Расулзода мансабдоронро гирифта, назди шаҳрвандон бурдааст
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, усули нави қабули шаҳрвандонро аз ҷониби мансабдорони ин навоҳӣ бо унвони “Равзанаи ягона” роҳандозӣ кардааст.
Тавре маъмурияти вилояти Суғд хабар медиҳад, Расулзода, мудирони шуъбаю сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбутаро ҷамъ оварда, ба навоҳии вилоят рафта, эъроду пешниҳодҳои шаҳрвандонро шунида барои ҳаллашон дастур медиҳад. Ба иттилои манбаъ марҳилаи навбатии қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Суғд, аз шаҳри Панҷакент оғоз ёфтааст. 26-уми март дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Расулзода бо дигар масъулини вилоят арзу шикоят ва дархости 176 сокинро шунида, ба ҷамоатҳои дигари Панҷакент рафтаанд.
Бештари сокинон перомуни масоили тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, таъминот бо оби полезию ошомиданӣ, набудани майдончаҳои варзишӣ, хуб кор накардани хатти барқ дар баъзе минтақаҳо ва мусоидат ба сохтани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ муроҷиат карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |