Бонки марказии Русия мегӯяд, дар соли 2012-ум аз Тоҷикистон ба ин кишвар 361 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки назар ба ҳаҷми маблағҳои аз Русия ба Тоҷикистон воридшуда 10 маротиба камтар аст.
Тибқи иттилои ин Бонк дар соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 3 миллиарду 651 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки нисбати соли пешӣ ҳудуди 20 дарсад бештар аст. Аз рӯи ҳаҷми маблағҳои аз Русия воридшуда Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Узбакистон дар ҷои дуюм меистад.
Шаҳрвандони Узбакистон аз Русия ба Ватанашон 5 миллиарду 700 миллион доллари амрикоӣ равон кардаанд. Ҳаҷми интиқоли маблағ ба Қирғизистон дар соли гузашта 1,859 миллиард, ба Қазоқистон 461 миллион ва Туркманистон 37 миллион долларро ташкил додааст.
Ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аввали соли равон дар ҳудуди Русия дар маҷмуъ 1 миллиону 60 ҳазор тоҷик иқомат доштааст, ки 400 ҳазорашон дар қаламрави ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд.
Мӯҳр