Ҷонибдории Бонки Ҷаҳонӣ аз афзоиши баҳои нерӯи барқ
Як масъули баландпояи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба нафъи соҳаи энержии ин кишвар ва ҳам некӯаҳволии сокинонаш хоҳад буд. Ин ҳарфҳоро Каушик Басу, муовини калони раиси Бонки Ҷаҳонӣ, рӯзи панҷуми апрел дар нишасти хабарие дар Маркази Исмоилияи Душанбе ба забон овард.
Ҳоло қимати яке киловат соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 11 дирам ё дуним сенти амрикоӣ муқаррар шудааст. Дар ҳоле ки як сол қабл он ҳамагӣ нӯҳ дирам ё ду сенти амрикоӣ қимат дошт.
Аз ин пештар Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон маслиҳат дода буд, ки ҳар сол нархи нерӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳо боло бубарад. Бар асоси тавсияи Бонки ҷаҳонӣ афзоиши баҳои нерӯи барқ то севуним сенти амрикоӣ барои як киловат дар назар дошта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |