Муовини вазир се сабаби харобшавии роҳҳои нави Тоҷикистонро номбар кард
Шералӣ Ганҷалов, муовини нави вазири нақлиёт, ки моҳе пеш аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин симмат таъин гардид, баъд аз омӯзиши вазъи роҳҳои кишвар се сабаби харобшавии онҳоро номбар кардааст.
Ганҷалов зимни ҷаласаи мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки сабаби аввали харобшавии роҳҳои нави кишвар риоя нагардидани талаботи роҳсозӣ аст. Муовини вазир гуфт, “дар ноҳияи Қумсангир замини лалмиро обёрӣ карда, сатҳи рӯи роҳро хароб кардаанд.”
Инчунин Ганҷалов аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон мошинҳои 70-тоннаиро 40 тонна нишон дода гузаронда истодаанд: “Тарозу ё истифода намегардад, ё кор намекунад. Пешниҳод ин аст, ки ё аз он соҳили Амударё мошинҳои мо 40 тоннагӣ бор гирифта оранд ё дар ин соҳил барои нигаҳдошт, баркашӣ, фароварду боркунӣ шароити лозима фароҳам сохта шавад.”
Дар ҳамин ҳол Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ вазъи нигаҳдории роҳҳои бо нархи гарон сохташудаи кишварро нигаронкунанда хонда, иллати асосии харобшавии роҳҳоро дар сифати бади масолеҳу тарзи сохтмони онҳо арзёбӣ кардааст.
Ин нигаронии масъулини нақлиёт дар ҳолест, ки тамоми роҳҳои нави кишвар танҳо баъди қабул аз ҷониби комиссияи давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |