Бахшҳо
30 мар 2013 11:16Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Аз Тоҷикистон метарсанд!

Сиёвуш Қосимзода

Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи 2013 дар қиёс бо ҳамин давраи порсол ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст. Дар моҳи январ ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳама манобеи молиявӣ 168,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки 76,8 фоизи муддати мушобеҳи порсолро нишон медиҳад.

Сармоягузорон дигар ба Тоҷикистон майл надоранд

Дар ҳамин маврид Баҳром Шарипов, коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, ки қарзи давлатӣ аз ҳад зиёд шуда имкони бозгардонии он барои буҷети давлатӣ сангин шудааст. Хоҳиши ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти сармояҳои хориҷӣ дар ҳоли зиёдшавист, аммо самаранокии истифодабарии он хавфҳоро зиёд кардааст. Ба ҳамин хотир аст, ки маблағгузорӣ дар Тоҷикистон аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ дорад маҳдуд мешавад.

"Бо таваҷҷуҳ ба истифодабарии ин маблағҳо беҳтар аст он бештар барои истеҳсоли мол равона гардад, ки дар ояндаи дур фоида меоранд на соҳаҳои иҷтимоӣ. Сангин шудани вазъи молиявии буҷети давлатӣ боис шуда, то сармоягузорон бештари маблағҳоро дар шакли қарзи дарозмӯҳлат то соли 2030 ворид кунанд. Агар вазъияти феълӣ ҳамин тавр давом ёбад, сатҳи зиндагии мардум метавонад бадтар шавад",
изҳор дошт, Баҳром Шарипов.

Бахши давлатӣ самараноктар аз бахши хусусӣ?

Бештари сармояҳои воридшуда дар моҳи январи соли ҷорӣ 37,4 фоиз ба бахши давлатӣ ва 33,9 фоиз ба бахши хусусӣ рост меояд. Корхонаҳои муштарак 8,5 фоиз ва корхонаҳои хориҷӣ 20,2 фоизро ба худ ихтисос додаанд. 18,8 фоизи кулли сармояҳо ҳам ба бахши энержӣ фиристода шуд. Аз ҷумла барои таъсиси корхонаҳои энержӣ 31,7 миллион сомонӣ тақрибан 6,6 миллион доллар харҷ шудааст.

Таҳлилгар Абдуллоҳи Ашўр мегӯяд, ки ягон сармоягузоре ба бахши давлатии Тоҷикистон сармоягузорӣ намекунад. Чун аз бахши давлатӣ фоида ба даст овардан душвор аст. Агар миқдори сармоягузории мустақими хориҷӣ, ки ба бахши воқеии иқтисод яъне бахши хусуӣ равона шудааст, ҳисоб гардад хеле ночиз аст. Ба қавли ин таҳлилгари масоили иқтисодӣ он маблағҳое, ки бо супориши давлатҳои абарқудрат назири Чину Эрон ва Русия ҷудо мешавад низ асоси сиёсӣ доранд ва ин сармояҳо бо супориши ин давлатҳо ҷудо мешаванд на сармоягузорони алоҳида. Ҳоло бо қабули кодекси андози нав ва сарбории миёншикани андозҳо соҳибкорони дохилии кишвар, ки то андозае муваффақ буданд, ба мушкил дучор шуда истодаанд. Ширкатҳояшон зарар мебинад ва ба касодшавӣ наздик шуда истодааст.

"Пас дар ин шароит кадом сармоягузори хориҷӣ ба Тоҷикистон меояд дар ҳоле, ки шаҳрвандони худамон тиҷораташонро пеш бурда натавониста истодаанд. Дар ин шароит албатта сармоягузорӣ кам мешавад. Бо ин ҳол дар мавориде истисноҳо ҳастанд, аз ҷумла бархе соҳибкорони эронӣ аз ночорӣ ба Тоҷикистон барои бизнес меоянд. Чунки забону фарҳанги мо як асту Эрон дар зери таҳримҳои шадид қарор дорад ва меҳоханд дар Тоҷикистон корашонро пеш баранд",
иброз дошт Абдуллоҳи Ашўр.

Гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсатҳои худ бисёртар ба сармояҳои давлатӣ эътибор медиҳад, ки ин нодуруст аст. Ҳар қадар кормандону корхонаҳои давлатӣ зиёд мешаванд, ҳамон қадар коррупсия ва бюрократия афзун мегардад. Нозим Ишанкулов директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд, дар ин ҳолат корхонаҳои давлатӣ дар баробари корхонаҳи хусусӣ наметавонанд рақобатпазир гарданд. Агар фаъолияти корхонаҳи давлатӣ шаффоф сурат гирад, раҳбарони ин корхонаҳо аз нон мемонанд.

"Вақте корхона шахсист, молик саъй мекунад бештар фоида гирад. Аммо онгоҳ, ки корхона буҷависту аз тарафи буҷа сармоягузорӣ мешавад, фоидаи дарёфтӣ ба буҷа меравад на ба кисаи раҳбарият. Сол то сол зиёдшавии сармояҳои давлатӣ нисбат ба хусусӣ нишон медиҳад, ки сармоягузорони шахсии хориҷӣ ба Тоҷикистон омадан намехоҳанд",
гуфт Нозим Ишанкулов. Ба гуфтаи директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон наметавон тамоми корхонаҳоро аз ҳисоби ташкилу таъмин кард, "чун буҷаро мо андозсупорандагон пур мекунем. Аз ин гузашта кафолате ҳам нест, ки оё ин корхонаи аз ҳисоби буҷет таъсисёфта самаранок хоҳад буду ҳазинаҳояшро хоҳад пўшонид ё на".

Системаи андозбандӣ боиси фирори сармояҳо

Нозим Ишанкулов директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, ки кам ворид гаштани сармояҳо бештар ба шароити пеш бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон рабт дорад. Ба унвони далел номбурда аз Кодекси андоз мисол оварда мегӯяд, ки дар асл теъдоди андозҳо аз 20 ба 10 кам нашуда, балки баръакс ҳаҷми он афзудааст. Тибқи Кодекси нав соҳибкорон агар пештар бо патент фаъолият мекарданд, инак бояд шаҳодатнома гиранд.

Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки чун ҳоло самаранокии кори корхонаҳо суст аст, имкониятҳо дар ин самт доранд маҳдуд мешаванд. Барои ҳамин лозим аст ҷиҳати ҳавасмандгардонии соҳибкории хориҷиву дохилӣ барои кор дар Тоҷикистон системаи андозбандӣ мукаммал гардад. Вақте барои истеҳсолкунандагони ватаниву хориҷӣ имтиёзҳо бештар ихтисос дода шудааст, имкониятҳо бояд васеъ шаванд, вале ҳамчунон дида мешавад, ки самаранокии кор поин аст.

Ба эътиқоди иқтисоддонон гузашта аз системаи андоз, масъалаи дигаре, ки воридшавии сармояҳоро кам ва самаранокии онро паст кардааст, ин амнияти сармояҳост, ки дар Тоҷикистон сармоягузорони хориҷиву дохилӣ сармояҳои худро аз даст медиҳанд ва онро боз гардонда наметавонанд.

Баҳром Шарипов мӯътақид аст, ки омадани бештари сармояҳори хориҷиву дохилӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз таъмини бехатарии ин сармояҳо вобастагӣ дорад. Вале чун системаи судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар ингуна масоил амалкарди заъифе доранду бештар ҳимояткунандаи манофеи сармоягузориҳои хусусӣ неву балки ҳимояткунандаи манфиатҳои давлатиянд, ин худ монеаест барои ҷазби бештари сармояҳо ба кишвар.

"Сангтудаи 1 аз Русия ва Сангтудаи 2 аз Эрон асту онҳо барқро ба корхонаи давлатии Барқи тоҷик мефурўшанд, аммо ҳаққи пардохти он бо назардошти 1-2 сол ҳануз ҳам роҳандозӣ нагардидааст, ки ин боиси норизоятӣ аз амалиётҳои корхонаҳои давлатӣ мешавад. Пардохти Сангтудаи 2 мутобиқи гуфтушуниди ду президент ба роҳ монда шуд, ки ингуна бурдани тарзи тиҷорат барои сармоягузорӣ номувофиқ аст ва ингуна баҳсҳо бояд дар судҳои иқтисодӣ ё дар раванди кори ҷорӣ ҳалли худро ёбанд",
илова намуд Баҳром Шарипов.

Аз қавли коршиносон маълум мегардад, ки омили аслии ворид нагардидани сармоя ба Тоҷикистон низоми шадиди андозбандӣ ва адами адолати додгоҳӣ мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)