Бахшҳо
11 мар 2013 19:17Тоҷикистон / Сиёсат

Атобек Гулмамадов: “Наркобарон” ё бачаи одии кӯҳистон?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Пайвандони Атобек Гулмамадов, ки аз ҷониби мақомоти Русия яке аз калонтарин “наркобаронҳо” арзёбӣ мешавад, иттиҳомот алайҳи ӯро сохта ва беасос медонанд.

Гулчеҳра Гулмамадова, хоҳари Атобек Гулмамадов, дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” “наркобарон” тасвир шудани бародарашро аз ҷониби мақомоти Русия ғайривоқеӣ донист. Ӯ гуфт, “бародарам дар Русия оиладор шуда, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Соле як бор ба дидорбинии падару модари пирам ба Тоҷикистон омада, муддате дар Ишкошим ва муддате дар Душанбе ба сар мебурд. Инчунин, тиҷорати худро дошт. Одатан аз Дубай ба Душанбе мошин оварда савдо мекард. Дар Душанбе муштариёни доимӣ дошта, бо фармоиши онҳо мошин меовард. Муддате, тақрибан солҳои 2009-ум, ба тиҷорати орд низ машғул буд.”

Гулчеҳра Атобекова дар идомаи суҳбат бо “Озодагон” афзуд, “ҳар касе, ки Атобекро нашиносад шояд ба навиштаҳои расонаҳои русӣ бовар мекунад, вале ҳақиқат ин тавр нест. Ӯ чӣ гуна «наркобарон»-и калон будааст, ки ҳеҷ моликияти арзишманде надорад. Падару модараш дар як кулбаи фақирона дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Ишкошим ба сар мебаранд.”

Озодагон:
Аммо бино ба иттилои расонаҳои Русия бародари Шумо дар Дубай ду хонае дорад, ки ҳар кадомашон 300 ҳазор долариянд...

Атобек Гулмамадов (Акс аз интернет)Гулчеҳра Гулмамадова:"Не, Атобек онҷо иҷоранишин буд. Инро дӯстонаш метавонанд тасдиқ кунанд. Атобек таърихи 8-уми декабри соли гузашта аз Душанбе ба Дубай рафт. Ӯ дар ин авохир майли фаъолият ва зиндагӣ дар Дубайро дошт. Ба гуфтаи ӯ дар Дубай зиндагӣ назар ба Душанбе осонтар, зеро онҷо маҳсулот арзон аст. Барои ҳамин, ӯ тасмим дошт, дар Дубай як хона иҷора гирифта, нуқтаи мошиншӯйӣ таъсис диҳад..."

Дар ҳамин ҳол наздикони Атобек Гулмамадов аз он нигаронанд, ки бо вуҷуди гумонбар будани Атобек имрӯз мақомот ва ҷомеаи Русия ба номи ӯ ҳамчун ҷинояткор ва наркобарони калон муҳр задаанд.

Ахиран Ренат Курамшин, масъули Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия, зимни баромадаш дар барномаи телевизионии “Русия-1” мақомоти Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз Атобек Гулмамадов, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Дубай боздошт шуда буд, айбдор кард. Курамшин гуфт, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Гулмамадов ба Русия ба мақомоти Дубай нота фиристодааст: “Дар нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тақрибан омадааст, ки Гулмамадовро дар Русия шиканҷа, таъқиби беасоси ҷиноӣ ва ғасби амвол интизор аст.”

Курамшин ин дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро далели он донистааст, ки созмонҳои калони ҷиноӣ ва нашъаҷаллобоне амсоли Гулмамадов дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳо доранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зидди маводи мухаддир, собит шудааст, Гулмамадов узви шабакаи байналмиллалии қочоқи маводи мухаддир аст ва шахсан интиқоли тақрибан 400 кило ҳероинро ба Русия роҳбарӣ кардааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Атобек Гулмамадов ба Дубай ягон хел нота ва дархости хаттӣ ё шифоҳӣ ирсол накардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон – волидони Гулмамадов, танҳо сафорати Тоҷикистон дар Абу Дабӣ бо ирсоли нома аз мақомоти Дубай хоҳиш кардааст, ки дар бораи сабабҳои боздошт ва ҷойи нигоҳдории Гулмамадов иттилоъ диҳанд. Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷӣ, он иттилое, ки муфаттиши рус, Ренат Курамшин, аз телевизиони ин кишвар эълон кард, дар нота инъикос наёфтааст.

Атобек Гулмамадови 39-сола, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рӯзи 7-уми феврали соли равон ба Русия таслим гардид. Акнун дар сурати исботи гуноҳҳои пешгузоштаи мақомоти рус, Гулмамадовро дар ин кишвар ҳабси абад интизор аст.

Ҷузъиёти қазияи Атобек Гулмамадовро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Озодагон” пайгирӣ кунед.
Мӯҳр
Ма хам дар Душанбе амволи зиед дорм, як болнисаи шахси ва склад калона ба Юнисеф аренда додгийм. Пага интерпол ба сари махам миея? Бад да Канали орт е россия 24 мара наркобарон гуфта нишон метан?
Холо ки ма точири тоза хастм ва намояндаи точикистон да олмон кор кадесам.
Пахат замона вайрон шидай, хукумат слабы шидай, ай точикистон хуй хурдан даркорай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)