Бахшҳо
25 апр 2013 09:49Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қочоқи сӯзишворӣ. Ба нафъи ҳанноту бар зарари давлат

Алишери ЗАРИФӢ

Дар семоҳаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон бо маблағи беш аз 85 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА ҳамагӣ 78 ҳазор тона маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистион ба “Озодагон” гуфт, аз ин миқдор сӯзишворӣ, беш аз 29 ҳазор тоннааш аз Русия, 26 ҳазору 510 тонна аз Қирғизистон, 12 ҳазор аз Туркманистон, 4 ҳазору 218 тонна аз Қазоқистон ва беш аз 3 ҳазор тонна аз Эрон ворид шуда, боқимонда аз дигар кишварҳо интиқол ёфтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, талаботи моҳонаи кишвар ба сӯзишворӣ 45 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Агар оморҳои пешниҳоднамудаи Хадамоти гумрукро муқоиса намоем, ҳудуди 40 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон нисбати талабот кам ворид гардидааст.

Интиқоли ками сӯзишворӣ ба кишвар нисбат ба талабот дар ҳоле сурат мегирад, ки алъон дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон камбуди сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин ба назар намерасад ва тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо нархи бензин дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт арзиши 1 литр бензини АИ-92 аз 6 то 6 сомониву 40 дирам ва бензини АИ-95 аз 6 сомониву 50 дирам то 6 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад, ки ин нишондод назар ба моҳи январ 20-30 дирам арзон мебошад.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ як сабаби эҳсос нашудани камбуди сӯзишвориро ба афзоиши интиқоли қочоқи сӯзишворӣ ба кишвар рабт медиҳад. Ба қавли ӯ, роҳи қочоқро гирифтан дар кишваре чун Тоҷикистон, ки фасодзада аст, душвор мебошад, зеро хадамоти давлатие, ки дар ин самт кор мекунад, худ дар қочоқи сӯзишворӣ даст доранд, ришва мегиранд ва намехоҳанд пеши роҳи инро гиранд.

Ин мусоҳибамон таъкид намуд, ки сӯзишворие, ҳамчун қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, бештараш аз Қирғизистон интиқол меёбад. Ба боварии Зулфиқори Исмоилиён аз қочоқи сӯзишворӣ тоҷирон бештар фоида ба даст меоранд, аммо давлат баръакс ҳеч манфиат намебинад, зеро аз сӯзишворие, ки ба таври қочоқ ворид мегардад ба давлат молиёт намесупоранд. Ба таври ғайриқонуни интиқол ёфтани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар се моҳаи соли равон нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, соли гузашта 397 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ нисбати воридоти сӯзишворӣ ба миқдори 58 миллион литр ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти ин хадамот, дар маҷмӯъ соли гузашта 379 парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбати воридоти ғайриқонунии беш аз 3 миллион литр маводи сӯзишворӣ тартиб додаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти хадамоти мазкур, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон оид ба воридоти ғайриқонунии 2 миллиону 591 ҳазору 518 литр сӯзишворӣ 118 парвандаи ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ тартиб дода шуд. Тибқи иттилои хадамоти мазкур, дар маҷмӯъ давоми ин семоҳа 116 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати воридоти ғайриқонунии 1 миллиону 364 ҳазору 718 литр сӯзишворӣ аз рӯи тобеият ба мақомоти судӣ ирсол гардида, баъди баррасии парвандаҳо ҷарима бо маблағи 457 084 сомонӣ ва аз тарафи мақомоти гумрук пардохтҳои гумрукӣ бо маблағи 727 946 сомонӣ ситонида шудаанд. Масъулини хадамоти гумрук мегӯянд, дар вилояти Суғд як парвандаи ҷиноятӣ оид ба қочоқи беш аз 1000 литр сӯзишворӣ оғоз шуда, ба мақомоти дахлдор барои баррасии минбаъда ирсол карда шуд.

Газ ҷои бензинро мегирад

Аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сӯҳбат ба “Озодагон” як омили эҳсос нашудани камбуди сӯзишвориро гузаштани бештари нақлиётҳо ба газ, ки қаблан аз бензин истифода менамуданд, арзёбӣ карданд: “Сабаби кам ворид шудани бензин ҳамин аст, ки ҳоло мошинҳо бештараш ба газ гузашта истодаанд. Ғайр аз ин маҳсулоти нафтӣ асосан дар фасли тирамоҳ ба кишвар бештар ворид мегардад, зеро мавсими кишту кор аст ва дар аввалҳои баҳор кам ворид мегардад”.

Зулфиқори Исмоилиён иброз медорад, ки тибқи иттилои расмӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон 40 дарсади мошинҳо аз газ истифода мебаранд, аммо ҳоло аз ин бештар аст, 60 дарсади мошинҳо аз газ истифода бурда истодаанд, ки дар ду соли ахир гузаштан ба газ зиёд шудааст.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, номуайянӣ дар хусуси лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия низ боиси он шудааст, ки ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ аз воридоти бештар худдорӣ намоянд, зеро баъд аз воридоти бештар дар сурати лағв шудани боҷи содироти чунин ширкатҳо зарар хоҳанд дид.

Тибқи қонунҳои Русия барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома он бояд баъд аз тасдиқи ҳукумат, аз ҷониби президент ба парлумон барои тасвиб пешниҳод гардад. Айни ҳол созишнома дар бораи лағви боҷи гумрукӣ миёни Тоҷикистону Русия аз ягонтои ин марҳилаҳо нагузаштааст.

Бо вуҷуди ин ҳама таҳлилгарон афзоиши қочоқи сӯзишворӣ ва набудани назорати ҷиддиро дар ин самт нигаронкунанда меҳисобанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)