Дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аҳолии манотиқи наздик ба неругоҳи барқии «Роғун» бояд кӯчонида шаванд.
Зимнан, мутобиқи ҳамин санад бахше аз сокинони ин минтақа ба деҳаҳои Моинкаҷ ва Теппаи Самарқандии ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ нали макон хоҳанд кард. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» феълан дар ин ду русто корҳои омодагӣ ба ин тасмим идома дошта, гузаронидани лўлаҳои об, бо барқ таъмин намудан ва сохтмони мактабу бунгоҳи тиббӣ, бунёди роҳҳо дар назар аст. Гуфтанист, ба мардуме, ки аз Роғун ба ноҳияи Рўдакӣ кўчонида мешавад, барои 640 нафар фарзандонашон мактаби замонавӣ сохта мешавад. Аллакай корҳо дар мавриди бо об таъмин кардани аҳолии муҳоҷир ба анҷом расида, роҳҳо мумфарш карда шудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр