Се нафар аз як хонавода дар канали «Бачамазор»-и рустои Кӯктоши поёни ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ғарқ шудаанд.
Дар ин бора Нигора Солиева, масъули дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Номбурда зимни ташреҳи ин хабар гуфт, баъд аз зӯҳри 5-уми июл сокинони деҳаи «Пахтакор»-и ноҳияи мазкур, бародарону хоҳари онҳо- Орзуи 3-сола,Ҷамолиддини 7-сола ва Бибимайрами10-сола (Абдулаҳадовҳо) дар канали «Бачамазор» саргарми оббозӣ шуда, ба коми наҳр рафтаанд. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ, ҷасади кӯдаконро аз соҳили муқобили канал дарёфт намудаанд
Мӯҳр