Бахшҳо

Ҷавоби вазорат ба мақолаи “Мара нопурсида запис кесай”

Вазорати маорифи Тоҷикистон ба гузориши нашркардаи “Озодагон” бо унвони “Ҷонишини вазир: Мара нопурсида запис кесай” ҷавоб гуфт, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Ҷойи баҳс нест, ки мардум аз ҳама бештар ба маориф-соҳаи "афзалиятнок"-и ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Табиати инсонист, ки аз қаноатмандӣ ва шукргузорӣ дида, бештар аз нигарониҳо ҳарф мезанад. Маорифи Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлолият зина ба зина рушд кард, шакли миллӣ гирифт, фаъолияти мактабу омӯзгор ва хонандагон низоми тоза касб кард. Ин ҳама дар маҷмӯъ, шикасти "тақаллубкорӣ"-ҳоеанд, ки иддае дар назар доранд. Дар ин росто беҳтарин ва ҷолибтарин чорабиние, ки диққати аксариятро мекашад, баргузории олимпиадаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб мераванд. Агар дар соли 2005 теъдоди довталабон 50 нафарро ташкил карда бошад, пас, соли 2011 ин теъдод ба 943 нафар расид. Имсол бошад, бо иқдоми пешгирифтаи вазири маориф Нуриддин Саидов дар ҷумҳурӣ "ҳаракати олимпӣ" оғоз шуд ва теъдоди хонандагонро бамаротиб бештар гардонид.

Довталабон имкон ёфтанд дар озмунҳои гуногун-олимпиадаҳои даставӣ, номӣ, дастаи литсейҳои Президентӣ, фосилавӣ, байналмилалӣ ва фаннӣ ширкат варзанд. Дар ягонто аз ин озмунҳо баҳсу ҷанҷолу нигарониву ифтихор зиёд нест, ончунон ки дар олимпиадаи фаннӣ ҳаст. Ҳамасола дар хусуси ҳусну қубҳи ин озмун назару андешаҳо ва пешниҳодҳои иштирокдорон ва мутахассисон дар ҳафтаномаи "Омӯзгор" ба табъ мерасанд. Дар ҳамин ҳол, иддае аз рӯзноманигорон, бе он ки ба ҷараёни чунин чорабиниҳо аз нигоҳи воқеӣ баҳогузорӣ намоянд, аз ҳар ҳарфу ҳар ҳаракати аъзои Кумитаи тадорукот ва ё аъзои ҳакамон ҳангома меҷӯянд, ки ин амали онҳо маънии "Аз пашша фил сохтан"-ро ба ёд меораду халос. Барои мисол, рӯзноманигор Ҳумайрои Бахтиёр дар шумораи №14-и "Озодагон" таассуроти худро аз олимпиадаи фанҳои дақиқ, ки дар мактаб-интернати солимгардонии ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гашта буд, бо тамасхури зиёд ва бе таҳлилҳои воқеӣ овардааст.

"Гуноҳ"-и муовини вазир ҳамин будааст, ки ӯ барои халали зиёд ворид накардани ҳангоматалабон ва ором кардани онҳо бо услуби гуфтугӯӣ ҳарф задааст. Аз аввал то охири мақола ҳадафи муаллиф маълум нест. ӯ чӣ мехоҳад: беҳтар гардонидани низоми кори олимпиада ва ё роҷеъ ба шахсе, ки чанд сол ба ҳайси муовини раиси калонтарин вилояти ҷумҳурӣ (Хатлон) фаъолият карда, гузашта аз ин, ду маротиба ба бовари Президенти кишвар дар Парлумон аз мардумаш намояндагӣ кардааст? Агар мақсад танҳо барои ислоҳи нуқсон мебуд, журналист чунин амал намекард. Рӯзноманигор изҳор кардааст, ки тибқи қарор озмун мебоист соати 10-и субҳи 13-уми апрел оғоз мешуд, ҳол он ки бо сабабҳои муайян дар ин тасмим тағйирот ворид шуда ва иттилои он ба роҳбарони раёсатҳои маорифи шаҳру вилоятҳо расонида шуда буд. Ин қарорро гӯё ӯ аз Вазорати маориф гирифтааст, вале нагуфтааст, ки аз кӣ ва чӣ гуна. Бе расми ифтитоҳӣ сар кардани олимпиадаро Кумитаи тадорукот бесабаб ба бегоҳ мавқуф нагузошта буд. Гап дар сари он ки ҳамон рӯз садорати Вазорати маориф то нисфи рӯз ҳам ба қабули шаҳрвандон машғул буданд ва ҳам ба мушовараи семоҳаи вазорат.

