Бахшҳо

Вокуниши хонанда: «Магар дастбӯсии муллову охунд шахспарастӣ нест?»

Навиштаи докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия, Меҳмоншоҳ Шарифзода, бо номи «Бе арзишҳои исломӣ наметавонем коре бикунем» мавриди баҳси бархе аз хонандагони мо қарор гирифтааст. Ҳоло навиштаи яке аз ин хонандагон, ки худро «Мунтақид» номидааст, дар вокуниш ба матлаби ҷаноби Шарифзода нашр мекунем.

Инак, ин нома:

«(Вақте зартуштӣ камари бандагиро се бор гирди миён давр занонда ва дар ҳар давр калимаи пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро такрор мекард, вале пеши шоҳаншоҳ саҷда мекард, на пеши Ҳақ, маълум аст, ки ҷомеа ба як дониш ва таҷрибаи комилтари шинохти ҳастӣ, ҳақ ва ҳақиқат ниёз дошт.)

Ҷаноби Меҳмоншоҳ, касе ки бо зикри "пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" куштӣ ба камар мебандад, пеши касе саҷда намекунад, чун саҷда пеши касе хилофи ин асл аст. Назди шоҳону фармонравоён таъзим кардан дар ҳамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо, аз ҷумла исломӣ, вуҷуд дошта ва танҳо ба зартуштиён маҳдуд намешавад. Ин як расм ё прутукули дарборӣ буда ва имрӯз ҳам дар кишварҳои салтанатӣ роиҷ аст. Дар назди мусалмонон ин суннат ба ифрот расида буд.

(Дар таҷрибаи Исломӣ буд, ки мардон фаҳмиданд, камари бандагиро дар дил мебанданду дар баробари ҳақ саҷда мекунанд, на дар баробари банда.)

Оё Шумо метавонед собит кунед, ки расми "саҷда кардан" назди ҳокимону фармонравоён дар замони исломӣ ва назди мусалмонон роиҷ набуд? Магар мусалмонон тайи ин ҳазору понсад (500) сол назди амирону салотини турку муғул ва араб миёни худро дуқат карда саҷда намекарданд??? Магар пеши пойи онҳо намеуфтоданд? Магар садҳо шоъири дарборӣ, мисли Унсурию Фаррухию Анварию... камари хидмат ва ғуломӣ барои ҳукком ва амирону фармонравоёни турку муғул набаста ва садҳо қасидаи ғарро дар мадҳи онҳо нанавишта буданд?

(Зиндагии авлиёи Худоро дар фарҳанги Исломӣ-Тоҷикӣ бубинед, ки одамиятро ба кадом зина расониданд. Аслан дар фарҳанги башарӣ касе мисли ин қавм барои маънӣ, сухан ва бунёди одамият ҷонбозӣ накардааст. Ин мардон гуфтаи Зартушт “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”-ро на танҳо такмил доданд, ҳатто дар баъзе ҷо беҳтар ин маъниро дар сухан ва амал баён кардаанд.)


Ҳамин "авлиёи худо" ки мегӯед киҳо ҳастанд? Магар ҳамон ба истилоҳ "фавқибашарҳое" нестанд, ки мардуми мусалмон парастиши онҳоро ба дараҷаи худоӣ расондаанд? Аслан чаро шумо култи одампарастӣ ва шахспарастиро дар даврони исломӣ намебинед? Аз паямбару аҳли байташ гирифта то имомону сайидҳову эшонҳову хоҷаҳо, ки шумо "авлиёи худо" меномед, чаро ин қадар миёни мусалмонон парастиш мешаванд? Ҳатто қабру мақбараҳои онҳоро мебусанд? Барои Ҳусайн садсолаҳо боз даст ба худзаниву худхуншоркунӣ мезананд? Назди охунду мулло ва эшон мераванду миён дуқат мекунанду дастонашонро мебӯсанд? Инҳо магар шахспарастӣ ва одампарастӣ нест? Оё дидед, ки ҳеч зартуштие ба ҷуз Аҳурамаздо кас ё чизи дигареро парастиш ё ниёш кунад? На шоҳон ва на бузургони дини Зартушт дар гузашта ба ин андоза мавриди парастиш қарор нагирифтаанд ва таърих ҳам ёд надорад. Дар ҳоле ки мусалмони бечора дар намозаш ҳар рӯз султон Маҳмуду Темуру дигару дигаронро дар канори паямбар ва хулафои исломӣ ёд мекунад ва ба онҳо салавот мефиристад. Магар фирқае аз ислом нест, ки Алиро ба дараҷаи худоӣ боло бурдааст?"
Мӯҳр
Албатта мн ҷо бояд баҳс кушода бошад ва касе кӣ чизе хоҳад менависад. Аммо нафаре ки бо номи мустаори мунтақид сухан гуфтааст шояд аз коммунистони собиқе аст ки муборизаи зидди ислоро кӣ на танҳо форсро балкӣ тамомо башариятро аз бандагии бандагон ба бандагии парвардигори бандагон даъват мекунад....гирифтаастАгар ин гуна набошад чаро гапи беасос мезанад ? Оё дар Маккаю Мадина рафта диди ки одамон оли байтро ибодат мекунанд ?

??Алипарастию қабрпарасти саноати хориҷии мачусист ки ба ислом дахл надорад.......Ва дастбӯси ва ҳатто побӯси хосси шоҳони Аҷаму Рум буд ...Ҳатто вақте ҳазрати Маъоз ибни Ҷабал ки яке ас саҳобагони киром асту барои даъват ба шом рафта буд ва лаҳзае аз шом баргашт ба Мадинаи Мунаввара пеши пои ҳазрати муҳаммад с саҷда кард.......Вақте ки ҳазрати муҳаммад с сабаби ин саҷдаи ӯро пурсид...Ӯ гуфт аҳли Рум Шоҳон ва Амиронро саҷда мекунанд ва ту авлотар астӣ аз барои саҷда кардан.....Вале ҳазрати Муҳаммад с Маозро аз саҷда кардан манъ карда гуфт дар ислом фарқе байни амиру фақир нест........Агар ҳатто ба зиндагии халифагони ислом Абубакру Умар Усмону Али назар куни хоҳи дарёфт ки хурок ва пӯшоки онҳо аз фақирон тамоман фарқ надошт ва бисёрии рӯзон рӯзадор буданд......Даврони хилофати Абубакр буду Умари Хаттоб бо худ аҳд кард кӣ бояд ҳар рӯз бенавоеро дастгирӣ кард....Кампири бекасеро ёфта ба хидмати ӯ камар баст...Ва пагоҳи омада дид хона рӯфта ва хӯрок таёр барои кампир....Чанд рӯз омада ҳамин ҳолро дид...Як рӯзи дигар барвақттар омада дид ки он одам Абубакр аст ки халифаи мусулмонон буд дар он вақт...........Дори ҳамин гуна подшоҳ дар тамоми дунё аз аввал то охири дунё ??? Пасон ба олимони мо шӯхи накун ки мою ту баринҳо ба нохуни пои онҳо намерасем......Бар замми оне ки маълумоти оддие аз орҳо надорӣ боз таҳқиру тавҳини онҳоро раво мебини ...Дар ҳоле ки тоҷик дар дунё бо олимлну шоиронаш машҳур аст ....Ва илми шумо маълум ки набошад донед ки устод Меҳмоншо беҳтарин кадри тоҷикистон аст ва даҳҳо олимону нависандагони тҷик инро дар эълом нашр кардаанд валлоҳу аъламу би
савоб

Ба бародар Мунтақид
1. Ин ки мегӯед «Назди шоҳону фармонравоён таъзим кардан дар ҳамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо, аз ҷумла исломӣ, вуҷуд дошта ва танҳо ба зартуштиён маҳдуд намешавад» бародар баҳс сари андеша ва дин аст на мутадинон. Шояд бархе таъзим кунанд вале аввалан ислом онро таъйид намекунад сониян ифроти онро ҳатто дар рафтори салотини исломӣ исбот кардан сахт аст, албатта дар муқоиса бо дигар тамаддунҳо ба хусус Руму Эрони Бостон. Шояд шумо бигуед дар дини Зартушт ҳам чунин нест балки рафтори зартуштиён чунин аст. Дар посух бояд гуфт, мутаассифона хеле аз чизҳоеро ки пазиришаш барои шумо мушкил аст дар Авасто омадааст. Мисли парастиши арбоби анвоъ…

2. Ин ки мегӯед «Оё Шумо метавонед собит кунед, ки расми "саҷда кардан" назди ҳокимону фармонравоён дар замони исломӣ ва назди мусалмонон роиҷ набуд?...» бародари гиромӣ шумо миёни таъзим ва саҷда тафкик қоил нашудаед сониян бо фарзи исботи он дар мавориди хосе, ки имкони вуқуяш вуҷуд дорад. Оё метавон бо пайдо кардани як маврид чунин амалро ба тамом ислом ва мусалмонон сироят дод. ва агар амсоли Фаррухиву дигарон ки ҷанбаи адабии онҳо беш аз ҷанбаи руҳонияти исломии онҳост, ба чунин шеру тавсифҳо пардохтанд, бо камоли таассуф мо дар торихи Эрони бостон мебинем, ки руҳонияти зартуштӣ аслан бозичаи сиёсат буданду дар дарбор ба ҳар коре ки подшоҳ мехост даст занад мутеъу буданду таъзимкунанд. Оё ин ғайр аз бурдани мақоми шоҳ ба манзалаи болотар аз ҳади инсонӣ аст? Шумо як саре ба даврони ба қавли худатон дурахшони тамаддуни бостон яъне Ҳахоманишиён, бизанед ва бубинед, чи қадар Аҳурамаздо парастиш мешуд? ва чи қадар муғон дунболи шоҳон буданду дарборӣ. Ҳоло тавсифу таърифу таъзимро худ ёбед. мутаассифона бештарин тахрибҳо дар яктопарастӣ тавассути шоҳон ва муғони дарборӣ дар ҳамон давроне шудааст, ки ба он таммаддун меболеду менозед.

