Бахшҳо

Истиқлолият ва ё “рӯ ба раҳми Худо”…

Гӯшам шунид қиссаи имону маст шуд,
Ку қисми чашм, сурати имонам орзуст...
Мавлоно

Оғози матлаб дар инҷост

...Имрӯз яке аз назарияҳо, ки дар борааш зиёд ҳарф мезананд, вале нашинохтаанд, ки он чӣ назарияест, чӣ ҳолатест, чӣ воқеиятест ва бо ин чӣ бояд кард ин истиқлолият аст. Ин ҳама намоишҳо ва ҷашнҳо дар сатҳи забон ва бозӣ бо рамзҳои истиқлолият ҳолатеро ба вуҷуд оварда, ки гӯё бехабар мондаем аз онки ин назария худ як барномаи амалишавандааст, яъне истиқлолият фақат сухан, фақат назария нест балки як воқеиятест, ки онро метавон ҳис кардан ва онро бо чашм метавон дидан. Фаромӯш кардаем, ки истиқлолият фақат доштани давлати мустақил ва територияи муайян нест, балки барномаест бо арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои муайян ва он бояд дар вуҷуди ин сарзамин, дар ҳастӣ ва вуҷуди мардуме ки дар ин сарзамин зиндагӣ доранд амалӣ шавад. Истиқлол ин худ сохтмон ва ташаккули қудрати худист, ки болои ҳақиқат (идеологияи солими ба дониш ва таҷрибаи худи такякунанда), волоияти қонун ва иқтисоди мустаҳкам амалӣ мешавад. Гузашта аз ин истиқлолият ин доштани ҷомеаи бо таркибҳои (иктисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ) амалкунанда ва ташакулли фардият ва муносибатҳои баробари сиёсӣ баёни шаҳрвандони ин сарзамин аст ...

Вале имрӯз ба ҷои амалишавии барномаи истиқлолият дар ҳаёти мардум ва ҳаёти лучи (ҳаёти табии инсонии бе ягон ранги идеологӣ доштаро) мардумро ба сатҳи сифатан болотар баровардан, ҳаёти мардум ба бозичаи гуфтугуҳои сиёсии холӣ табдил ёфтааст. Чаро гуфтугӯҳои холӣ? Барои ин ки ҳар як гуфтугӯ (discourse) бунёди воқеии худро дорад ва аз он воқеият бармеояд, вале дар мо ба ҷои шинохти мушкилот ва ҳалли он ин мушкилотро ба корхона табдил медиҳанд ва аз он фоида ҷустани мешаванд. Манзурам хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аст, ки яке аз корхонаҳост, ки мардуми худро барои мардикори хуб будан ба Руссия тайёр мекунад. Агар барномаи истиклол амали мешуд бояд ин корхона вазифаи дигарро иҷро мекард, яъне мухоҷир қабул мекард, вале имрӯз аз руи фалсафаи онҳо агар корҳо рафтан гирад, бояд ҳама дар муҳоҷирати иҷборӣ бошанд. Аслан ин муносибаро давлатҳои мустақил нисбат ба муҳоҷирони ғайр, яъне дар натиҷаи ҷангҳо ва ҳаёти вазнин аз давлатҳои ҳамсоя омада мекарданд. Фикр мекунам давлати Тоҷикистон, ки дар ин давраи тақдирсоз ва ҷаҳонишавӣ бозингари калидӣ ба ҳисоб меравад дар мудати ин солҳо бо беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар мамлакат, ба ҷои мустаҳкам кардани хадамоти муҳоҷират, ин хадамотро ё мебаст ва ё ҳумчун хадамот барои қабули муҳочирон аз дигар мамалакатҳо ба Тоҷикистон табдил медод. Дар ин муддат бояд бунёди ҷомеаи амалкунанда андохта мешуд, ки мардуми аз Афғонистон ва дигар мамлакатҳо омада, боз роҳи муҳоҷирати навбатиро ба Руссия намегирифтанд. Мебоист дар ин муддат ҷомеаи беҳтар аз ҷомеаи Руссия сохтан то ба муҳоҷират рафтагиҳо бармегаштанд. Вале сиёсат ранги дигар гирифтааст ва барномаи истиқлолият амалӣ нашуда истодааст. Имрӯз мардуми зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат он сӯи истиқлолият мондаанд. Ва фикр мекунам имруз дар мамлакате мисли Тоҷикистон намешавад мардуми зиёдеро дар ин муддати дуру дароз ва боз дар мамлакате нимаваҳшӣ , мисли Руссия, дар муҳоҷирати маҷбурӣ нигоҳ доштан ва онро ба “сиёсати фоиданокӣ” давлатӣ табдил додан. Ин мардум акнун бозичаи дасти сиёсатмадорони Руссия ҳам ҳастанд ва дар он ҷо ҳам он сӯи ҳуқуқҳои башарӣ ва дур аз ҳимояи қонун мондаанд. Дар ин маврид ба ёд биёред ҳодисаи халабонҳои русро ва муносибати президенти онвақти рус Медведевро, ки қонун ва созишномаҳои ҳуқуқи инсониро болояшон туф карда бо муҳоҷирони Тоҷик чи кор кард. Яъне муҳоҷирон дар мамлакати ғайр ҳамеша берун аз ҳимояти қонунҳои амал кунандаи ин мамлакатҳо мемонанд, вале касе фикр намекунад , ки чаро дар ватани худ ҳам ин мардум ҳамин аҳволро доранд. Яъне истиқлолият ҳанӯз амали нашуда истодааст. Дар ин давом як чизро бояд қайд кард, ки муҳоҷироне ки дар Руссия ҳуқуқи шаҳрванди гирифтаанд, онҷо ҳама вақт бегона ҳоҳанд монд ва дар бозиҳои навбатии сиёсатмадорони рус истифода хоҳанд шуд. Ва мардуме ки на дар ватан ва на дар муҳоҷират бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудӣ надоранд ба гуфти ҳакимонаи мурдуми Тоҷик танҳо “рӯ ба раҳми худо” ҳоҳанд монд.

Масъалаи муҳоҷир ва сиёсати давлатӣ, истиқлолият ва мардуми берун аз ҳимояи қонун ва “рӯ ба раҳми худо” монда масъалаест ки дар улуми иҷтимоии ғарб онро хуб матраҳ кардаанд . Дар Ғарб то давраи ташаккули давлатҳои миллӣ дар замони нав (modernity) ҳаёти мардум то ҷое ба Худо таълуқ дошт ва баъди дигар шудани ҳаёти сиёсии Ғарбиён ва ташаккулёбии давлатҳои миллӣ ҳаёти мардум ва сифати он акнун танҳо ба мудирияти давлат вобастаги дошт. Дар фарҳанги сиёсии Тоҷикӣ мо аз ҳар ду бархурдорем, яъне аз онки бунёди тамаддуни мо болои ақл ва имон буд ва аст, мардум ҳама вақт толиби доштани низоми муайяни ақлонӣ, яъне ҷомеаи донишбунёд буд ва инчунин ҳам ба худованд таваккул мекард. Чунон ки мединем ин арзиши дуюм ҳам хуб даркор аст ва мардум зиндагии худро то ҷое сохта истодааст...

Дар муддати ин солҳо ин мардуми муҳоҷири Тоҷик, берун аз ҳимояти ҳар гуна қонун ва қудрат, яъне берун аз истиқлолият ба се чиз содиқ монданд: а) ба қонун (иллоҳӣ ва инсонӣ) , б) тадбир ва сиёсати дуруст, в) ба пулу моли ҳалол. Ин се чиз бунёди истиқлолияти вақеианд, ки аз қадим боз онро шинохтаанд ва дар Ғарб аз Арасту то имруз аз он бо номи “номос” ёд мекунанд. Ин арзишҳо бунёди низоми ҷомеаи солими инсони мебошанд. Тоҷик дар таҷрибаи фардҳои алоҳидаи худ дар гузашта ва имрӯз ҳам исбот кард, ки ин маъниро дар таърих онҳо пеш аз дигарон шинохта буданд ва бо калимаи “ному нанг” ва баъдан бо калимаи “номус” сикка зада буданд. Ва инҷо мақсади мо аз таҳлили таърихи - фалсафии мафҳуми номус нест, балки ишора ба ин аст, ки бубинед ин маънӣ дар вуҷуди фардҳои Тоҷик дар як воқеиятҳои сахт ва сангин чи гуна кор карда истодааст, ки онҳо истиқлоли худ, оилаҳои худ ва ҳатто то ҷое Ватани худро таъмин карда истодаанд, вале чаро ин арзишҳои номусӣ, яъне садоқат ва имон; - ба қонун( иллоҳӣ ва дунявӣ), - ба тадбир ва сиёсати дуруст (ҳақиқати Тоҷикӣ) – ва ба пулу моли ҳалол, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон кор намекунанд . То ин ҳар се унсур Қонун, Ҳақиқат ва Пул дар ҳамоҳангӣ дар ҷомеа кор накунанд наметавон дар бараи истиқлолият ҳарф задан. Вуҷуди пулро ҳам муносибатҳо ва арзишҳои номусӣ муайян мекунанд. Ин ҷо масъалаи асоси ин аст, ки ин равандро, ин технологияи созандаро дар ҷомеа ки роҳандози мекунад ва шахсан бовари дорам сиёсатмордони дар сари қудрат дар ин роҳ коре карда истодаанд, вале ин масъала мураккабтар аз он аст ки танҳо кори сиёсатмадор бошад. Ва дар шинохти ин унсурҳо мисли Худӣ, Қонун, Ҳақиқат (идеологияи солими ба дониш ва таҷрибаи худи такякунанда), Пул ва Қудрат ва ҳамоҳангии онҳо дар вуҷуди фардҳо ва ҷомеа институтҳои илми таҳқиқиоти ва зиёиён нақши ҳал кунанда бояд медоштанд ва дошта бошанд. Вале, чун зиёиён мавқеи аслии худро аз даст додаанд ‘ҳақиқатро’ дар Тоҷикистон на дониш балки қудрати холӣ ва ё пул муаян карда истодааст, ҳоло он ки ‘пул’ ва ‘қудрат’ и дар дониши солим обутоб ёфта метавонистанд ‘гуфтугӯи’ ба воқеият наздик доштан. Баъзе аз мардум ки худро зиёӣ мепиндоранд дар ин вазъият, ки суханҳо бо амалҳо мувофиқ намеоянд , мавқееро гирифтаанд, ки дар байни мардум бо номи “дуруғросткун” машҳур гаштаанд. Фикр мекунам вақте мардум огоҳона мебинанд, ки гуфтугӯҳо равшананд, яъне ‘ҳақиқате’, ки ҷавобгӯи орзуву ормонӣ тамоми мардум аст вуҷуд дорад ва давлати Тоҷикистон самимона аз он пайгири мекунад дигар ҳоҷат ба “дуруғросткун” намемонад....