"Эрод"-и рӯзноманигор дар мавриди ба довталабони русзабон надодани варақаҳо бо забони русӣ худ сазовори эрод аст. Дар ҳоле ки забони давлатии мо забони тоҷикист ва дар ҳоле ки аксарияти довталабони русзабон худ тоҷиканд, магар чунин иддаоро пеш овардан барои як рӯзноманигоре, ки худ даъвои эҳтиром ба забони давлатӣ дорад, айб нест? Агарчи довталабони иловагӣ қисман бо саволномаҳои русӣ таъмин нагардида буданд, тамоми довталабони асосӣ бо саволномаҳои тоҷикиву русӣ таъмин шуда буданд.

Сониян, эроди рӯзноманигор дар бораи натиҷагирии баҳои довталабон, ки ба гуфти эшон мебоист дар рӯзи аввал сурат мегирифт. Ба гуфти ӯ, ҳакамон гуфтаанд, ки натиҷаи санҷиш пагоҳаш маълум мешавад. Ёдовар мешавем, ки як амали пешгирифтаи вазорат ба хотири таъмини шаффофият ин буд: барои қабули кори довталабон як гурӯҳ ва барои санҷиши кори онҳо гурӯҳи дигар вобаста шуда буд. Кори ҳамаи довталабон тариқи рамз мавриди санҷиши доварон қарор гирифт.

Рӯзи саввум аз нигоҳи рӯзноманигор, довталабон баъди шикояти аппелятсионӣ ҳаққи худро соҳиб шуда тавонистанд. Ин ҳеҷ ҷои аҷобат ва нигаронӣ надорад. Зеро ин тартиб дар тамоми озмунҳои байналмилалӣ ҳам ҷорист. Дар тамоми ҷараёни озмун мисраъҳои зеринро ба ёд овардани вазири маориф Нуриддин Саидов ба ҳамин хотир буд, ки одамӣ беғалат намешавад:

Хатти тақдир аст орӣ аз ғалат,
Бе ғалат ҳаргиз набувад ҳеҷ хат.

Журналист дар маросими ҷамъбаст иштирок накардани довталабони гимназияи "Ҳотам ва ПВ"-ро далели эътирози онҳо ва номуайянии вақти анҷом баррасӣ кардааст. Ҳол он ки наомадани шогирдони ин таълимгоҳ сабаб дошт. Роҳбари яке аз гурӯҳҳои омодагӣ ба озмунҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои физика ва математика Эраҷ Ҷумъаев дар ин маврид изҳор кард, ки тибқи қарордоди гимназия ва Донишгоҳи давлатии Киев аз 14-ум то 20-ум озмуни интихоби довталабон сурат мегирифт ва як сабаби наомадани бачаҳо ҳам ба ҳамин вобаста буд.

Дар анҷоми навиштаҳои рӯзноманигор гуфтаҳои Нуриддин Саидов басе хуб омадаанд: "…дар мавриди баргузории олимпиада баъзе аз мушкилот вуҷуд дошта, бо мурури вақт он бартараф хоҳад шуд…"

Пурсида мешавад, ки магар рӯзноманигор мушкилотро пай набурд? Мушкили аввал: ё озмун дар даврҳои поёнӣ воқеона нагузашт ва ё устодон шогирдонро дар рӯҳияи худбоварӣ омода кардаанд. Ба назар мерасад, ки ғолибияти онҳое, ки дар даврҳои аввал муваффақ нашуда буданд, танҳо ба ғайришаффоф гузаштани озмун вобаста нест, балки довталабон то ин давр воқеан омодагии ҷиддӣ гирифта тавонистанд. Бо вуҷуди ин, на ҳамаи довталабон аз имтиҳон дар даври ниҳоӣ гузашта тавонистанд. Раиси ҳакамони фанни биология, номзади илм Комилҷон Исоев дар ин маврид чунин гуфт:

-Дар озмун, рости гап, аз фанне, ки ба мо вобаста буд, дониши ягон довталаб моро қонеъ карда натавонист. Дар ҳамин ҳол падар, модар ва ё омӯзгори довталаб даъвои беадолатии доварон ва доноии довталаби худро баён мекунанд. Вақте ҳамагӣ ду сол омода шудани довталабро мефаҳмам, ҳайрон мешавам. Охир, ман 30 сол боз меомӯзам, боз ҳам ҳама чизро намедонам, вале…

Вале дар ҳоле ки доварон ҳамагӣ донишмандони соҳа интихоб шуда, нодурустии кори довталабро бо далел исбот карданӣ мешаванд, ба ҷои шогирдонро ба дарки воқеият водор кардан, худи омӯзгорон шӯр мебардоранд. Аслан тибқи Низомнома ба иштироки ягон довталаби иловагӣ иҷозат нест, вале вазири маориф илтифоте карда, ба иштироки ин гурӯҳ мусоидат намуд. Директори гимназияи "Ҳотам ва ПВ" П. Ҳотамов дар робита ба ин маънӣ чунин гуфт: -Олимпиадаи имсола дар муқоиса ба озмунҳои солҳои қаблӣ бартарӣ дошт. Аввал ин ки вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов на танҳо барои иштироки истеъдодҳо аз ҳамаи синфҳо иҷозат доданд, балки ба ғолибони ин гурӯҳ медал ҳам доданд. Ин илтифоти вазир бисёр истеъдодҳоро на танҳо ошкор, балки хеле рӯҳбаланд ҳам кард. Шогирдони мо дар ин озмун 11 медал ба даст оварданд, ки аксари онҳо хатмкунанда набуданд. Албатта, ҳеҷ гуна озмун бе камбудӣ намешавад.

Дар ҳар сурат, бовар кардан мумкин аст, ки ҳама гуна камбудиҳо бо ин иқдоме, ки вазири маориф пеш гирифтааст, ислоҳи худро меёбанд.

Бо таассуф, лутфи вазир дар баробари ошкор кардани истеъдоди қисман довталабони ҷабрдида ба "ҷасорат"-и ҳаводорон илҳоми бештар бахшид. Аҷиб ки рӯзноманигор муносибати дағалона, густохӣ ва вайронкориҳои нафаре аз ин тоифаро дида натавонист? Барои чӣ боре напурсид, ки ин қадар кӯшишу аламу ҷанҷолро сабаб чист? Агар ки ӯ воқеанигор аст, чаро дуруст таҳлил карда натавонист, ки "айб дар ош аст ё дар мош?"
Фикр мекунем, "Озодагон" бояд бо он нуфузе, ки дар хориҷи кишвар ҳам миёни тоҷикзабонон дорад, бояд минбари озодамардон бошад.

