Бахшҳо

Пирӯзии навбатии «Равшан»-и Кӯлоб ва ҳам ғалабаи калони «Истиқлол»

Даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии футболи мамлакат ба анҷом расид.



Тавре Нуралӣ Хоркашев, ёвари президенти федератсияи футбол  ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин марҳила дастаи «Энергетик» дар майдони худ аз тими «Истиқлол» бо ҳисоби калони  2 бар 6 шикаст хӯрд, клуби «Регар ТадАз» дар майдони худ дастаи «Шодмон»-и Ҳисорро қабул намуда бо ҳисоби 3 бар 1 ғолиб омад. Ӯ афзуд, бозӣ байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Хайр», ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри  Хуҷанд доир гардид, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт, дастаи «Равшан» бошад, дар сафар бо дастаи «Гвардия»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Политехникум» вохӯрда бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардид.

Бино ба қавли манбаъ, феълан дар ҷадвали чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, тими «Истиқлол»-и Душанбе бо 40 имтиёз дар зиннаи аввал,  «Равшан»-и Кӯлоб бо 38 имтиёз дар ҷойи дуюм ва ва клуби «Регар ТадАз»-и Турсунзода бо 36 имтиёз дар мақоми сеюм қарор доранд.

Маврид ба ёдоварист, даври 22-юми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 8 ва 9-уми июл баргузор хоҳад шуд. Дар ин сабқат рӯзи 8-уми июл дастаи «Истиқлол» дар майдони худ  «Шодмон»-и Ҳисорро қабул менамояд, рӯзи 9-уми июл, «Парвоз» бо   «Хуҷанд» сабқат менамояд, тими «Энергетик» бо «Регар ТадАз»  во- мехӯрад, дастаи «ССКА ПОМИР»-и Душанбе  бо «Хайр» қувааозмоӣ менамояд. «Вахш»-и Қурғонтеппа  бошад, дар майдони худ бо яке аз пешсафони тақвими чемпионат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рақобат хоҳанд кард.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)