Даъвати ҷавонон ба мубориза алайҳи “облава”
Як гурӯҳ аз ҷавонони ҳуқуқдон, ки алайҳи даъвати иҷборӣ ба сафи артишанд, талош доранд, бо ирсоли як номаи мукаммал аз раисиҷумҳур бихоҳанд, то ба ин вазъ хотима бахшад. Ин аст, ки онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон хостаанд, агар дар бораи “облава” ё даъвати иҷборӣ ба артиш аксу видео ва ё садое доранд, ба онҳо бифристанд.
Рустам Гулов, яке аз ин ҷавонҳо, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “мехоҳем, ин номаи мо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гапи хушку холӣ набошад. Бо ҷамъ овардани аксу садову видео дар бораи облава мехоҳем таваҷҷуҳи шахси аввали кишварро ба ин масъалаи бисёр муҳим ҷалб кунем.”
Оқои Гулов мегӯяд, бо вуҷуди он ки “облава” қонуншикании маҳз аст, аммо дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш мебошад. Ба қавли ӯ, шояд номаи мукаммали онҳо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон битавонад як навъ ин мушкилро рафъ созад. “Қаблан бо ин масъала созмони ҳуқуқшиносони ҷавон бо номи Ампаро машғул буд, ки ҳоло фаъолият надорад. Аз ин рӯ, кам касе ҳаст, ки шадидан бо облава мубориза барад”,-афзуд мусоҳиби мо.
Даъвати иҷбории ҷавонон солҳост, ки дар Тоҷикистон идома дорад. Баъзан худи мақомоти Вазорати дифоъ низ вуҷуди облаваро таъйид мекунанд, вале мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки расонаҳо ё созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон менависанду мегӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |