Бахшҳо

Кумитаи телевизион: ТВ-ҳои давлатӣ барои ҳукуматанд, на мухолифин

Ҳумайрои БАХТИЁР

Рӯзи чоршанбеи 24-уми апрел ҳангоми баррасии қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” дар парлумони Тоҷикистон баҳсе ба вуҷуд омад.

Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ, изҳори нигаронӣ кард, ки давоми 8 соли вакилӣ боре ҳам шабакаҳои телевизиони давлатӣ баромад ва суханрониашро пахш накардаанд. Раҳбари ҲНИТ гуфт, ҳангоми баррасии чанд санад мактуб навишта муроҷиат кардааст, то баромад ва ё суханрониашро тавассуди шабакаҳои телевизион намоиш бидиҳанд, ки ин пешниҳодаш ҷавоби манфӣ гирифтааст.

Кабирӣ: Мардум вакилони ГосДумаро беҳтар мешиносанд

Раҳбар ва вакили ҲНИТ дар парлумон мегӯяд, шабакаҳои телевизиони давлатӣ моли ҷомеа буда, танҳо як шахс ва ё як гурӯҳ, ҳатто ҳукумат ба танҳоӣ набояд ба он роҳ биёбад. Телевизионҳои давлатӣ моли тамоми ҳизбҳои сиёсӣ буда, ҷомеа бояд элитаи сиёсии худро тавассути ин расона ба хубӣ бишносад: “Тавозун дар ҷудо кардани вақт барои ҳамаи сиёсатмадорон, барои ҳамаи шохаҳои ҳукумат ва ҳамаи ҳизбҳо баробар бошад. Воқеан ҷои нигаронӣ аст, вақте мо якинтихобкунанда дар манотиқ мепурсем, ки чанд ваикли парлумониро мешиносед, онҳо ҳамагӣ 4-5 вакилро ном гирифтанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар пурсиши мо оид ба вакилони Госдумаи Русия онҳо ҳадди ақал 10 нафарро номбар карданд”. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки бадбахтӣ аст барои як кишваре, ки интихобкунандагонаш вакилони давлати дигарро беҳтар аз намояндаҳои худ мешиносанд.

Талбаков: Хабарнигорони ТВ-ҳои давлатӣ ба мухолифин хусумат доранд

Аз маҳдуд будани дастрасии ҳизбҳои сиёсӣ ба шабакаҳои телевизиони давлатӣ Исмоил Талбаков, вакил аз ҲКТ шикоят карда, гуфт, дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионӣ мутобиқи қонунгузори фаъолияти худро намондаанд: “Мантиқан дарк кардани он, ки ҳизбҳои сиёсии расман фаъолият дошта, ба шабакаҳои давлатӣ дастрасӣ надоранд, ғайриимкон аст. Ҳизбҳои сиёсӣ, манзур мухолиф расман иҷозаи фаъолият доранд. Пас онҳо дар баробари ҳизби ҳоким ҳуқуқ доранд, то аз расонаҳои давлатӣ истифода кунанд. Ақидаҳои худро ба тарафдоронашон бирасонанд”.

Ба бовари муовини раҳбари ҲКТ, иллати аслии роҳ наёфтани чеҳраҳои дигарандеш ва мухолиф ба шабакаҳои телевизионии давлатӣ ин ғайриҳирфаӣ фаъолият доштани хабарнигорони ин расонаҳо мебошад. Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки хабарнигорони расонаҳои давлатӣ дар асоси хусуматҳо чеҳраҳои мухолифро ба телевизион роҳ намедиҳанд. “Дар ҳоле ки тамоми таҳлилу назарҳои мо атрофи воқеоти сиёсӣ ба хотири рушди минбаъдаи давлат аст”,-гуфт Талбаков.

Сайидалии Сиддиқ: Мо дархости мухолифинро нагирифтаем

Дар робита Сайидалии Сиддиқ, муовини раҳбари Кумитаи радио ва телевизионии Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти шабакахои телевизиони давлатӣ аз ҷониби ниҳоде маҳдуд намешавад. "Агар мухолифин хоҳиши баромад дар ТВ-ҳои давлатиро дошта бошанд, мо онро рад намекунем",-гуфт ӯ. Мусоҳиби мо дар идома афзуд, “ҳоло муроҷиатномаеро аз ҳеч фарде қабул накардаем. Дар хотир надорам, ки мо пешниҳоду дархости мухолифинеро рад кардаем. Ин масъаларо мо ҳатман ба баррасӣ хоҳем гирифт. Гузашта аз ин, телевизионҳои давлатӣ аз ҷониби ҳукумат сармоягузорӣ мешаванд ва мухолифин бояд минбарҳо ва расонҳои худро дошта бошанд”.

