ТАЛКО дар Бадахшон қаср месозад
Корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО ваъда додааст, ки барои варзишгарони вилояти Бадахшон, қасри муосири варзишӣ бунёд мекунад.
Тавре Зоиршо Шамсиддинов, сармеъмори ноҳияи Ванҷ, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, субҳи имрӯз, 3-юми апрел, Шералӣ Кабиров, муовини раиси ширкати ТАЛКО, ҳамроҳ бо Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон ба ноҳияи Ванҷ ташриф оварда, макони сохтмони биноро муайян кардаанд.
Шералӣ Кабиров гуфтааст, ки мутахассисон дар наздиктарин фурсат лоиҳаи биноро тартиб дода, ба татбиқи он мепардозанд. Дар назар аст, ки ин бинои варзишӣ то 9-уми сентябри соли равон, яъне то ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |