Бахшҳо
09 апр 2013 12:59Тоҷикистон / Сиёсат

ҲНИТ: "Муросокориро ҳукумат нишони қудрати бепоёни худ донистааст"

Раёсати олии ҲНИТ дар ҷаласаи худ, ки рӯзҳои 8 ва 9-уми апрел баргузор гардид, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки шуруъ аз соли гузашта фишор болои аъзо ва масъулини ҳизб афзоиш ёфтаанд.

Дар иттилоияи Раёсати олии ҲНИТ, ки имрӯз пахш гардид, аз ҷумла омадааст: “Таҳлилу муқоисаи фишору рафторҳои масъулин ва мақомот нисбати ҳизб дар маҳалҳо нишон медиҳад, ки онҳо бо ҳам монанд ва тибқи як нақшаву сенария сурат мегиранд. Дар ҳама ҷо кӯшиши берун кашидани аъзо аз сафи ҳизб бо роҳҳои гуногун мушоҳида мегардад. Монеъасозӣ дар фаъолиятҳои ҳизбӣ, талоши сиёҳ кардани чеҳраи ҳизб тавассути фаъолони ҷамъиятиву кормандони маошхӯри ташкилоту идораҳо, ҳатто сафарбар кардани баъзе кормандони ташкилотҳои динӣ вақтҳои охир бештар гаштааст.”

Раёсати олии ҲНИТ таъкид кардааст, ки дар баъзе минтақаҳо фазосозии манфӣ, эҷоди хусумат ва ихтилофандозии баъзе афроди масъул, шабоҳат ба фитнаи ҳамон солҳое дорад, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Тавре Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ дод, иштирокчиёни ҷаласаи Раёсати олӣ ишора ба он намуданд, ки пас аз сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ҷомеъа вориди як марҳалаи оромиш ва ҳамдигарфаҳмӣ гашт, вале ҳукумат бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла рушд пайдо кардани фасоди молӣ ва идорӣ, шакл гирифтани усулҳои номуваффақи идораи давлатӣ, ақибнишинӣ аз арзишҳои демократӣ ва риоя накардани ҳуқуқи шаҳрвандон натавонист аз ин шароит хуб истифодаи матлуб намояд, ҳатто дар бисёре аз барномаҳои худ ноком монд:

“Чунин ба назар мерасад, ки ба ҷойи ислоҳи иштибоҳу ҷалби имкониятҳои тамоми ҷомеъа дар ҳалли мушкилот, баъзе намояндагони мақомот роҳи дигар, яъне эҷоди фазои муташанниҷ ва нооромро барои рупӯш сохтани камбуд ва иштибоҳоти хеш пеша кардаанд. Агарчи, ҳизбҳои сиёсӣ, дар умум ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҲНИТ тули ин ҳама солҳо аз худ омодагии фаровон барои ҳамкорӣ ва кӯмак дар ҳалли мушкилот нишон дода, ҳамеша дар баробари мушкилот сабрро пеша ва мардумро ба таҳаммул дар баробари вазъият даъват намудаанд, аммо мақомот инро нишонаи заъфи ҷомеъа ва қудрати бепоёни худ дониста, таҳмили бештари фишорҳоро пеш гирифтаанд. Ҳукумат солхои охир, масъулиятҳои аввалиндараҷаи худ, мисли таъмини ҷои кор, маошу нафақаи сазовор, таъмину эҳтиромгузорӣ ба озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ниёзҳои аввалияи иснони муосир, мисли об, барқу газ ва гармиро канор гузошта, бештар думболи дахолат ба корҳои шахсӣ ва хонаводагии мардум гаштааст ва маҳдудиятҳои сиёсиву мазҳабии шаҳрвандонро ба болотарин сатҳ дар таърихи кишвар расонидааст.”

Аъзои Раёсати олии ҲНИТ эҷоди ихтилоф ва монеъаҳоро дар роҳ ва фаъолиятҳои ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ мухолиф ба қонунгузории кишвар ва рӯҳияи сулҳу вахдат маънидод намуда, вазъияти кунунии кишварро хатарнок барои субот ва амнияти кишвар арзёбӣ карданд.