Сайидалии Сиддиқ ба суоли “Озодагон”, ки бояд телевизонҳои давлатӣ минбари тамоми аҳзоби сиёсии кишвар бошанд ё на, чунин посух гуфт: “Ман ба такрор мегӯям, телевизонҳои давлатӣ мавқеи ҳукуматро инъикос мекунанд. Ҳизбҳои сиёсии дигар барои худ бояд роҳи дигари муаррифӣ кардани ақоиду барномаҳояшонро пайдо кунанд.”

Шарифзода: Чеҳраҳои мухолифинро нишон намедиҳанд, чӣ расад ба суханронӣ


Дар ҳамин маврид Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, ин амали муттасадиёни телевизион ва хабарнигорони онҳо хилофи қонунгузории Тоҷикистон аст. Ба бовари номбурда дар чунин шароит гилагузорӣ кардани вакилони ҳизбҳои дигар аз маҳдудияти дастрасиашон дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ дуруст аст. “Ба назар мерасад, ки на танҳо суханронии вакилони ҳизбҳои ба истилоҳ - мухолиф, манзур Муҳиддин Кабирӣ ва Шодӣ Шабдолову дигарон пахш намешавад, балки намоиши чеҳраи онҳо дар телевизионҳои давлатӣ ғайриимкон аст. Гилаи вакилони дигарандеш ҷой дорад. Ин амал қатъиян хилофи қонунгузории Тоҷикистон аст. Зеро дар қонун наомадааст, ки “чеҳраҳои мухолифин дар экранҳо набояд падид ояд”,-таъкид ӯ.

Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ин шеваи фаъолияти шабакаҳои телевизионии давлатӣ нақзи меъёрҳои қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” мебошад. Раҳбари Шӯои ВАО гуфт, бояд аз қонуни мазкур ибораҳои “расонаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ”-ро гирифта, бо ин роҳ фаъолияти якранги расонаҳои хабариро ба роҳ монд. Номбурда бар ин назар аст, ки сабаби дигари роҳ наёфтани чеҳраҳои мухолиф ба шабакаҳои телевизионии давлатӣ, эҳтимолан дар мувофиқа гардидани барномаҳои сиёсӣ бо раҳбарияти кумитаи Телевизион ва радиошунавонӣ бошад. Зеро ин ниҳод ҳукуматӣ буда, эҳтимолан барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар дохили он ба танзим гирифта шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба мӯҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия, иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки мушкил на дар хабарнигорон, балки дар шеваи таҳияи он барномаҳо, ба хусус барномаҳои сиёсӣ ҳаст. Ҳамзамон назарҳое дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки гуиё барномаҳои телевизонӣ дар Тоҷикистон дар мувофиқа бо дастгоҳи раисҷумҳур таҳия ва пахш мешаванд. Дар ин маврид гурӯҳе аз хабарнигорони шабакаҳои телевизион мегӯянд, ки на танҳо пахши суханронии чеҳраҳои мухолиф, балки намоиши онҳо қатъиян манъ шудааст.

Тибқи мушоҳида ҳизбҳои мухолиф ва чехраҳои сиёсии дигарандеш ба шабакаҳои телевизионӣ танҳо қабл аз интихобот “роҳ” меёбанд. Гуфта мешавад, ки бори охир ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар маъракаи пеш аз интихоботи парлумонии соли 2010 барои интихобкунандагон мавқеъ ва нақшаҳои худро муаррифӣ кардаанд.
Мӯҳр
Вой бар холат Сайидалии Сиддиқ!!!! Кадом мухолифин????Киро мухолифин мегуи???? Оё намояндаи мардум дар парлумон, ки мехохад тарики телевизион баромад намояд мухолифин аст? Кабири мухолифи кист ва чигуна мухолифат дорад? Шартманда!!! Бесавод хасти Сайидалии Сиддиқ!!!!Хайфи ту!!

Сухроб
Э бесавод хукумат пули шабакахоро аз кисаи худаш медихад? Агар намедони бифахм ки пули миллат дар тв сарф мешпавад. Бесавод чилакатро гирифта аз ин вазифа рав чои ту инчо ytcn/

С. Сиддиков бесаводии худро нишон додааст. Хукуматро аз давлат фарк намекунад. Хизбхои сиёсси точикистон хам ба давлат ва миллати точик тааллук доранд. Барои хамин хукумат факат аз Э. Рахмон иборат нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)