Абдулазизи ВОСЕЪ
Шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ тоҷикон қурбони ду “дурӯғи бузург”-и расонаҳои Русия шуданд. Ин хабарҳо ба имиҷи кишвар ва амнияти ҳамватанони мо зарба заданд. Ба назар мерасад, гуруҳе дар давлати шарики стратегии Тоҷикистон мехоҳад, алангаи гулхани тоҷикбадбинӣ баландтар шавад.
Дурӯғи №1
Тоҷикон боз як бор оҳи сабук кашиданд. Баъд аз он ки маълум гардид, хабари аз сӯи 15 ҳамватани мо таҷовуз шудани як хонуми украинӣ бепоя аст, аксар Худоро шукр гуфтанд. “Интерфакс” ҳафтаи гузашта иттилоъ дод, ки пулиси шаҳри Ростови лаби Дон 15 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми таҷовуз боздошт кардааст. Ин расона бо такя ба як «манбаи боэътимод»-аш навишт, ки тоҷикон ба номуси як зани укроинӣ дастдарозӣ кардаанд.
Аммо ин маълумот тасдиқи худро наёфт ва маълум шуд «дурӯғ ва буҳтон» аст. Кумитаи тафтишоти вилояти Ростов низ эълон кард, ки ҳеч гуна таҷовузе сурат нагирифтааст. Константин Розин, сухангӯи Сарраёсати умури дохилии Русия дар вилояти Ростов гуфтааст, 30-юми март кормандони пулис баъд аз занги телефонии як зан, ки гуфтааст дар асорат қарор дорад, ба ширкати тавлиди тирезаҳои пластикӣ рафтанд. Аммо дар ҷойи ҳодиса муайян мешавад, ки он хонум бо як шиноси тоҷикистонияш, ки аз ӯ Бегимов ном бурда мешавад, ҷанҷол кардааст ва бештар аз ин чизе рух надодаст. Манобеи пулис гуфтаанд, афроди боздоштшуда ва зани укроинӣ ҳамроҳ дар як сохтмон кор мекарданд. Бо вуҷуд пулис шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт мекунанд. 1-уми апрел бошад, хабаре паҳн шуд, ки кормандони пулис 15 муҳоҷири ғайриқонунии тоҷикро дар чорчӯби кофтукоби қотилони мухлиси дастаи футболи «Ростов» Александр Терехов боздошт кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, қотилҳоро наёфтанд, аммо алайҳи ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми «убури ғайриқонунии марзи Русия» парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Аммо тибқи хабарҳои расида ҳоло ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо шудаанд.
Аз ин пеш Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам хабари расонаҳои Русия дар мавриди таҷовузро «ғайривоқеӣ» унвон карда буд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ҳам мегӯяд, «Интерфакс» саросема ва бидуни тайид аз дигар манбаъҳо ин хабарро нашр кард. Ба қавли вай, чунин хабарҳои носанҷидаву носаҳеҳу тайиднашуда ва бо ишора ба «як манбаи мӯътамад» дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар рӯзномаҳо ва сайтҳои Русия зиёд нашр мешаванд ва онҳо ҳатто баъд аз рад шуданашон ҳам аз интернет бардошта намешаванд: «Даҳҳо далели дигар низ мавҷуд аст, ки хабарнигорон ҷиноятҳои аз сӯи сокинони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ё Қафқоз содиршударо билофосила ба тоҷикҳо марбут кардаанд.»
Воқеан, то замони навиштани ин матлаб барои хабари тасдиқнашудаи худ «Интерфакс» узр нахоста буд ва гумон аст, ки чунин кунад. Ба қавли Муҳаммади Эгамзод, сафорати Тоҷикистон дар Русия ин қазияро таҳти назорат гирифта ва ба он ҳатман вокуниш хоҳад кард.
Дурӯғи №2
Аз оғози сол ин дуюмин «ҳангома»-е дар Русия аст, ки ба боздошти теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон марбут аст. 28-уми феврал парвози ҳавопаймои ширкати «Дон-Авиа» ба гумони гирифтории се шаҳрванди Тоҷикистон ба бемории вабо, мутаваққиф ва ҳамаи 148 мусофири он якшабонарӯз мавриди муоинаи пизишкӣ қарор гирифтанд. Баъд аз чанд рӯз вазорати беҳдошти вилояти Ростов гуфт, ташхиси бактериологӣ бемории ваборо дар се мусофири гумонбаршуда ошкор накард. Танҳо баъд аз ин мусофирон ба маҳалли ниҳойии парвози худ- Маскав ва Санкт-Петербург рафтанд.
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия ин амали мақомоти русро «таҳқиромез» хонда ва гуфта буд, аз мақомоти Русия таҳқиқи ин ҳодиса ва пардохти ҷуброни маънавии азиятҳои якшабонарӯзии шаҳрвандони Тоҷикистонро талаб хоҳад кард.
Тавре ишора рафт, бори аввал нест, ки расонаҳои Русия хабарҳои дурӯғро дар мавриди шаҳрвандони Тоҷикистон нашр мекунанд. Аммо дар чанд соли ахир ду хабари боло бесобиқа маҳсуб мешавад. Шояд ин мавҷи наве аз иқдомҳои гуруҳест, ки мехоҳанд мухоҷирати тоҷикон ба Русия маҳдуд шавад. Бо таваҷчуҳ ба ин ки «ду дуруғи бузург» дар Ростов паҳн шуд, чунин хулоса ҳам мешавад кард, ки эҳтимол мақари онҳое, ки зидди тоҷикон иқдом мекунанд, Ростов бошад. Аммо дар маҷмӯъ чунин гуруҳҳо дар тамоми қаламрави «бародари бузург»-и Тоҷикистон метавонад бошад. Ҳатто дар дохили деворҳои Кремл. Ин ки ҳамеша аз зарурати роҳандозии раводид ё виза бо Тоҷикистон сару садо баланд мешавад, метавон ба осонӣ пай бурд, ки ин кори як ё чанд нафари алоҳида набуда, балки амали гуруҳест, ки хеле хуб тарҳрезӣ шудааст. Нақши расонаҳо бошад, дар пиёдасозии он муассир аст. Ҳамин аст, ки бо вуҷуди исботи худро наёфтани бисёр далелҳои овардашуда, расонаҳо аз чопи радия ва тасҳеҳ худдорӣ меварзанд.