Ф. Исмонов,
муовини вазир
Мӯҳр
Донишчу
Ин таърифхоеро, ки аз Вазорати мавориф кардаанд касе ба гайри худашон бовар надорад чуноне, ки мегуянд "хеч кас дуги худро турш намегуяд". Як намуна хамин, ки биёед саводи пеш аз истиклоли талабахову дошнишчуёни он замонро бо хозира мукоиса кунед, аз замин то осмон фарк мекунд, ин вазорат бо бебарномагиаш хамаро бесавод кард. конунхои чангалие баровард, ки на сатхи дониш, балки фарханги мардумро низ порён мебарад. Бехтар аст аз вазир то Вахорат хама бархам дода шуда аз сари нав барномарези кунанд ва ин мардуми бечораро начот диханд аз бесаводи.

мухтарам кормандони вазорати маориф, аз шумо хохиш дорам атрофи пулчинии мактабхои шахри Хучанд чорахои зарури андешед. гайр аз 20 сомонии мачбурии хармоха барои шикасту рехт боз 40 сомони барои таъмир талаб карда истодаанд. оё ин дуруст аст?

Мухочир
Ин вазоат аз вазиру муовини вазираш сар карда шарме надорад!Ман хамчун як шахрванди одди мушохидаи худро нисбати донишомузи ва дарачаи дониши мактаббачахои хозира гуфтаниам!Якумаш,ин ки мухтарам вазир аз суханони як хамкурси шумо,худи шумо бо азобе,донишгохро ба итмом расонида будаеду,ягон сесияе,ки набудас то шумо карздор набошед...Шукри "истиклолият"кунед ки дар ин муддат сохиби хамин хел вазифаву дарачахои илми гаштед.Дуввум баъди истиклолият аксари муаллимон шахсони аз куча омада буда саводи казои надоранд,ва албатта аз чунин шахсон донишомухтани талабахо багумон аст.Дуюм фарзанди ман дар РТ мехонду аз хама аълочии синфаш буд!Синфи 2-юм..Вакте Руссия омадем,аз хама окибмондатапин,харчанд дар муддати кутох хамаги дар 2 мох забони русиро аз цифр ба дарачаи лозима ёд гирифт!Вакте ман китобу дафтар ва он вазифахои талабахои Руссияро дидам фарк аз замин то осмон буд.Синфхонахо бошад камаш 100 маротиба бехтар,ин як мактаби оддии Руссия,хама чизе,ки барои тахсилу илмомузии кудак лозим аст дорад.Дафтару китобхо чунон сохта шудаанд,ва тарзи илмомузиашон чунон аст,ки талаба аллакай метавонад худаш бисёр чизхоро омузад,ва дар хакикат хеле программаи мушкил.Боз як чизро гуфта гузарам,ки дар РФ касе ба либосу,телефону ва гайраву хоказои талаба эътиборе намедихад.Танхо ба дониш эътибори хоса медихандХулоса мн хамчун шохид гуфта метавонам,ки мо дар ин соха дар хакикат камаш 20-30 сол аз РФ окиб мондаем,ва монда истодаем...Сабаи якуми ин хамин хел "запис кейстай"кадрхо дар вазифахои баланди давлати!Дар РФ ягон мансабдори баландмартаба дар ЯГОН холат бо чунин лафзи дагал харгиз сухан нахохад кард,зеро ин нишони БЕСАВОДИИ он шахсро нишон хохад дод.Дар ин чо мухтарам муовини вазир ба чои узр пурсидану камбудихоро ба зимма г8ирифтан ба хучуми рузноманигор гузаштааст!Сабаи окибмонии РТ дар хама чихатхам иктисодиву,хам ичтимоиву,хам дарачаи хаёт ва хам дар илм аз дигар давлатхои пахнои СНГ ана хамин кадрхои бесавод дар вазифахои баланди давлати мебошад.Зеро касе ки каме савод дорад албатта аз паи ичрои камбудихо мешавад на хучуми рузноманигоре ки хакикатро навиштааст!оли гузашта як чиянам мактаби бонуфузи НУР-и шахри Хучандро бо 4 тамом карду,хост ба яке аз мактабхои олии Руссия дохил шавад...вакте ман хатмкунандаи мактаби шурави 2 -3 саволи оддие додам,хайрон шуду надонист,вакте саволхои дохилшавии он Донишгохро дастрас кардем,у гуфти русхо ранги ДУБ чизеро намефахмид..хол он ки у дар мактаби НУР аул дода тахсил карда буд!Ана ин аст дарачаи илми мактабу мактаббачагони РТ...