3. Ин ки мегуед«Магар ҳамон ба истилоҳ "фавқибашарҳое" нестанд, ки мардуми мусалмон парастиши онҳоро ба дараҷаи худоӣ расондаанд? Аслан чаро шумо култи одампарастӣ ва шахспарастиро дар даврони исломӣ намебинед....» аввалан дар ҳеҷ ҷое аз ислом қоил ба фавқибашарӣ будани шахсе аз паёмбар то муллову эшон нашудааст ва ривоёти зиёде вуҷуд дорад, ки паёмбар (с) мефармояд ман башаре мисли шумо ҳастам. мунтаҳо башаре ки ба мақоми дарёти ваҳй расидааст ва магар зартушт ғайри инро иддао мекард? ва барои муллоҳо низ ҳеч кас мақоми илоҳӣ қоил нест. сониян шумо миёни табарруку тааббуд тафкик қоил нестед. Агар фарде ба қасди табаррук қабреро мебусад ҳатман у он қабр ва шахсро дар мақоли улуҳият ва шоистагии ибодат қарор надодааст балки ба хотири мақоми волои у табаррук меҷуяд. оташро муқаддас донистан магар дар канори Худо қоил ба улуҳият оташ шудан аст? солисан дастбусӣ низ ибодат нест балки ибрози эҳтироме астки мутамоиз бо эҳтироми дигарон бошад ва албатта хеле зиёд ҳам нест, ки ибодат бошад.
Хулоса бо баёноти оқои Меҳмоншоҳ мувофиқам ва оид ба баргашт ба тамаддуни Бостон ва тарҷеҳи он ба ислом тааммулоти ҷидди дорам

Barodaro Zuhuridin va Sabur ba taassub roh dodaand.
Bo in sukhanoni obshusta khostaand MUNAQQID-ro inkor va haqiqati chun oftob ravshan dar mavridi tamalluqi musulmoniro bo domanashon pushonand. In hazrati Abubakru Umare, ki meguyed na Arastu hastandu na Arkhimed. Dar ta'rikhi ilm maqome nadorand. Faqat aqidahoi siyosii Muhammadro tavonistand, ki pesh barand va muvaffaq ham shudand.
Aslan Mehmonshoh kutohnazari karda bud. U ba khubi medonad, ki islome ki hazorsola dar mo ast hamon GUSOLAI Zarrinparastiro memonad. Imruz u gumon mekunad, ki rohi najot dar islom ast, ammo fardo nakhust khudi u qurbonii musulmonii mo megardad. Mehmonsho mekhohad, ki yak millatro ba sathi yak qabila, ki tanho yak binish doshta boshad farorad, ya'ne mekhohad, ki yak millatro qashshoq sozad. Az vujudi millathoi ozoda hazoron binish va jahonbini tavlid meshavad, zero in guna millatro hanuz yagon haqiqati durughini diniyu khurofoti az po nayaftondaast, ammo millati beasolat khurofotitar va taassubtar megardad. Khushbakhtiash dar on ast, ki badbakhtii khudro naeshinosad.
Bubined, yak rushanfikri tojik tahammuli yak binishi ma'mulii digarro nadorad. Aslan onguna, ki raviyahoi kommunisti, masehi....dar Tojikiston fa'ol hastand, zardushtiya fa'ol nest. Shoyad yagon ravshanfikre, ki hanuz asolati milliash namurdaast va firebi yagon eshoni nazarfirebro nakhurdaast, az on jonibdori karda boshad. Hamin yak amali sirf farhangi dar didai tangi rushanfikri tojik metobad, ammo in hama badbakhti ki digar jarayonho ovarda istoddand az nazarash pinhon memonad.
Agar mohiyati andeshahoi Mehmonshohro bozshinosi kunem, ba khubi darmeyobem, ki u dar sathi yak muridi mulloi mahalli jahonro mebinad. Mutaassifona hej nametavonad az hamin band khalos shavad. Na Heidegger ba najotash merasadu na Mavlono. Umedvorem Bedil najotash dihad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)