Фақат эълон кардан ва ҷашн гирифтан ва доштани конститутсияи беҳтарин дар ҷаҳон маънои истиқлолиятро надорад. Истиқлол ва қудрат, чи хел ки мардум исбот карданд дар вуҷуди фард фарди тоҷик ҳаст ва ҳадафи аслии давлат ва сиёсати Тоҷики ин аст ки ба ин истиқлолият ва қудрат имконият дода шавад то дар сатҳи миллат барқарор гардад. Фикр мекунам ин арзишҳои номусӣ бояд дар вуҷуди зиёиёни мо ва сиёсатмардони мо ҳам дар кор бошанд. Набошад ин раванд сурати дигар мегирад ва истиқлолият танҳо моли як гуруҳ мегардад. Ҷое ки ақлу дониш кор намекунад , институтҳои илми - таҳқиқиоти фалач шудаанд, зиёиёни шуравиреша имконияти тафсири воқеияти худ ва дунёи нав ба онҳо рӯ ба рӯ шударо надоранд, мушкил аст ‘ҳақиқати’ худро, ки яке аз ҷузъҳои аслии истиқлол аст, шинохтан ва онро ҳамчун як идеологияи дар пояи назарияҳои мустаҳкам бунёд ёфта ба дигарон пешниҳод кардан. Аз ин сабаб дар воқеияти Тоҷикистон ҳазорҳо нафар, ки пояи истиқлолият дар Тоҷикистонанд, берун аз истиқлолият, яъне берун аз ҳимояи қонун мондаанд, онҳоро метавонанд кушанд ва беҷазо мондан ва дар бозиҳои сиёсӣ бо ҳаёти онҳо бози кардан. Воқеан ҳаёти мардум, ҳаёти табии мардум, ки сиёсатмардони мо ва идеологҳои онҳо аз паси афсонаҳои хеш наметавонанд дидан, зери хатар ҳаст.

Аслан Тоҷикистон бо ин захираи фикрӣ, қудрат ва қобилияти зеҳнии мардумаш ва боигарии табии ва мавқеи ҷуғрофӣ ки дорад набояд муҳоҷир истеҳсол мекард ва кунад балки худ бояд муҳоҷир қабул мекард. Он чи моро зарур аст ин роҳбарият ва мудирияти дуруст аст, вале ҳаёт дар Тоҷикистон исбот карда истодааст, ки сиёсатмардони мо технологияи амалишавии истиқлолиятро пурра истифода набурда истодаанд ва он зиёиёни наздик ба қудрат ҳам таърихи сиёсӣ, фалсафӣ, вуҷудӣ ва иллоҳиётии онро нашинохтаанд. ....

Тарафи дигари истиқлолият ё “дар боло..."

Дорад асбоби ҳаловат саргарон бемағзро....
Бедил

Дигар ин ки истиқлолият тарафи дигар ҳам дорад ки онро дуруст мебояд шинохт. Вақте қудрат болои арзишҳое мисли ҳақиқат (идеологияи солими ба дониш ва таҷрибаи худи такякунанда), қонун, пул ва иқтисодӣ мустаҳкам ташукул наёфта бошад метавонад мушкилиро барои амали кардани технологияҳои сиёсӣ дар ҷомеа пеш биёрад. Ин боиси афзоиши фасод, хуруҷи маризиҳои дигари таърихӣ мешавад ва инчунин метавонад ба диктатураи як шахс биёрад. Ин ҷо ҳолате мешавад ки баъзе мардум худро болотар аз қонун ё он сӯи қонун метавонанд ёфтан...

Дар Ғарб намунаи инсонҳои гуногунро , ки фалсафа ва идеологияҳои гуногунро пайрави мекарданд дидаанд. Таҷрибаҳои гуногунро доштаанд, ки инсонҳо болои арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои гуногун шахсияти худро месохтанд ва сиёсату ҳаёти худро муаян мекарданд. Ва яке аз масълаҳои калидӣ, ки мутафаккирони калидии ғарбро аз нимаи асри гузашта, аз Лакан то Деррида, Фуко, Делюз, Агамбен ва дигарҳо, то имрӯз банд кардааст ин масъалаи ҳайвоният дар инсон аст ва бахусус вақте ки ба сиёсат машғул мешавад. Яке аз муфассирони Ҳегел, Александр Кожев буд ( солҳои сиюми асри гузашта дарсҳои ӯро бисёр мутафаккирони ғарб аз ҷумла Лакан ва Фуко шунидаанд), ки пешниҳод кард ки инсон дигар ба охири таърих расидааст ва акнун дорад ба ҳайвонияти худ бармегардад. Ин рӯёдод ба гуфти ӯ ягон хатари каёҳонӣ ва биологӣ надорад ва акнун инсон дигар ба субъекту объект тақсим намешавад ва дигар ба ягон арзишҳо ва идеяҳои дини - фалсафӣ барои камолот зарурат надорад... Ва ё Делюз, файласуфи фаронсавӣ, дар баъзе мақолоти хеш дар бораи зарурат набудан ба роҳҳои худсози ва арзишҳое чун Худо, Худӣ ва Ҷаҳон менависад , ки ин ҳама гуфтугуҳое ҳастанд ки боз аз буҳрони ҳуввият дар дунёи технологии Ғарб ва бегона шудани онҳо аз одамият шаҳодат медиҳанд...

Он чи аз ин баҳс барои мо омӯзанда аст ин масъалаи ҳайвонияти инсон аст ва махсусан вақте, ки ба гуфти орифони мо ғуломи нафс аст ва ба сиёсат машғул мешавад. Масъулиятро дар баробари мардум мансабдоре, ки донишу таҷрибаи солиме дорад метавонад ҳис кардан ва доштан. Ин ҷо дар вуҷуди шаҳсиятҳо ҳамоҳангии худӣ, дониш ва қудрат бояд дар кор бошад. Имрӯз дар ҷомеа бисёр мансабдоронро дучор мешави, ки мардони дониш ва сиёсат нестанд, на дунёро шинохтаанд ва на динро. Ин мардум сабаби инкишофи хурофотҳои илмӣ ва динӣ дар мамлакат гаштаанд. Баъзан дар суҳбатҳо дар масъалаҳои динӣ, мебини ки баъзе аз мансабдорони аз аъмоли бади хеш ба ҷазо гирифтор нашуда, чун ‘он сӯи қонун’ қарор доранд, орзуи онро доранд, ки ин гуфтаҳо дар бораи саволу ҷавоби охират “шояд дуруғ бошад”. Фикр мекунам ин рӯйдод ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад. Он чи дар ин баҳс ман гуфтаниам ин аст, ки онҳое ки дар сатҳи роҳбарият ҳастанд вақте ба ин маризӣ гирифторанд, яъне ғуломи нафсанд, ва аз арзишҳои мавҷудаи барои ималӣ кардани истиқлолият танҳо ‘пулро’ мешиносанд, унсурҳои дигари ин барнома ҳақиқат (дониш ва идеологияи Тоҷики), волоияти қонун ба гуфтугӯи холӣ табдилёфтанаш мумкин аст . Дар ин ҳолат ‘қонун’ барои баъзеҳо танҳо як китобча мешавад, ки баъзан ба мардум нишон дода дар бораи волоияти қонун ҳарф мезананд ва ‘ҳақиқатро’ ҳам ҷуз ҷамъи калимаҳо ва ҳарфҳои бофтаи дигарон барои шиорпартои ва лексияхони намедонанд. Аз ин сабаб ин вазифаи зиёиён аст, технологияи амалисозии истиқлолиятро равшан донистан ва инчунин муайян кунанд ки роҳбарии Тоҷики чи гуна аст ва тавонанд роҳбарони нави миллатро тарбия кардан ва сохтан. ...

Имрӯз вақте ишора ба давлат ва ҳукумат мекунанд мафҳуми “дар боло”- ро истифода меунанд ва зиёд мардум ҳануз бовари доранд, ки дар ин боло ҳақиқат, истиқлолият, қонун мустахкам аст ва болонишинон ба сиёсате созанда машғуланд ва тақдири мардум дар дасти мардони баномуси ин сарзамин аст. Фикр мекунам ҳамин боло яке аз ихтирооти ‘зиёиёни’ тоҷик аст. Ин “боло” ба як воқеият ё як дунёи фикрнашаванда табдил ёфтааст аст. Ҳар ки муқобили танқиди созандае ҳам дошта бошад душмани “боло” ва шиорҳои пешниҳод кардаи он “ягонаги”, “ваҳдат” ва “истиқлолият” аст. Ва ин вазифаи зиёиёни аст ки тавонанд дуруст тафсири воқеӣ кардан ҳолати боло ва поёни ҷомеаро, ки чи рӯйдодҳое ҳаст ва ё чи мушкилие ҳаст. Вазъ чунин аст, ки зиёии Тоҷик дастнигари ‘боло’ шудааст ва мавқеи худро ҳамчун молики дониш ва таҷрибаи зинда аз даст додааст ва гуфти Имом Абуҳомид Ғазолӣ, ки “…мард хештанро онҷо ёбад, ки ниҳад .” Ин ки зиёини мо ба ҷои тафсир рӯйдодҳо, мушкилот ва роҳи ҳалли воқеи пешниҳод кардан ва қудрати давлати тоҷикро мустаҳкам кардан бештар ба тавсифи нодаркор машғуланд, ки боиси заифшавии қудрат ва ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст. Масалан вақте, ки дар бораи истиқлолият менависанд ва онро ‘ҳакимона’ муайян кардани мешаванд дидан мумкин аст , ки ин гурӯҳи бо ном зиёӣ қобилияти шинохт ва дидани рӯйдодҳои ҷомеаро надоранд ва ё дошта бошанд ҳам мардонагии гуфтани онро надоранд. Вақте зиёии мо ин қобилиятро надорад чи ҷои шикоят аз он ҷенерале, ки барои ҳалли як масъалаи ҷиноӣ ба сари мардуми худ лашкар мекашад ва ё он соҳибмақомҳо, ки бо рӯзноманигорони худи беадолатона даст багиребонанд. Қудрат ба зиёиёни зарурат дорад то ин инчунин маризиҳо дар ҷомеа рӯй надиҳанд ва қадами аввал ин аз байн бурдани фаҳмиши нодурусти ‘дар боло’- ст. Дар ин масъала ба институтҳои илми таҳқиқоти ва донишгоҳҳо истиқлолияти зиёдтар додан даркор ва онҳоро дастгири даркор. Ва беҳтарин кор мешуд агар ҳукумат қишри сеюми ҷомеаро, ки қишри номусии ҷомеа ҳаст дастгири ва мустаҳкамтар мекард, ки бунёди ҷомеа ва ояндаи давлату миллат аслан онҳоянд. Давраи ‘дарборҳо’ ва ‘дар болоҳо’ кайҳо гузаштааст ва имруз ҳам чун дирӯз касе дуру дароз зери ниқоб гаштан наметавонад. Давраи шафофияти фардҳо, ҳизбҳо ва қудратҳост то боварии мардумро тавонанд ба даст овардан.....

Меҳмоншо ШАРИФЗОДА, докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия
(Давом дорад)

Мӯҳр
Халолат бод бародари арчманд. Дарди дили хазорхо зиёии вокеии точикро кушод гуфтй. Ку гуши шунавандае? Ин навмулкдорону маддохони онон дар чустучуи гояи миллй гох хазинаи нобудшудаи авастоиро тагуру мекунанду гох ру ба гарб ва гохи дигар ба зехнхои шуравиашон мекунанду чунин метобад,ки рахгум задаанд. Бо усулхои кудакона, архаистй ва шахсияткуш маъракахое доир мекунанд, ки дар карни 21 хандаовар аст барои тамошобини хоричй, вале барои мо гиряовар аст, боиси андух аст. Ба чои миллатсозй, давлатсозй- миллатбозй, шохигарисозй. Комёбихои арабу турку ирониро ба хотири акидаи исломияшон кабул надорем, аз тамаддуни гарб раксу суруду бебандуборияшро интихоб намудаем, аз Имоми Аъзам фахр бо кисмати точикии хунашро интихоб кардем, аз Исмоили Сомониву Рудакиву Ибни Синову....факат номашону обруи чахонияшонро кабул кардем, аксари чавонони сохибистеъдодамонро ба мардикории Русия гусел кардем, ба маддохону чоплусон чоиза медихем, дигарандешонро душмани халк эълон кардаем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)