Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба рӯзи якуми феврали соли 2013 дар дасти мардум ва ташкилотҳои кишвар ҳудуди 5,5 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тавре аз Бонки миллӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, 2 миллиарду 248,7 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 3 миллиарду 244,6 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намудаанд: “ Таркиби бақияи қарзҳо аз 64,0 фоиз (ё 3 518,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36,0 фоиз (ё 1 974,9 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 401,8 млн. сомонӣ (ё 12,9 фоиз) ва 253,5 млн. сомонӣ (ё 14,7 фоиз) афзуданд.”
Ба иттилои манбаъ дар моҳи аввали соли равон фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 25,97 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,99 фоизи солонаро ташкил намуд: “Ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳодшуда дар ин давра, нисбат ба моҳи январи соли гузашта 56,1 фоиз зиёд гардид. Аз ҷумла 62,9 млн. Сомонӣ ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 53,4 фоиз зиёд мебошад.”
Мӯҳр