Бахшҳо
12 мар 2013 16:02Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ гуфт, ҲНИТ дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), эълом кард, ҳизбаш дар интихоботи президентии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунад. Ин ҳарфҳоро ҷаноби Кабирӣ дар нишасти намояндагони аҳзоби сиёсӣ, рӯзи 12-уми март, дар Душане баён дошт.

Аммо ӯ гуфт, то ҳол рӯшан нест, ҳизбаш ба кадом шакл дар ин интихобот ширкат хоҳад ҷуст. Яъне бо номзади худ, ё бо пуштибонӣ аз номзадҳои дигар.

Сайидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар ин нишаст иштирок дошт, гуфт, ҳизби ӯ дар интихобот бо номзади худ ширкат меҷӯяд ва ин нафарро Анҷуман маълум хоҳад кард.

Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар интихоботи президентӣ барои Ҳизби халқӣ-демократӣ рақиберо намебинад. Ӯ дар шарҳи суханони худ гуфт, "ягон ҳизб дар ин сабқат бо ҲХДТ рақобати ҷиддӣ карда наметавонад. Зеро на ҲНИТ ва ҲУСДТ то имрӯз барномаи иқтисодии рушди Тоҷикистонро надоранд.”

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни радди суханони Шарипов изҳор дошт, ки “ҲУСДТ таҳлил кардааст, ки Тоҷикистонро метавон дар давоми 6 моҳ пурра бо барқ таъмин кард.” Ҷаноби Зоировҳамчунин гуфт, дар сурате ки назорати тамоми қитъаҳои раъйдиҳӣ дар ихтиёри намояндагони ҳизби ҳоким аст, «иштирок дар ин интихобот маъно нахоҳад дошт». Қаблан ҷаноби Зоиров дар суҳбат бо «Озодагон» гуфта буд, ки талош хоҳад кард, то аҳзоби сиёсӣ бо номзади ягона вориди интихобот шаванд. Дар ҳоле ки Ҷунбиши миллӣ, як созмони сабтиномнашудаи сиёсӣ, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ эълон кардааст.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин интихобот бо номзади худ иштирок мекунад ва ва ин номзад Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, хоҳад буд. Аҳзоби дигар ҳоло бештар рӯи он пофишорӣ доранд, ки қонуни интихобот ислоҳ ва ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ таъмин шавад.
Мӯҳр
Барномаи Иктисодии ХХДТ буд,ки ба чунин бухрони иктисоди гирифтор шудем.Кисми зиёди кувваи кори аз паи як бурда нон овораву сарсонанд.Дар бораи таъмини барк хочати гап нест. Агар интихобот шаффоф баргузор шавад намояндаи ХХДТ овоз нахохад гирифт.Ин тарс буд,ки ба Конуни интихоботи президенти тагйироти пешниход шуда кабул нашуд

Мо бо Зоиров! умеддорам, ки интихоботи оянда шафтолубарин шаффоф мегузараду Зоров чаноби оли мешад!

Зоиров сафсата мегуяд. Танхо интикод менамояд. Ман чонибдори Президент хастам. Зоиров барин сиёсатмадорон шуру валвала меандозанду- баъд аз кишвар гайб мезананд. Ягон чиз барои вай дар ин чой мукаддас нест. Хар чи бошад кишвари мо рушд карда истодааст. Хизбхои дигар одоби муоширатро риоя менамоянд, сатхи тафаккури давлати доранд, гайр аз Зоиров.

Зоиров афсона мегуяд..ва тасаввур надорад чи гуна давлат идора мешавад.....Метавон гуфт ки Президенти имруза..аз хамаашон садхо сар баландтар аст...Агар сад интихобот шавад..асосан Зоиров ки бегона аст дар Точикистон хеч вакт аз як кишлокча намегузарад...

Чанобон...шумо боз фикр накунед.....пешниход шавед...хизб ки шуди пешниход шавед...Хеч кас нагурезад...халк овоз медихад..Рахмон мебурад....сафсатахоятонро ба мардум пешниход кунед....як бозии кизик шавад....Зоиров..Кабири..ва гайрахо...як бо бузург сар ба сар шавед..нагурезед

самад
Зоиров хамоне аст ки пеш аз интихоботхо садо боло мекунад. Агар аз пак пак Президент шудан имкон медошт Жириновский кайхо Президенти Россия шуда буд. У дар хает як нафари аз оламу одам норози аст. Ин миллату сарзаминро Худованд мехрубони карда сохиб додааст ва факат накшаю барномахояшро бояд амали кунем. Ва кушиш кунем ки баракат аз сарзамин напарад. Дар таърих миллатхои боаклу тамиз як бор хато мекунанд хатогии дигар ин нести ва нобуди аст.

Суханони Зоировро пурра дастгирӣ мекунам. То он даме, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ намояндагони азҳоби сийсии мухолиф набошанд иштирок дар интихобот маънӣ надорад. Ман худ чанд мисоле аз интихоботҳои гузашта оварда метавонам, лек аз он ҳеҷ суде нест, чун раҳбарони КМИП ба суханон не ба коғазшои аз қитъаҳо гирифта бовар мекунанд ва даъвои ягон ҳизб ё шахсро ба инобат намегиранд.

Мо ба мухтарам Кабири овоз медихем

Каримов
Ман чонибдори ХНИТ хастам !

Хайрандеш
барои дигаргунии Точикистон овоз медихем.

Муъмин
Бояд хар номзад ба Сарконун риоя кунад на аз мансабаш?

Шахсан мо як гурух чавонон ба сардори давлати ояндаамон мухтарам Мухидин Кабири овоз медихем чаноб иншоаллох шумо голиб мешавед худо шуморо ва хизби шуморо дар чахон сарбаланд гардонад

озоди
Мо мухочирон намехохем, ки дар давлати точикон дигар милатхо рохбар шавад гайр аз точикон.

Абдулох
Касе бошад бо бандагони худо хизмат кунад .

зайниддин
Мо ба эмомали рахмон овощи медихем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)