Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 апрел 2019, 11:47
/ Материалы за 27.02.2012
27 феврал 2012, 12:46

Туркия ҳарими ҳавоии худро баст. Барои Исроил

Шурӯъ аз имрӯз,26-уми феврал Туркия маҳдудиятҳоро барои тайёраҳои борбари Исроил ҷорӣ намуд.

27 феврал 2012, 12:46

СММ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Қабл аз Наврӯз

14-уми марти соли равон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузориши давраӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

27 феврал 2012, 11:30

Қатар дар Душанбе «Диёри Душанбе» месозад

Тендери байналмиллалӣ барои муайян намудани пудратчии кулли сохтмони шаҳраки «Диёри Душанбе» аз ҷониби ширкати «Қатари Диёр Реал Истейт Инвестмент-Тоҷикистон» эълон гардид.

27 феврал 2012, 10:55

138 метри дигар барои анҷоми кори нақбканӣ дар «Шаҳристон» боқӣ монд

Ин дафъа намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Табошар ва ноҳияи Мастчоҳ ба нақби Шаҳристон ташриф оварданд.

27 феврал 2012, 09:45

«Белорус» дар Кӯлоб

Як мавзеъ дар Душанбе, ду ҷой дар ноҳияи Данғара ва ахиран корхонаи «Козто»-и шаҳри Кӯлоб пешниҳоди ҳамкорон шуда буд. Ахиран, интихоб болои «Козто» қарор гирифт…

27 феврал 2012, 09:27

Кӯлоб: Эътирози тоҷирони бозор ва посухи ҳукумати шаҳр

Якшанбеи 26-уми феврал як гурӯҳи бузурги тоҷирони кӯлобӣ бо нишони эътироз аз роҳбарияти бозори фурӯши таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии нақлиёт,  даст ба корпартоӣ заданд.

27 феврал 2012, 09:01

Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйирот ворид мешавад

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз, 27-уми феврал дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасӣ гирифта шуд.

27 феврал 2012, 07:12

Убайдуллоев ва бону Михай «Пойгаи равон»-ро ба баррасӣ гирифтанд

Омодагиҳои шаҳрдорӣ ба тарҳрезию амалисозии нақшаҳо оид ба истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалии-2012 дар сатҳи хуб ҷараён доранд.

27 феврал 2012, 06:44

Мусодираи 15 кило маводи нашъадор дар ҷануби кишвар

Зимни амалиёти кормандони агентии назорати маводи нашъаовар    миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира гардид.

27 феврал 2012, 06:21

Мавлуди пайғамбар дар Кӯлоб бо ширкати раиси ҲНИТ

Бо ташаббуси бахши ҲНИТ дар Кӯлоб, рӯзи шанбеи 25-уми феврал мавлуди пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) доир гардид.

27 феврал 2012, 06:01

Сӯиқасди ноком ба Путин Дар Одесса

Хадамоти махсуси Украина ва Русия тарҳи як сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин, нахуствазири Русияро ҷилавгирӣ кардаанд.

27 феврал 2012, 05:30

Ҳанӯз ҳам инкишофи МОИ дар Тоҷикистон мушкил дорад

Ба гуфтаи масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо заминаи меъёриву ҳуқуқии МОИ (минтақаҳои озоди иқтисодӣ) аз соли 2004 омода шуда, ба ташкили чунин нуқтаҳо аз соли 2005 асос гузошта шудааст.

27 феврал 2012, 05:15

Таркиши газ дар Маскав ҷони ду ҳамватани моро гирифт

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари таркиши балонҳои газ дар бинои дуошёнаи шаҳраки Горки-25-и ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав осеб дида буданд, ба ҳалокат расиданд.

27 феврал 2012, 04:55

Футбол: Тоҷикистон ба сабқати Кореяи Шимолӣ омодагӣ мебинад

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо дастаи Кореяи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинад.

27 феврал 2012, 04:00

ИА ва Тоҷикистон масоили марбут ба муҳити зисту обро ба баррасӣ гирифтанд

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷаи кишвар дар шаҳри Брюссел қарор дорад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!