Бахшҳо
05 апр 2013 17:54Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Шабдолов: Шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, рӯзи чоруми апрел дар нишасти Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” дар бораи ҷанги дохилӣ, сарнагунии Ҳизби коммунист ва инчунин зудбоварии тоҷикон изҳори назар кард.

Ӯ дар ин сӯҳбати худ ҷанги дохилии Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ дониста ва афзуд, хориҷиён аз зудбоварии тоҷикон дар ин замина истифода кардаанд.

Вай илова кард, “шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард. Моро ягон демократ сарнагун накард. Моро худи Комитети марказӣ сарнагун кард. Моро Горбачеву Елтсин сарнагун кард...”

Шодӣ Шабдолов ҳамчунин гуфт, миллати тоҷик ҳанӯз пухта нашудааст ва зудбоварияш метавонад онро боз ба бозиҳои бузургтаре бикашад. Дар ҳоле ки ба бовари ӯ, бозиҳои пинҳон ҳанӯз хотима наёфтаанд.



Сӯҳбати комили Шодӣ Шабдоловро дар ин навори видео бубинед:


Мӯҳр
Э офарин рафик коммунист Шабдолов! Дар умрам, акнун мебинам, ки коммунист аввалин бор росташро мегуяд. Офарин,аъзои Партияи Коммунисти.Дуруст гуфтед рафик раис. Дар хакикат на хизби исломиву на демократхо дар Точикистон "КП Тадж.ССР" ро сарнагун накард. Онхо хам шахрвандони СССР буданд. Вакте ки бозсоиву озодии сухану озодии дину вичдон ру омад, аз хама бисёр коммунистхои Осиёи Миёна дар гам заданд. Коммунистхои Точикистони Совети ба мотаму андух афтоданд. Ин ягона чумхурие буд, ки коммунистхояш сахт гамгину рухшикаста ва муборизи тезу тунду, содиктар ба идеалхои ленини шуданд. Хайкали лениншикани аввал дар ватани худи Ильич огоз ёфт. Ман хамон солхои лениншикани дар Россия кор мекардам. Аввалин кооперативи худро дар РСФСР ташкил кардам. Медидам, ки инчо хайкалшикании лениниву демократия ва танкиди ленину сталин баланд садо медод. Лекин коммунистхои РСФСР, окилона ба дигар тамоилхои сиёсии гайрикоммунисти гузаштанд. Он кадар хам гамгину гумрох хам нашуданд. Шумо дар Точикистон аз аввалинхоед, ки ба табаддулоти сиёси даст задед. КПСС бо роххои табаддулотхои дохилии худ, хамеша факат масъалахои кадрии худро медиду халос. Дар худи собик Точикистони Совети чи кадар табаддулотхои сиёсии кадри буд?. Сарнагун сохтани Набиев, сарнагун сохтани Махкамов, бегунох аз вазифа гирифтани коммунист Аслонов К(рахмати худо бод), боз дур сохтани Набиев аз мансаби президенти. Мисолхо бисёранд. Якравиву сиёсатбозии коммунистхои СССР боиси шикасти худи онхо шуд. Хизби дуругин буд КПСС. Факат нагуед, ки Точикистонро коммунистхо баркарор карданд. Точикон дар вактхои рохбарии подшохи Россия хам буданд. Россияи подшохи Осиёи Миёнаро дар симои точикон мешинохт. Ман як нафар фарзанди дехкони даврони шуравиам. Шумо "товарищ"хо мардумро бо ангушти сиёсату кулоху когазбозиву нависонависихо рохбари мекардед. Дар сар задани чангхои бародаркушии Точикистон ман пеш аз хама коммунистхои Точикистонро гунакор мехисобам. Ман алхол зиндагиам душвор хам, ки бошад, озодам. Медонам, ки чи тавр колхозчихои одди пеши шумо таъзимхо мекарданд. Барои шифер, барои мошин, барои чубу тахта, барои он ки фарзандашро ба мактаби оли кабул созанд. Шумо барои коммунист буданатон не, шумо барои курсихои худ метарсидед. Аз котиби чамоат сар карда то котиби ЦК.

Дехконбача.
Хизби коммунисти дар Точикистон,чахду чадалро ба мукобили дигар хизбхо пеш гирифт. Аз руи табиати "Ба пеш,барои галабахои коммунисти". Баръакс хизби коммунистии Точикистон хост, хизби навтаъсиси демократи ва хизби нахзати исломии Точикистони сохибихтиёрро сарнагун созад. Коммунистхо рохи масчидро дар он холатхо пеш гирифтанд, ки мардумро ба "хушёрии сиёси" даъват созанд. Ёд дорам, моххои февраль ва марти соли 1991-ум аз райкомхо инструкторхову калонхои партияви бо хамрохии котибону раисони чамоатхову фаъолони партиявии колхозхову совхозхо ба масчидхои дехахои нохияхои тобеи чумхури ва вилояти собик Кургонтеппа омада мехмон мешуданд. Онхо бо хар бахона хизби демократ ва хизби исломро сиёх мекарданд.

Ёдам меояд замони аз мансаб рафтани Акаев. Бе ягон хунрези аз вазифа рафт. чаро дар Точикистон ин кор нашуд? Шабдолов мегуяд, ки Набиев хеч гунох надошт. Хайр кабул. Лекин чаро баро пешгирии хунрези Кенчаевро насихат накард, нафахмонд, ки якрави накунад. Баръакс дукаса аз Кулоб тарафдорони худро оварда мардуми ду махалро бо хам чанг андохта кир карданд. Аз дур тамошо карда хандиданд, яъне хар бо полонаш чанг дорад. Имруз бошад, танхо як гап мегуем: чанги точикон тахмили буд. Ман мегуя, ки тахмили набуд. Чанги точикон барои аз даст нарафтани вазифа буд.

Шабдолов пир шудааст Чи хел Набиев гунох надошт.Гунох дошт.Гвардияи хифзи худро аз хисоби кулобихои аз ярок дур будаву таёрии харби надошта ва чинояткорхо ташкил карда,700-дона АКМ,18-дона пулемет дод.Онхо намедонистанд,ки чи тавр тирро ба тирдон чой кунанд.Оппозиция бо дасти холи онхоро мухосира карда.аз шахр берун сохт.Шабдолов рафта "отдых" кунед.Давратон гузашт.

Хайрандеш
Дехконбача.,
Дехконбача.,Дехконбача! Шумо хамин хел гуфта истодаед, ки гуё он чизе ки нисбати комунистхо гуфти,имруз вучуд надорад.? Хозир ба Хукуматдорону раисон таъзим намекунанд?баръакс, он вакт агар раисро дида факат,дар баъзе минтакахо,як дастро дар сина мемонданд,холо бошад ду дастро монда 90 градус хам мешаванд. Чи, холо ба мактабхои оли ва ба кор бе пораю бе шиносу хешони дар боло буда,кабул мекунанд?Чи имруз амалдорон аз курсихояшон наметарсанд?Фарк байни ин гуна камбудихои давраи комунистхо ва хозира хамин аст ки дар комунистхо камтар буд ва пинхони, холо бошад руирост ва хатто ба анъана даромадааст.Баъдан гуфтаниам ки акидарони бояд ба мантик бошад,шумо як дунё гунохро ба гардани комунистхо бор кардеду,Аслоновро бегунох аз вазифа гирифтанд,Набиев ва Махкамовро сарнагун сохтанд,гуфта гила мекунед. Инхо хама рохбарони комунистон буданд,агар инхо бегунох буданд пас комунистон бегунох буданд.Агар гунахгор буданд пас дуруст карданд ки онхоро сарнагун карданд.Шумо хам барои сарнагун шудани онхо дилатон месузад ва хам аз золим будани онхо менолед. Ин ду акидае аст ,ки ба хам мукобил.Нисбати "озодам" гуфтанатон хаминро гуфтаниям ки он кас ки хамон давра таъзим намекард имруз хам намекунад ва ман фикр мекунам ки агар имруз Шабдолов дар ягон мансаби баланд мебуд, шумо ин гуна акидарони намекардед,сабаби бадбахтихои мо Точикон ана дар хамин аст,мо бошем гунахкор мекобем.

ромиз
шабдолов шумо хонаю даратон осуда ва гарм чойи коратон аник дигар чи парвойи мардуми бечорайи точик доред ба шумо хукумати кунуни макбул ва пас мегуед точикон зудбоваранд кучо мо зудбоварем магар шумо вакили мардум намедонед хаети ичтимоии халк чи тур аст ин хел мардуми токатфарсо боз дар кучост сафсата нагуед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)