Бахшҳо
07 мар 2013 08:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Узвият дар СҶТ (ВТО) фасодро аз байн намебарад

Инак, таърихи 2-юми март Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат гардид. Ба бовари коршиносон бо воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ иддае аз мушкили иқтисодии кишвар, аз ҷумла фасод дар бахши мазкур бартараф хоҳад шуд. Зеро шаффофият дар фаъолияти тиҷорӣ ва фароҳам овардан шароити мусоиди иқтисодӣ яке аз шартҳои асосии ба даст овардани узвияти созмони мазкур ба ҳисоб меравад.

Питер Микула, раҳбари дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ гуфтааст, ки узвияти Тоҷикистон дар ин созмон гоми бузурге барои иқтисоди босубот буда, барои боло рафтани тавоноии содиротии кишвар тағйироте дар бахшҳои соҳибкорӣ, омўзиш ва назорат зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон барои ба даст овардани узвият дар СҶТ соли 2001 дархост пешниҳод дошт. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарчанд ба даст овардани узвияти СҶТ кори чандон соддае нест, вале дар Тоҷикистон он бештар бо айби гурўҳи корӣ ба таъхир афтода аст. Зеро дар ин миён гурўҳи корӣ бояд барои бартараф кардани мушкилоти қонунгузорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид талоши бештар мекард.

Тоҷикистон, СҶТ ва фасод

Дар ҳар сурат коршиносон аз расман воридгардидани Тоҷикистон ба ин созмон истиқбол карда, мегўянд, ки ба эҳтимоли зиёд он барои бартараф кардани мушкилоти ин бахш, аз ҷумла мавҷудияти фасод мусоидат намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Зафар Абдуллоев, раҳбари маркази таҳлилии «Контент» мушкилоти фасодро дар Тоҷикистон ба осонӣ наметавон бартараф кард. «Низоми фасод дар Тоҷикистон хеле печида буда, онро ҳеч кадом як давлат, созишнома ва ё созмон аз он ҷумла СҶТ бо тамоми меъёрҳояш наметавонад решакан кунад. Мушкилоти фасод дар Тоҷикистон танҳо бо ташаббуси ҳукумату шаҳрвандон ва ивазшавии блоки иқтисодӣ ҳал мешавад»,-мегўяд Зафар Абдуллоев.

Аз ҷониби дигар, вазифаи СҶТ бартараф кардани фасод дар давлатҳои узв набуда, танҳо фароҳам овардани шароити мусоиди иқисод аст. Зафар Абдуллоев мегўяд, ки низоми фасодро дар Тоҷикистон комилан аз байн бурдан имконнопазир аст.

Тоҷикистон ва меъёрҳои пардохти молиёт

Бояд гуфт, ки мутобиқ набудани қонунгузорӣ дар ин самт яке аз мушкилоти аслии Тоҷикистон барои воридшавӣ ба СҶТ ба ҳисоб мерафт. Ба таври мисол дар солҳои аввали пешниҳоди дархост дар Тоҷикистон 21 намуди пардохти молиёти давлатӣ вуҷуд дошт. Барои мутобиқ кардани меъёри қонунгузории Тоҷикистон дар ин самт, ба кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардида, низоми пардохти молиёт аз 21 намуд ба 10 намуд коҳиш дода шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон ин тағйирот танҳо зоҳирӣ буда, дар асл низоми пардохти молиёт коҳиш наёфтааст.

Тағйирот баъд аз 10 сол эҳсос хоҳад шуд

Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ҳарчанд дар аввал Тоҷикистон бо чунин низоми андозбандӣ вориди СҶТ гардид, аммо интизор меравад, ки дар оянда тағйироти ҷиддие дар қонунгузории кишвар барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ворид хоҳад шуд. «Ҳоло қонунгузории кишвар дар мавриди пардохти андоз ва молиёт баъзе аз нуқсонҳо дорад. Зеро бархе аз бандҳои қонунгузорӣ хилофи ҳамдигар ҳастанд. Бартараф кардани он норасоӣ қабл аз воридшавии Тоҷикистон имконпазир буд, ки ин амал анҷом наёфт. Вале набояд фаромўш кард, ки масъулини Тоҷикистон дар оянда водор мешаванд, то низоми қонунгузориро комилан тағйир бидиҳанд. Зеро ин шароити қонунгузорӣ кафолати фаъолиятро барои сармоядорони хориҷӣ надодааст»,-зикр намуд Файзиниссо Воҳидова.

Ба гуфтаи номбурда, Тоҷикистон бо мавҷудияти чунин норасоӣ вориди СҶТ гардида, мантиқан тағйиротро метавона пас аз 10 сол мушоҳида намуд. Файзинисо Воҳидова мегўяд, ки агар Тоҷикистон бо риояи тамоми шартҳои СҶТ вориди ин созмон мегардид, рушди бахши иқтисодӣ дар зудтарин фурсат ба даст меомад. Ба бовари номбурда дар сурати риояи он меъёрҳо аз бартараф кардани мушкилоти фасод низ дар Тоҷикистон метавон тахмин зад.

Фасод дар Тоҷикистон бо тағйироти кадрӣ аз байн меравад, на СҶТ

Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ мегўяд, ки расман ба даст овардани узвияти Тоҷикистон дар СҶТ падидаи хуб буда, дар оянда ин амал то андозае барои рушди бахши иқтисод ва тиҷорат мусоидат хоҳад кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки маваҷудияти фасод дар Тоҷикистон комилан аз байн биравад. «Фасод дар Тоҷикистон бо ивазшавии сиёсати кадрӣ бартараф мешавад, на бо созмони байналмиллалӣ ва ё бонки ҷаҳонӣ. Шарти аслии ба кор қабул кардани масъулин бояд донишу малака ва ҷаҳонбинии кадрҳо бошад, на минтақа. Вале дар Тоҷикистон тибқи мушоҳида аксари кадрҳо аз як минтақаанд», мегўяд Исмоил Раҳматов. Ба гуфтаи номбурда, дар сурати интихоби кадр бо шартҳои маъмулии байналмиллалӣ тамоми бахшҳои Тоҷикистон рушд ёфта, фасод низ ба оҳистагӣ аз байн хоҳад рафт.

Таҳлилгарон дар умум аз воридшавии Тоҷикистон ба созмони мазкур интизориҳои зиёд надоранд. Ба бовари онҳо одатан давлатҳои дунё тамоми мушкилоти бахши иқтисодиашонро то замони воридшавӣ ба СҶТ бартараф мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо ваъдаи бартараф кардани он мушкилот узвияти СҶТ-ро ба даст овард. Коршиносон бо ишора ба шароити иқтисоду тиҷорат дар давлатҳои аъзои СҶТ мегўянд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди надоштани иқтисодиёти устувор ва истеҳсоли саноатӣ вориди ин созмон шуд. маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон танҳо истеҳсоли пунба ва алюмин ба роҳ монда шудааст ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин маҳсулот то ба давраи коркард нарасида, ҳамчун ашёи хом фурўхта мешавад. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар бозори иқтисодии ҷаҳонӣ мавқеи устуворро ба даст нахоҳад овард. Дар ҳар сурат барои беҳтар гардидани вазъ таҳлилгари тоҷик мегўяд бо ба даст овардани узвият дар СҶТ Тоҷикистон метавонад бо кишварҳои узви ин созмон қарордодҳои дуҷониба баста, воридоти технологияи заруриро бо нархи дастрас ба роҳ бимонад. Дар сурате, ки 90 дарсади молу коло ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад, пас ба даст овардани узвияти СҶТ ба нафъи кишвари мост.

Паҳлўи дигари мусбати воридшавии Тоҷикистон ба ин созмонро коршиносон дар бартараф намудани муҳосираҳои иқтисодӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷ унвон намуд. Ба таври мисол метавон аз муҳосираи иқтисодии Ўзбекистон дар солҳои гузашта ёдоварӣ намуд. Кишварҳои узви ин созмон дар доираи ширкатҳои муштараки суғуртавӣ низ равобит ва ҳамкории иқтисодии устувор доранд. Ширкатҳои муштараки суғуртавӣ ҳуқуқи дахолат ва бартараф намудани ҳамагуна монеаҳоро доранд. Масъалаи дигари зарурияти ба даст овардани узвият дар созмони мазкурро коршиносон дар имкони ҳарчи бештари тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ унвон мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин созмон 159 кишварро фаро мегирад, ки аксари онҳо дар бахши иқтисод пешрафтаанд.

Фирдавс Раҳимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)