Бахшҳо
22 апр 2013 09:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Иқтисоди Тоҷикистон боз бӯҳронӣ мешавад?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Бонки рушди Осиё (ADB) мегӯяд, рушди иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2013 ва 2014 коҳиш хоҳад ёфт. Бар пояи гузориши нави ин ниҳоди молиявӣ, имсол рушди ММД 6,5 дарсад ва соли оянда 6 дарсадро ташкил хоҳад дод. Соли 2012 рушди солонаи ММД дар Тоҷикистон 7,5 дарсад ҳисоб шуда буд.
Тоҷикистон ва барзиёднависӣ

Барои рушди пайваста ба гуфтаи муаллифон, ислоҳот дар бахши тиҷорат, ҷалби сармоя, коҳиши вобастагӣ аз маблағи муҳоҷирони корӣ ва расидан ба амнияти энержӣ зарур аст. Си Си Ю, намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон ба рушди беназир муваффақ шудааст ва аммо бар асари вобастагияш аз маблағи муҳоҷирони корӣ осебпазир боқӣ мемонад.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, рақамҳои пешниҳодии Бонки осиёи рушдро ғайривоқеӣ арзёбӣ карда, мегӯяд, коршиносони ин бонку Бонки ҷаҳонӣ омореро мегиранд, ки давлати Тоҷикистон ба онҳо пешниҳод мекунад. Ин ҳам ба қавли коршиносони дохилӣ то 30 фоиз ғалату зиёднависист, то ба раисҷумҳур хуш биоянд.

"Борҳо гуфтаанд, ки истеҳсоли картошкаро ба 1 миллион тонна мерасонанд, вале ин чиз дида намешаваду тамоми картошкаҳоро, ки дар бозор ҳаст аз Покистон меоранд. Ҳатто раисҷумҳур ҳам гуфта буд, ки 1 миллион картошкаи истеҳсол кардаатон куҷост?",-афзуд оқои Исмоилиён. Абдуллоҳи Ашӯр, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, эҳтимол ин рақамҳо як хатоҳои фаҳши омори Тоҷикистон бошад. Зеро ба қавли номбурда, аслан намефаҳмад рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳар сол 7 дарсад гуфта мешавад аз кадом ҳисоб аст ва чаро акнун ҳамон коҳиш меёфтааст.

Қонун қабул мешаваду пурра иҷро намешавад

Воқеан, Тоҷикистон дар вазъе қарор дорад, ки оғози як реформаи густарда ногузир аст, мегӯяд Абдуллоҳи Ашӯр. Бисёре аз ислоҳот дар бахшҳои мухталиф оғоз шудаанд, вале аз болои иҷроиши онҳо назорати шадид зарур аст то ба пуррагӣ иҷро шаванд: “Чун ҳамин ислоҳоти бақайдгирии соҳибкорӣ, ки ба тарҳи равзанаи ягона маъруф аст, ҳоло ҳам пурра анҷом нашудааст. Соли 2005 як тарҳи давлатӣ қабул шуда буд, ки мувофиқи он бояд кулли пахта ва алюминиюми истеҳсолшуда дар дохили Тоҷикистон коркард шуда ба шакли мањсулоти тайёр ба хориҷа содир мешуд.” Аммо ба гуфтаи ин таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ин тарҳ кайҳо фаромӯш шуда, дар ҷевони вазоратхонаҳо чанг гирифтаву хобидааст.

Истеҳсолоти Тоҷикистон аз пахтаву аломиний фаротар намеравад

Дар гузориши Бонки рушди Осиё ба мушкили бебарқӣ дар фасли зимистон ишора шудааст, ки аз он 70 дарсади аҳолӣ ва бештари корхонаҳои берун аз пойтахти Тоҷикистон азият мекашанд. Ин мушкил аз нигоҳи муаллифони гузориш, монеаи асосӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аст ва талафот аз он ҳамасола тақрибан ба 3 дарсади ММД баробар аст. Мутахассисони Бонки рушди Осиё пешгӯӣ кардаанд, ки таваррум дар Тоҷикистон дар соли равон 6,5 дарсад ва дар соли оянда 7 дарсадро ташкил хоҳад дод. Аммо дар сурати боло рафтани қимати ғизо ва сӯзишворӣ афзоиши таваррум ҳам баъид нест. Порсол таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 6,4 фоиз буд.