Сайфуллозода мегӯяд, аз тарафи аъзои Раёсати олии ҳизб роҳу иқдоми гуногун барои эътироз нисбат ба рафторҳои ғайриқонунӣ ва пешгирӣ аз фишорҳо матраҳ гаштанд ва қайд шуд, ки шева ва услуби вокунишҳои ҳизб ба рафтори мақомоти давлатӣ бояд дар чорчӯби манофеъи миллӣ ва давлатӣ, пеш аз ҳама қонунгузории кишвар сурат бигирад. Инчунин, ҳадаф аз ин иқдому вокунишҳо бояд ислоҳи вазъ ва пешгирӣ аз фишорҳои минбаъдаи мақомот алайҳи ҳизб бошад, на ташаннуҷу бештар кардани ихтилофот. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки шояд баъзе доираҳо манфиатдоранд, ки дар ин соли баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи президентӣ махсус неруҳои сиёсиро дар муқобили ҳам бигзоранд ва бо ноором кардани вазъият ҳадафҳои худро пиёда созанд. Ишора ба он шудааст, ки дар тамоми дунё ҳукуматҳо масъули таъмини амният ва ҳифзи суботу оромиш дар ҷомеъаи хешанд ва дигаронро барои риоя ва тақвияти он даъват менамоянд. Аммо дар Тоҷикистон хилофи ин ба мушоҳида мерасад, маҳз рафтору кирдорҳои мақомоти давлатӣ аксаран боиси барҳам задани амният ва оромиш гашта истодааст ва қишрҳои огоҳи ҷомеъа ҳукуматро ба риоя ва ҳифзи субот даъват мекунанд, чун ноумедӣ фарогири ҳамаи қишрҳо гаштаааст.

Сафарбар кардани ашхоси шубҳанок барои халалрасонӣ дар баргузории нишасту корҳои барномавии ҳизбҳои сиёсӣ (чуноне дар ш. Кулоб ва н. Рудакӣ сурат гирифт), ҷамъ овардани гурӯҳҳо аз ҳисоби занҳо ва ҷавонон аз номи ҳизбҳои сиёсӣ (мисли гирдиҳамойии ахир дар пойтахт дар назди бинои сафорати ИМА ва СММ), бо имзои мустаор нашр намудани маводои манфӣ нисбати аҳзобу шахсиятҳо дар ВАО намунаи корҳоеанд, ки аз тарафи доираҳои номаълум барои эҷоди фитна роҳандозӣ мешаванд. Беҷазо мондани чунин рафторҳо боиси пайдо шудани фикрҳое мегардад, ки ин ҳама ҳалқаҳои як занҷира буда, аз як марказ идора мешавад. Дар кишваре, ки қонун волоият дорад ва ҳукумат таъмини субот ва ҳуқуқҳоро вазифаи худ медонад, ба ин гуна амалҳо муҷозот пешбинӣ мешавад.

Биноан, аъзои Раёсати олии ҲНИТ барои пешгирӣ аз фишорҳо болои аъзо ва масъулини ҳизб ва роҳ надодан ба эҷоди бештари ихтилоф пешниҳод менамояд:

. Роҳбарияти ҲНИТ дар наздиктарин вақт ва шароити муносиб мавқеи ҳизбро нисбати вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва воқеъияти фазои сулҳу ваҳдат ба ҷомеъа ироа бидорад.

. Гурӯҳҳои кориеро аз ҳисоби аъзои Раёсати олӣ, масъулини ҳизб ва шахсиятҳои бонуфуз ба минатқаҳо барои вохӯрӣ бо мардум ва кӯмак расонидан ба бахшҳои минтақавии ҳизб фиристонад.

. Роҳандозии мулоқоту сӯҳбатҳо, нашри китобу мақолаҳо барои равшании бештари ҳадафу сиёсатҳо ва мавқеъи ҳизб нисбати масоили ҷомеъа ва ошкор кардани сиёсатҳои пешгирифтаи иштибоҳии ашхос ва доираҳое, ки ҷомеъаро ба ихтилофоту буҳрон мекашонанд.

. Робитаи зичтар бо аъзои ҳизб дар маҳалҳо ва даъвати онҳо барои дода нашудан ба ҳолатҳои фитназо, ки аз тарафи баъзе шахсияту масъулин роҳандозӣ мешаванд.

. Ҷоннок кардани раванди қабули аъзо ва эҷоди шароити муносиб барои касоне, ки рағбати узвият дар ҳизбро доранд.

. Расонидани кумаки ҳуқуқиву маънавӣ ва иттилоотӣ ба касоне, ки мавриди фишор ва ҳуқуқвайронкунӣ қарор мегиранд.

Раёсати олии ҲНИТ мақомоти иҷроияи ҳизбро вазифадор намуд, ки василаву мехнизмҳои амалишавии иқдоми мазкурро омода намояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)