Бахшҳо

Мақомот Зайд Саидовро дар "бисёрзанӣ" ва "азхудкунии моли дигарон" муттаҳам мекунад

Дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май ба Фаронса рафтааст, мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми май аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар доданд.

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия изҳор медорад, ки ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, зимни сохтмони баландтарин бинои кишвар, "Душанбе -Плаза" дар соли 2009-ум ба сохтакории санадҳо ва изофанависӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 959 ҳазор сомонӣ даст задааст.

Тавре аз Оҷонсии мубориза бо коррупсия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, санҷиши сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” ва “Ороиши дохилии (интерери ) ошёнаҳои 1-20, ҳамчунин таҳхонаву тавақуфгоҳи бино” собит намуд, ки зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ масъулини «Тоҷ-Сохтмон-Байналмиллал” дар иншооти мазкур ба изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 959 ҳазору 218 сомонӣ роҳ додаанд. Манбаъ мегӯяд оиди ҳолати мазкур санаи 10 майи соли 2013 аз тарафи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати шахсони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмиллал» барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” бо пахши як изҳорот иттилоъ дод, ки хонаи раҳбарашон Зайд Саидов имрӯз, 11-уми май соати 13:55 аз ҷониби додситонӣ ва мақомоти умури дохилӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст ва барои бозпурсӣ ҳатто атфоли хонавода, ки кўчактаринашон ҳамагӣ панҷ сол дорад, ба прокуратураи шаҳри Душанбе бурда шудаанд. Тафтишгарон иҷозаи расмии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо барои бозҷӯӣ дар даст доштаанд. Ин амали мақомот ба парвандаи дигари ҷиноӣ марбут дониста мешавад, ки ахиран алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ боз гардидааст.

Дар ҳамин ҳол “Тоҷикистони нав” менависад, худи Зайд Саидов, ки раиси Федератсияи тенниси рўйи мизи Тоҷикистон мебошад, дар садри дастаи теннисбозони ҷумҳурӣ айни ҳол дар шаҳри Пориси Фаронса қарор дорад. Ин гуруҳ мегӯяд, телефонӣ Саидовро аз қазия огоҳ кардаанд ва ӯ дар ҷавоб изҳор доштааст, ки ба риояи талаботи қонун аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бовар дорад ва ҳаммаслаконашро муътақид сохтааст, ки ин амали тафтишотӣ наметавонад барои таъсиси Ҳизб монеа эҷод кунад. Саидов таъкид кардааст, ки эҳтиром ба қонуну қонуниятро ҳаргиз нодида нагирифта, буду ҳама гуна кирдору гуфтореро, ки боиси адами эътимоди мардум гарданд, дар зиндагӣ раво надидааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 10-уми май гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” зимни як нишасти изтирорӣ аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар дод.

Маҳмудҷон Қосимов, як аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” изҳор дошта буд, ки баъди эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Қосимов таъкид намуд, ки ахиран мақомоти тоҷик тафтишоти корхонаю ширкатҳои Зайд Саидовро пурзӯр намудаанд ва ин ҳам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ аз ҷониби ӯ марбут дониста шудааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Камол
Чаноби Саидов!
Хатман дар интихобот ширкат кунед.
Бале, бале - аз номи худ.
Шахсан ба Шумо овоз медихам. Фикрам дигарони зиёде низ.
Кушиш кунед аз ин балохои ба саратон омада бо лутфи Худованд начот бед.
Сарбаланд бошед.

Махмудчони Лоик
Зайд Саидов дар як нишаст гуфтааст, ки тарафдорони таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» барои тағйири вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ниёз ба таъсиси ин ҳизбро диданд. Бояд ёдовар шуд, ки наҳзатиён ҳам, ки он замон Зайд Саидов дар сафашон қарор дошт, дар солҳои 90-ум ҳамин гунна ақидаро доштанд. Тоҷикистони ободу озодро дучори бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ номидаву ваъдаи буруновариашро доданд, оқибат ончунон бурунаш карданд, ки барои якумра дар таърихи инсоният ҳамчун саҳифаҳои нангину сангин нақш баст. Шояд ҷаноби Саидов боз ҳамон шеваи баровардан аз бӯҳронро дар Тоҷикистон такроран амалӣ карданист.

Девонаев
Пас, маълум, ки Зайд Саидов аз чизе харос доштааст. Хатман ба у дар ин бора хабар додаанд, ки як руз пеш аз вокеа Точикистонро тарк кардааст? Ё гуфтаниед, ки "майдонро холи диданд"? Боварам намеояд. Хатман ба у аз коруппсия хабар доданд, ки бояд "чонашро кач кунад". Заъфи якуми хукумати Точикистон аст, ки хамин тур "нагло" бар зидди дилхох нафар парванда мекушод. Заъфи дигараш ин, ки баландтарин мансабдораш ба як танга дилхох информацияро ба берун аз "оила" мефурушад. Дар чунин ватан зистан хавфнок аст...

Солех
Спектакли нави Хукумат ва Зайд Саидов !!!!!!!!!! Мардум Аблах не Худи шумо Аблахед!!!!

Шамол
Акобиров Нурали! яке аз хешовандони наздикон, ва нафароне Зай-Саидов рохбари Гурхи-Терористи бо 5кг маводи мухадири героин, ва 3 зан дар як хона дар шахри Москва аз тарафи Федеральный Службы Норка Контроль дасгир шуд.

Акобиров Нурали! яке аз хешовандони наздикон, ва нафароне Зай-Саидов рохбари Гурхи-Терористи бо 5кг маводи мухадири героин, ва 3 зан дар як хона дар шахри Москва аз тарафи Федеральный Службы Норка Контроль дасгир шуд.

Салом бар хамаи дустону хонандагон. Ин саволхороро ба касе намедихам чун бехуда аст, факат дар зехнам дорам, ки Зайд Саид ба Фаронса сафари расми кардааст. Раиси дастаи Тенисбозон. Яъне хама макомот медонистанд, ки Зайд Саид рузи 10 меравад. Чаро ин хама хангомахо, сарусадохо, парвандабозшавихо, ташрифи макомот ба хонаи номбурда ва ва ва .... аз рузи 11 сар шуд?????????????????????????
2). 4 зан доштани Зайд Саидро магар макомот каблан намедонистанд, ки ногахон ин сирри бисёр хатарноки Зайд Саид рузи 11 берун баромад аз хонааш ва ба гуши макомот расид???
3). Чаро хамаи ин гунохонро вакте пайдо карданд, ки Зайд Саид Мехохад хизбе ташкил кунад ва фаъолияти сиёси кунад, аммо боз чаро гузоштанд ки аввал аз кишвар хорич шавад ва баъд эълом кунанд ки Фалони ин гунохонро кардааст, бигзор бидонад ки омад зиндон мешавад. Дар зери биниатон буд нагирифтед. фардо аз фаронса барнагашт, мачбуред барои оварданаш ба кишвар мисле ки ёкубро бо "Окно" иваз кардед" боз ягон гушаи мондаи ин хоки куханро бидахед. ва мисли ин саволхо зиёд аст аммо дар хич кадомаш ин филми нав бо сенарияхояш дуруст дар намеояд........
Ман фикр мекунам, ки иштибохи бузурги хукуматхо ин бесавод ва нофахм пиндоштани миллат ва мардуми хамон сарзамин аст. Ва ин пиндор окибати хубе барои он хукумат ба бор намеорад. мардуми хама кишвархо хукуматхои худро хуб мешиносанд ва дар бисёр чо ба он хукумат мухлат медиханд ки ислох шаванд ва ислох кунанд ...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)