а как она делает пародии хахаха умереть не встать))))
Хуриннисо Гафорзода - ну вот изучая ее выступления и статьи я думаю она изначально должна была возглавить женское крыло ПИВТ. Почему она не в ПИВТ вот вопрос к ней??? видимо с СДПТ свалила поняв , что такое дермократия ;))
Рукия Курбонова и остальные даже не рассматриваются!
Гавхар Чураев??? эта та которая помогает в Москве только своим ПОМЭРИ??? она деструктивная.
Хуршеда Хамрокулова ну милейшая женщина, грамотная но Не политик она! скорее общественница.

Занонро бас хамин як хунар, Ки шинанду зоян шерони нар.Зана худаш чию президентшавияш чи шербачаи нагз тарбия кунанд бехтар ба фикрам то президент шуданашона.

Ба интихобкунанда!Шербачаи нар таваллуд кунаду калон карда.ба Россия мардикори фиристонад?Кандата бизан бачаи нари очаи рохбину гамзада!Дар кадом аср зиндаги дори?Барои он ки занхои точик бачаи нари шер таваллуд кунанд,онхо хам бояд мисли шерзанхо бошанд.Чи бади дорад,ки зани точик агар сарвари давлат шавад?Мо мардхои точик даррав як чизро аз ухдааш мебароем:Ба сари занхоро зур будану эрод гирифтан.Зани точик хам шербача мезояду хам метавонад,ки президент хам шавад.Оё модари ту президенти оилаи шкмо нест?.Ё то охири умрашро шербачча зояд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)