Бахшҳо
10 май 2013 20:20Хабарҳои ҷаҳон

Кишварҳои Осиёи Миёна худ хоҳони ҳузури Амрикоянд

Ҳузури Амрико ва НАТО дар Осиёи марказӣ дар ҳар шакле, ки набошад ногузир аст. Зеро ин сиёсати чандҷиҳатаи худи кишварҳои ОМ аст. Кишварҳои минтақа ба ҳар таври мумкин мехоҳанд, то кумаки бештаре аз шарикони хориҷии худ ба даст оварда, таъсири онҳоро дар мувозинат нигоҳ доштаманофеи онҳоро амиқ гардонанд.

Дар ҳамин маврид Александер Кенязев коршиноси рус мегӯяд, "аз ҳама вазъияти аён марбут ба Афғонистон аст. Дар ин давраи замонӣ хуруҷи бо суръати нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро метавон як фурупошии комил номид. Барои ҳамин ҳифзи ҳадди ақали қудрат дар кишвар иҷоза медиҳад, то пешрафти асосии вазъият баъд аз соли 2014 таъмин шавад".
Ҳамчунин ин коршинос илова мекунад, ки бисёре аз коршиносони русӣ, чинӣ ва ҳатто чанде аз ғарбӣ бар ин боваранд, ки ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва ОМ нақши муҳиме дар ваъитяи геополитикӣ дар оянда дорад ба монанди:

- Монеъ шудан аз нуфузи бештари Чин ва эҳёи нуфузи Русия
- Кумак ба ҳифзи истиқлоли кишварҳои ОМ дар робита бо Русияву Чин
- Фароҳам кардани заминае барои ҳузури низомӣ дар ОМ
- Таҳти фишор қарор додани Эрон
- Амалигардонии тарҳи нуфузи Амрико дар ҷануби осиё ба мақсади контроли даргирии Ҳинду Покистон

Инро низ бояд дарк кард, китамоми ин ангезаҳо стратегияи Обама барои тавозуни дубораи қувваҳои амрикоӣ ҷиҳати ҷиҳатгирии он ба минтақаи осиё ва Уқёнуси ороммебошад.Стратегияи Обама сиёсати фаъолеро дар шарқи миёна, маркази авруосиё ва ҷануби осиё дунбол намекунад. Вале раҳбарияти нави Амрико хусусн агар ҷумҳурихоҳ бошад эҳтимол дорад, ки пойгоҳи худро дар Афғонистон-осиёи марказӣ ба сифтаи як фишанги геополитикӣ истифода намояд.
Дар ин робита расонидани фишори муаяне ба Русия ва Чин як ҳадафи дарозмуддат аст он ҳам танҳо дар сурате, ки сиёсатҳои Обама тағир кунад. Феълан ҳадафи асосӣ таъмини мувозинати калон дар ҷаҳон ва тавофуқ барои иҷрои он бо ҳар касе, ки мумкин бошад ба манзури ёфтани манобеи молӣ барои ислоҳоти либералӣ дар Амрико он ҳам дар шароити касрии фоҳиши буҷети ин кишвар мебошад.

Аммо бо ин вуҷуд масъалаи пойгоҳҳои низомӣ норӯшан аст. Наметавон интизор надошт, ки Русия ва Чин онҳоро аз минтақа берун накунанд. Манас ва пойгоҳи олмонӣ дар Термиз эҳтимолан дар як чашмандози замонӣ баста шаванд.
Дар инҷо ҳамачӣ аз вазъият дар Афғонистон вобаста аст. Ба назар ҳам намерасад, ки Узбакистон заминаро барои боз кардани комилҳуқуқи пойгоҳи Амрико дар шакли басташудаи Каршӣ-Хонобод фароҳам кунад.

Вале дар хусусипойгоҳҳои ҳамлу нақл, анборҳои интиқоли силоҳ, шакли гуногуни ҳамкориҳои низомӣ ва ғайра бояд гуфт, ки ин маворид ҳатман ҳифз мешаванд.

Акнун ҳаракати исломии Узбакистон зоҳиран дар шимоли Афғонистон ҳузур дорад ва ҳамкориҳои фаолонаро бо толибон идома медиҳад. Иқдомоти толибон мунҷар ба парокандагии мардум хоҳад шуд, ки чизе аз вазъият сар дар намеоваранд. Мумкин аст, ки иқдомоти онҳо бо ҳадафи бозиҳои таблиғотӣ низ анҷом шавад.

Вале бо ин вуҷуд масъалаи дигаре ҳам матраҳ аст. Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гуруҳҳои соқиткунандаи давлатҳо дар ОМ ҳамеша дар маҳдудият будаву ҳастанд. Таҳдид дар ин нақша на танҳо ба ҳаракати исломии Узбакистон марбут мешавад, балки то кадом андоза хатари фурӯпошӣ ба далели мушкилоти дохилӣ онҳоро таҳдид мекунад.
Инак сӯҳбатҳо аз ҳамкориҳои низомии техникӣ бо Амрико меравад. Чунин менамояд, ки аҳдофи сиёсии тӯлонимуддат аз интиқоли силоҳҳо, метавонад нақши худро дар оянда иҷро кунад.

Вале феълан ҳадафҳо танҳо кутоҳмуддат аст: интиқол додани силоҳҳое, ки дар Афғонистон қарор дорад. Мусаллаҳ кардани артиши Афғонистон, ки тавоноиҳои лозимро надорад, корест бемаънӣ. Зеро дар ин ҳолат толибон метавонанд ин силоҳҳоро соҳибӣ карда ва дар тамоми ҷаҳон густариш ёбанд.

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)