Иқтисоддонон мегӯянд, бебарқии мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистон ва бо иқтидори комил кор накардани корхонаҳо15 сол мешавад, давом дорад. 300-то аз корхонаҳои Тоҷикистон аслан кор намекунанду танҳо корхонаи аломиний бо иқтидори омил кор мекунад. Ин бебарқӣ ба саноати тавлидии Тоҷикистон таъсири бисёр бад дорад.

Аз дигар омилҳое, ки Бонки Осиёи Рушд онро дар осебпазирии иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, маблағи муҳоҷирони меҳнатист. Зулфиқори Исмоилиён дар ин маврид мегӯяд, ҳарчанд 4 миллиард доллар пули муҳоҷирон холигии иқтисоди Тоҷикистонро пур мекунанд, аммо ин пулҳоеанд, ки ҳамроҳашон мол надоранд. Мардуми Тоҷикистон қувваи кории худро арзон мефурушанд, ки дар ягон ҷои дунё чунин нест.

“Ба Тоҷикистон 3 миллиард доллар маҳсулот ворид ва 1 миллиард ба хориҷ содир мешавад. Дар натиҷа тавозуни савдои Тоҷикистон солҳост, ки ҳамеша манфист. Тибқи қоида рушди иқтисод дар кишвар бояд аз ҳисоби рушди миёнаи саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ ҳосил гардад, аммо дар Тоҷикистон тараққиёти иқтисодро аз рӯи болоравии нархҳо дар бозори дохилӣ баҳо медиҳанд, ки ин мутлақан хатост",-изҳор дошт Зулфиқори Исмоилиён.
Гуфта мешавад, роҳи раҳоӣ аз муҳоҷират сохтани корхонаҳои тавлидист ва Тоҷикистон метавонад бо имзои тавофуқномаҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар кишвар корхонаҳои зиёди тавлидӣ эҳдос кунад. Аммо масъала инҷост, ки ширкатҳову давлатҳои хориҷӣ майли ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро надоранд. Зеро ба гуфтаи онҳо қавоиди фаъолият дар Тоҷикистон риоя намешаваду сармоягузору соҳибкори хориҷӣ аз омадан ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Дар асл кишварҳое ҳастанд, ки аз ҳисоби дигар давлатҳо корхонаҳояшонро месозанд. Аз ин хотир заиф будани Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ набояд барои масъулин баҳона шавад. Муҳайё кардани шароити муносиб ин мушкилро ҳал мекунад.

Иқтисодшиносон чунин мешуморанд, ки дар Тоҷикистон аслан моли тавлидӣ вуҷуд надорад. Ҳол онки танҳо кишваре рушд мекунад, ки тавлидоти дохилӣ дораду ба бозори ҷаҳонӣ мол содир мекунад. Вале Тоҷикистон ҷуз нахи пахтаву аломиний чизи дигаре надорад, ки ҳамин молҳо ҳам истеҳсолашон чандон зиёд нест.

Дар ҳамин маврид Нозим Эшонқулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон, мегӯяд, роҷеъ ба ин масъала пешбинӣ кардан бисёр душвор аст. Зеро Тоҷикистон хеле дар бахши иқтисод номустақил мебошад. Дар сурати дубора рух додани бӯҳрон дар Аврупо бо таваҷҷуҳ ба бӯҳронӣ будани вазъияти он минтақа, иқтисоди Русия ҳам бо мушкил мувоҷеҳ мешавад.

"Агар Русия дучори мушкил шавад, муҳоҷирони мо бекор мемонанд. Ин якум. Аз дуюм тараф - нархњои молҳои содиротии мо минҷумла алюминий ва пахта паст мешавад ва он қадар фоида, ки Тоҷикистон дарёфт мекард, беш аз ин кам мешавад",-иброз дошт Нозим Эшонқулов. Ба гуфтаи директори маркази бозори озоди Тоҷикистон, нархи алюминиюми аввалия тайи 4 моҳи ахир аз 1930 доллар ба 1750 доллар суқут кардааст. Ин дар ҳолест, ки порсол нархи он барои ҳар тонна 2 ҳазору 300 долларро ташкил дод. Ҳаҷми кулли содироти пахта ҳам агарчи дар сол 2012 ду бор афзоиш ёфта ба 143 тонна баробар шуд. Аммо нархи он чандон коҳиш ёфт. Соли 2012 нархи як тонна пахта 1760 тонаро ташкил дод, дар ҳоле, ки соли 2011 ин рақам 2770 ба сари як тоннаро ташкил намуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)