Мактаби бонуфузи Нур хаминхел бошад вой бар холи хамагонихо! Фикри ин муаллимхои Хучанд факат дар пул. Ду фарзандам дар мактаб мехонанд. Аз пулдихи безор шудам. Барои тахсил биёред, барои об пул биёред, барои свет пул биёред, барои театр пул биёред, барои ремонт пул биёред. Ресмони инхоро ки мекашад?

Салом ба кормандони Озодагон! Рости ман давоми ду хафта интизор будам, ки Махмадова ба "нопурсида запис кесай" гуфтанихояш чи чавоб медихад, аммо афсус. Шояд Махмадова кудрате надошт, ки ба навиштаи журналист чавоб гардонад, аммо ин чавоби вазоратро хонда рости шармам омад. Охир бо чавобхои дуруги худ киро фиреб мекунанд, ки ба чунин рохбарони "кесай" бовар мекунад?
Бетамизихои мардум аз сухан пайдо шавад, Пистаи бемагз агар лаб во кунад расво шавад!

Манучер
Касе шмора дига бовар намекунад ай дуруг гуфтану вада додана безор шидан и мардм. Вазорат ба чои ислох кардан бо чавоб мегардона касе бовар намекунад. Намедонам то кадом андоза рост боша шунидам ки дар русия духтуроне ки то соли 90 донишгохи тиббиро хатм кардан ба кор мегирифтан аз 90 баъдро ба кор намегирифтан. Да хакикат ростай ки насли то 90 да бо саводай бадш бесавод бесаводи ун вакт бо саводи хози

точик
не рости ин зани маорифчи бояд намуна бошад барои дигарон зеро махз маориф пояи асоси ва устувории забони давлати ва адаби бошад у бояд дар хеч як чунин чорабинии омави бо лахчаи худ сухан накунад. дар хакикат айбаст барои у.

Амир
Шахсхои тасодуфи ба кор омадаанд. Хусусан зан ё ба воситаи шиносбози ё корхои дигар дигар.

Az shumo khohish mekunam, ki dar maktabhoi miyona darshoi Kuroni moned.
bad bined ki tartibu nizomi maktabbachagon chiguna meshavad..... Alloh madadgoraton bod!

Чаноби муовини вазир ба монанди булбул харф задед, дар холе, ки гунохи худро икрор шуда, пайи рафъи камбуди шавед. Ба рости вакте ин амали сарварони вазорату идорахоро мебинам, боз хамон байти шоир ба ёд меояд, ки гуфтааст:
Бо ин ду се нодон, ки чунон медонад,
Аз чахл , ки донои чахон ононанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти харист,
Хар ку на хар аст, кофараш мехонанд.

Хайрону мутахайир мешавам, ки чаро ин зимомдорони вакт ин забондарозу бе фикранд. Наход, ки чорабиние, ки дар сатхи чумхури мегузарад, дорои барномаи тархрезишудае набошад. Ба Шумо хитоб мекунам, эй масъулони вазорати маориф! Шумо акаллан як бор ба сайти дилхох донишгохи Русия ворид шавед ва бо чашмони худ бубинед, ки чорабинихои кучаки онхо ба монанди баргузории ягон конференсияи илми ва чашни ягон солгард, аллакай як сол пеш ва ё 6-мох пеш тархрези шудааст ва дар хамон вакту соат баргузор мегардад. Ин муовин бошад, таъхири олимпиядаро ба серкор будани вазир рабт медихад. Шарматон бод, эй масъулони бе масъулият ва ори аз хамаи хулку атвори инсони!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)