Шарифзода ба президент гуфт дар 3 моҳ даромади мардум 20 % зиёд шуд
Нимаи дуюми рӯзи 26-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вазирони роҳбарони мақомоти давлатӣ доир ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон машварати корӣ баргузор кардааст.
Тавре аз Дафтари матбуоти раисиҷумҳур ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ҷаласа нахустин вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода гузориш дода гуфтааст, даромади аҳолии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон нисбат ба соли гузашта 19,8% афзун гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба Шарифзода аз фаъолияти нокифояи минтақаҳои озоди иқтисодӣ изҳори норозигӣ карда, супориш додааст, кори онҳо ҷоннок гардад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия гуфтааст, дар се моҳ ба буҷа 2,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 40 миллион ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 550 миллион сомонӣ зиёд аст. Наҷмиддинов ба ба президент гузориш додааст, ки дар се моҳи аввали соли равон 5 созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи умумии 360 миллион сомонӣ ба имзо расида, лоиҳаи 6 созишномаи дигар бо маблағи 500 миллион сомонӣ дар арафаи ба имзо расидан қарор доранд.
Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, гуфтааст, ки дар се моҳ дар кишвар 79 корхонаи саноатӣ бо 1340 ҷойи корӣ ба кор даромад.
Баъди шунидани гузориши вазирону роҳбарони дигар дар охири машварат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ, пеш аз ҳама доир ба татбиқи амалии супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида, супориш додааст. Аз ҷумла президент дастур додааст, ки шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе барои қабули гармӣ аз Маркази нави барқугармидиҳӣ, ки тирамоҳи имсол навбати аввалаш бо иқтидори 50 мегаватт бояд ба кор дароварда шавад, омода созанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |