Бахшҳо

Варзишгар: Кумита як занги телефониро ҳам дареғ дошт

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Хушқадам Хисравов, варзишгари тоҷик, ду рӯз қабл дар Маскав барои дарёфти ҷоизаи Анатолий Харлампиев, асосгузори гуштии самбо дар мусобиқаи байналмилалии Суперҷоми ҷаҳон ҳунарнамоӣ намуда, бо нишони биринҷӣ ба ватан баргашт. Ӯ ҳоло донишҷӯи соли дувуми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов ва ҳамзамон устоди варзиши дараҷаи байналмил аст. Хисрав меҳмони “Озодагон” буд ва ба чанд саволи мо посух гуфт.

- Шуморо барои пирӯзӣ табрик мекунем ва бигӯед, ки ин нишон ба чи қимате ба Шумо даст омад?

Хушқадам: “Дар ин мусобиқа бо се ҳарифи нерӯманд қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии Суперҷоми ҷаҳон шудам. Мусобиқаи мазкур, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз сурат гирифт ва бояд бигӯям, ки ин медал ҳамчун як туҳфаи наврӯзиест барои Тоҷикистони азиз ва дӯстдорони варзиш.”

-Ҳарифонеро, ки Шумо шикаст додед, варзишгарони кадом кишварҳо буданд?

Хушқадам: “Бале дар ёд дорам, якумин рақиби ман аз давлати Қазоқистон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ буд, ки ӯро бо ҳисоби калони 9 бар 1 шикаст додам. Ҳарифи дувумам аз давлати Белорус буд, ки ӯро бо ҳисоби 4 бар 3 мағлуб намудам ва рақиби аз ҳама пурқуввати ман дар ин мусобиқа қаҳрамони панҷкаратаи Аврупо варзишгари гурҷӣ буд, ки ӯро бо ҳисоби 6 бар 5 ноком кардам. Бояд бигӯям, ӯро дар сонияҳои охири қувваозмоӣ бо тариқи лат додани даст мағлуб сохтам. Дар вохӯрии навбатӣ барои ба финал роҳ ёфтан боз бо варзишгари дигари пуртаҷрибаи Гурҷистон вориди сабқат шудам, замоне ки ҳисоб 1 бар 1 буд, мутаассифона, бо сабаби лат хӯрдани поям қувваозмоиро идома дода натавонистам. Вале барои гирифтани нишони биринҷӣ хақ доштам. Чунин ҳолат рух намедод, мумкин буд, ки медали тиллоро ба даст меовардам.”

-Дар ин мусобиқа танҳо Шумо аз Тоҷикистон иштирок надоштед, дуруст?

Хушқадам: Ҳамроҳи ман ду варзишгари дигар аз Тоҷикистон рафта буданд. Агар хато накунам тақрибан 15-20 варзишгари дигари тоҷик низ, ки дар Русия тамрин мекунанду кору фаъолият доранд дар мусобиқа ширкат карданд.”

-Ҳамроҳонат чӣ гуна ҳунарнамоӣ карданд?

Хушқадам: “Каъбатулло Аминов, ки дар вазни 62 кило бо варзишгари гурҷӣ қувваозмоӣ кард, ҳамагӣ як имтиёз камтар аз ҳариф ба даст оварда бо ҳисоби 3:4 мағлуб шуд. Сайфиддин Раҷабов бошад, дар вазни 68 кило бар ду ҳариф дастболо шуд, вале аз ҳарифи сеюм шикаст хӯрд.”

-Аз варзишгарони тоҷик, ки дар Русия ҳастанд ягон нафар соҳиби медал шуд?

Хушқадам: “Маҳмадсафар Маҳмадрасулов дар вазни то 90 кило ҷойи дуюм гирифта, медали нуқраи ин мусобиқаро ба даст овард.”

-Сафари Шумо ба ин мусобиқа бо дастгирии кӣ сурат гирифт?

Хушқадам: “Ман бо қисми ҳарбии ССКА барои чор сол қарордод ба имзо расонидаам, ки тӯли ин муддат ба кадом мусобиқае, ки набошад бо дастгирии онҳо меравам. Ин аввалин мусобиқае буд, ки маро бурданд. Дар асоси қарордод аз якуми апрел ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил мешавам. Ҳамроҳонам низ аз ҳамин тариқ рафтанд.”

-Чаро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ шомил шудед...?

Хушқадам: “Ин хоҳиши худи ман буд, зеро, онҳо меҳнати моро қадр карда ба мусобиқаҳои байналмиллалӣ сафарбар мекунанд. Вақте аз мусобиқа баргаштем дар фурудгоҳ хуб пешвоз гирифтанд.”

-Аз Кумитаи ҷавонон ҳам ягон нафар ба пешвози Шумо баромад?

Хушқадам: “Не касе наомада буд. Ҳатто як суҳбати телефониро ҳам дареғ доштанд.”

-Шояд онҳо намедонистанд, ки Шумо кай ба ин мусобиқа рафтаеду кай бармегардед?

Хушқадам: “Ин бори аввал нест... Ба фикри ман онҳо ба хубӣ медонистанд, ки ин мусобиқа кай баргузор мешавад ва киҳо Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Мо танҳо бо ҳамроҳии устод Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон, дар шабонарӯз ду маротиба тамрин мекардем. Агар Кумитаи ҷавонон моро дастгирӣ мекарданду ба машқҳои дастаҷамъонаи беруна сафарбар мекарданд, мумкин буд, ки мо чемпион шавем. Мутаассифона на аз ҷиҳати хурокворӣ ва на аз ҷиҳати либос дастгирӣ намекарданд.”

-Гуфтед, ки лат бардоштаед, муолиҷа кардед?

Хушқадам: “Насиб ҳамин рӯз ба духтур муроҷиат мекунам, баъд маълум хоҳад шуд, ки чи шудааст... Мо ягон духтури махсус надорем, ки латбардоштан замон муолиҷа кунем, аз ҳамин сабаб дард куҳна мешавад ва кай вақте, ки имкон даст дод баъд ба духтур меравему табобат мегирем.”

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Хушқадам: “Ман кушиш мекунам, дар мусобиқаҳои оянда ширкат варзида, чемпион шавам ва парчамбардори ватани хеш бошам.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)