Бахшҳо

Масҷидҳои 'ҳукуматӣ'?

Рӯзи ҷумъа, 29-уми марти соли 2013, масҷид то ҷое лабрези намозгузорон буд, ки мардум аз набуди ҷой дар беруни дарвоза саф меоростанд. То оғози намоз 5 дақиқаи дигар монда буд.

Осемасарона наздики масҷид шудам ва садои имом-хатиб тавассути баландгӯ ба гӯшам расид, ки канда-канда хабареро қироат мекард: “...мавзӯи асосии сӯҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд... Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад. Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид. Лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, ки тайи 2-3 соли оянда бояд амалӣ гардад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ номида шуд...”

Ин хабари васеъ аз рӯи варақ тавре хонда шуд, ки пас аз итмомаш дақиқае зиёдтар тавсифи шахсияти №1-и кишвар ва таҳмили як идеология болои ҷамоат дар минбари масҷид авҷ гирифт. Ростӣ, аз ин зиёдашро интизор набудам. Наход, мансабдорони имрӯз хабари расмиеро аз ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ашқобод, ки 20 марти соли равон сурат гирифта буд ва он тариқи садо ва симо пахш гардид ва борҳо такроран аз ҷониби ровиён хонда шуд, дигарбора қироати онро аз ҷониби имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур раво бинанд. Магар масҷид маҷлисгоҳ аст? Масҷид дастгоҳи таблиғотии сиёсати ҳукумати имрӯза аст? Ё акнун дарк намудаанд, ки баромад намудан аз минбари хонаи Худо ва ба ин васила хостаҳои худро ба мардум расонидан нисбат ба радио ва телевизион муассиртар аст? Ин аст, мантиқи эшон?

То дирӯз дар Тоҷикистон масъулин ҷор мезаданд, ки кишвари мо дар минтақа аз ҷиҳати теъдоди масҷид дар ҷои аввал аст. Пас, суоле ба миён меояд, ки ба 3 ҳазору 894 адад расонидани шумораи масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта дар кишвар ба хотири таблиғи сиёсат нест? Ин аст ягона василаи таъсиррасонӣ ба мардум? Ин аст “дурустии” коратон, ки зӯракӣ сурат мегирад? Аҷаб не, рӯзе чунин шева болои ходимони миллат дарди сар эҷод накунад? Аз ин лиҳоз мебояд болои чунин ғояи пешгирифта амиқан андеша кард.

Имрӯз натанҳо ибодатгоҳҳои пойтахт, балки бештари масоҷиди ҷумҳурӣ ягона минбаре дониста мешавад, ки ҳафтае як маротиба он ҳам давоми як соат ва ҳатто ним соат мардум дар он ҷамъ омада, ба мавъизаҳои имомхатибон гӯш меандозанд. Вале ҷамоат аз шинохти ислом, ахлоқи ҳамида ва ҳаёти ибратомӯзи Пайомбарамон (с) канор монда, ба ҳарфҳои сиёсатзадагон дода мешаванду дар ин муддат худро на дар хонаи Худо, балки дар бинои ҳукуматие ва ё маҷлисгоҳ тасаввур мекунанд. Маконе, ки ба тадриҷ дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ ба дастгоҳи таблиғотии хукуматдорон табдил меёбад.

Акнун чанд ҳафта инҷониб ходимони масҷид мавъизаҳояшонро ба итмом расонда, бар пояи супориши ҳукуматдорон ба қироати гузоришҳои расмӣ мегузаранд? Аҷаб не, имомхатибон “супориш супориш аст гуфта” то охири сол ба ин шева корашонро идома диҳанд. Ин дар ҳолест, мардум ба хотири адои намози ҷумъа мехоҳад, муддате аз супоришҳои роҳбари корхонааш канор рафта, яъне аз корҳои дунявӣ фориғ шудаву лаҳзае гӯш ба фармудаҳои Холиқаш диҳад. Аммо, афсӯс, эшон минбари исломро ба минбари сиёсат табдил додаанд, ки ин шева ба манфиати корашон нахоҳад буд. Аудиторияи асри 21 ба хубӣ шоҳид аст, ки дар Тоҷикистон чӣ ҳодиса мегузарад. Вале таҷриба нишон додааст, ки хостаҳои худро наметавон тариқи маҷбурӣ болои аудитория таҳмил карда, халқро ғуломи сиёсат кард.

Сипари Фаромарз
Мӯҳр
Саломалейкум чунин хабархоро мефахми хар руз мебини дар чомеа бовар кунед хам ханда мегирад хам гиря зеро телевизион ку 24 соат факат хукматро рохбари хукматро тариф мекунад. шабакахои точикистонро тамошо намекунан барои хаман акнун дар масчидхо таърифхои бардуругу лаганбардориву хушомад сар шудаст нахо масчид чои таърифу тавсиф бошад имомхатибонам аз Худо наметарсанду аз хукматдорон метарсанд ин як шармандагии милату давлат карданд халк милат нобино нестанд мебинанд ва бахо медиханд. дар ягон давлат нест ки хукматдоронро таъриф кунанд ва чизи набударо овоза кунанд е дар хама чо рохбари давлатро таъриф созанд. ба хама маълумаст точикистон чи ахвол дорад кунанд баъд таъриф кунанд е хочат ба таъриф нест агар ватандусдор бошанд ...

САЛМОН:
sad dar sad in harfho rost hast, amo jorai nest

дусти худо
Бародар Сипар! ТАШАККУР БАРОИ СУХАНОНИ ПУРМУҲТАВО.ҲАМУ ИМОМХАТИБ ҲИЧИРА НАДОНА ЧИРА БГАОХИ. АММО ДАР ТАБЛИҒИ ТУҲМАТУ ТАВСИФ УСТУХОН НАДОРА, МАЪЛМ МЕШАВА, КИ ҲАМИЧИЗА ГАНДА САХТ ХОНДАГИЯЙ.
МАХУР СОИБ ФИРЕБИ ФАЗЛИ АММОМАИ ЗОҲИД,
КИ ДАР ГУНБАД ЗИ БЕМАҒЗӢ САДО БИСЁР МЕПЕЧАД.

Farkhori
Бародар неки гуфти хдат и сиесати хандаовар ва дар айни хол гиряовр аст неки охи аму 4 канали давлатира хичкахам тамошо намекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)