Бахшҳо

Барои 1 соати таваққуф- 3 сомонӣ ва барои гум кардани корт- 5 доллар ҷарима

Дар  назди майдони фурудгоҳи Душанбе  таваққуфгоҳи пулакии шабонарӯзӣ ташкил карда шуд.


Тавре ба « Озодагон» аз дафтари матбуотии фурудгоҳи байналмилалӣ иттилоъ доданд, ин таваққуфгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ  ва сифати хизматрасонӣ, таъмини амнияти мусофирон, бор ва бағоҷи онҳо, ҷорӣ намудани тартиб ва танзим дар вуруд ва беруноӣ дар фурудгоҳи мазкур роҳандозӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, аз ҷониби дигар, муносибатҳои бозаргонии иқтисодӣ тақозо менамоянд, ки корхона сарчашмаи нави даромадро ҷустуҷӯ кунад. Барои ташкил намудани таваққуфгоҳ ва ҷорӣ намудани низоми электронии пардохт аз ҷумҳурии халқии Чин дастгоҳи ҳисобкунии автоматӣ харидорӣ карда шуд.Тарифи пардохт бошад, ба шакли зерин муайян шудааст:
1.Барои 5 дақиқаи аввали соати якум-ройгон (бепул)
2.Ҳар як соати пурра ва нопурраи дар таваққуфгоҳ будани мошин бо фарогирии 5 дақиқаи аввал -3 сомонӣ
3.Ҳар як соати пурра ва нопурраи минбаъдаи дар таваққуфгоҳ будани мошин- 3 сомонӣ

Гуфта мешавад, аснои вуруд ба ронанда корти махсус дода шуда, вақти воридшавӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми беруноӣ вақти дар таваққуфгоҳ будан тариқи корт муайян карда шуда, аз ҷониби ронанда маблағи зарурӣ пардохт карда мешавад.
Дар сурати гум кардан, осеб расонидан ва  корношоям кардани корт аз ронанда 5 (панҷ) доллари амрикоӣ ҷарима ситонида мешавад. Маблағи ҷарима бо асъори миллӣ (сомонӣ) аз рӯи курси дар рӯзи пардохт муайянкардаи бонки миллии Тоҷикистон ситонида мешавад. Ташкил намудани чунин шакли хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки ронанда бо мошини худ то пешайвони фурудгоҳ биёяд, мошини худро дар дилхоҳ ҷойи тавақуфгоҳ гузорад ва мутмаъин бошад, ки мошинаш зери назорати кормандон қарор дошта, амнияти он таъмин аст.Бо кушода шудани таваққуфгоҳи тиҷҷоратии нав барои 9 нафар ҷойҳои корӣ пайдо гардид, ки дар навбати худ як банди стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳури  таъмин карда мешавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)