Бахшҳо

Абдуллоҷонов: "Истирдоди ман ба Тоҷикистон ба ҳукми марг баробар аст"

Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев, маркази Украина, ҳукм кардааст, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, то як сол дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Ин ҳукмро рӯзи ҷумъаи 15-уми март додрас Владимир Бугин эълон карда ва гуфтааст, дар ин муддат масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

НАЗАРИ ВАКИЛИ МУДОФЕЪ

Худи Абдуллоҷонов ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистонро баробар ба ҳукми марг донистааст. Хабарнигори пойгоҳи интернетии УНИАН, ки ин мурофиаи додгоҳиро назорат мекард, мегӯяд, нахуствазири собиқи Тоҷикистон аз бархӯрди додситонии Украина бо ӯ шикоят намудааст. Ӯ гуфта, ки додситонии Украина бо нақзи чаҳор қонун ва он ҳам ду қонуни байналмилалӣ ӯро боздошт карда ва дар ҳабс нигоҳ медорад.

Абдуллоҷонов боздошташро ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон рабт дода ва афзудааст, «ман ба онҳо зинда лозим нестам. Ҳоло ҳукуматдорони Тоҷикистон аз он ҳарос доранд, ки ҳар як ислоҳ алайҳи онҳо равона хоҳад шуд.» Ҷаноби Абдуллоҷонов инчунин гуфтааст, қарор буд моҳи феврали соли ҷорӣ ӯ ҳаққи шаҳрвандии Амрикоро ба даст орад. «Тамоми ҳуҷҷатҳо омода буданд ва ман ба коре ба Украина омада ва мехостам дубора бозгардам»,-изҳор доштааст ӯ.

Абдумалик Абдуллоҷонов панҷуми феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Борисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуд. Онҳо гуфтанд, нахуствазири пешинро бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт кардаанд, ки ҳудуди 15 сол боз таҳти пайгард қарор дошта, барои даст доштан дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешавад. Аммо Амнести Интернешнл ва Созмони Милал бо ирсоли нома ба мақомоти Украина гуфтанд, Абдумалик Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон истирдод накунад, чун ӯро дар кишвараш шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ дар интизор аст.


Акс аз торнамои Радиои Озодӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)