/ Материалы за 28.02.2012
28 феврал 2012, 12:01
Дар Суғд қарор «Дар бораи таъсис додани Комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» ба имзо расид.
28 феврал 2012, 11:19
Имрӯз, 28 феврал дар шаҳри Кобул вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор шуд.
28 феврал 2012, 09:47
Тавре Ориф Нозимов, сухагӯи маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи гузашта тахминан соати 08:30 дар роҳи мошингарди Айнӣ -Кӯҳистони Мастчоҳ дар километри 51-уми мавзеъи «Санги дамгирак»-и деҳаи Шамтучи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ, аз танаи кӯҳ санг канда шуда ба автомашинаи тамғаи « ВАЗ -21011» бархӯрдаст.
28 феврал 2012, 09:18
Дар ҷаласаи васеи кории раиси шаҳр дар радифи баррасии масъалаҳои корӣ ду муовини раис низ муаррифӣ шуданд.
28 феврал 2012, 07:22
Имрӯз, 28-уми феврал лоиҳаи Қонун «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» дар Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокимаи парламентӣ қарор гирифт.
28 феврал 2012, 06:53
28 феврал 2012, 06:01
Дар истгоҳи метрои «Шелковская»-и шаҳри Масква, бар асари садамаи нақлиётӣ шаҳрванди Тоҷикистон Эмомиддин Бурҳониддинови 24- сола, сокини ноҳияи Рашт сахт осеб дида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
28 феврал 2012, 05:14
Дар Душанбе Конфронси муштараки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба кори худ оғоз кард.
28 феврал 2012, 05:08
Бино ба маълумоти котиби Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ҳейр Лундестад барои дарёфти ҷойизаи сулҳи Нобел 231 довталаб пениҳод шудааст, ки аз ин миқдор 188 нафар афрод ва 43 муассиса будаанд.
28 феврал 2012, 05:03
Дар Киев вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Вазири фарҳанги Украина Михаил Кулиняк баргузор гардид.Аснои мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла рушди ҳамкории созмонҳои эҷодӣ, тавсеаи робитаҳои намояндагони фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Украина баррасӣ шуданд.
28 феврал 2012, 04:01
Намоиши инфиродии ҳунари рассоми шодравон Ботур Аллаберганов дар Душанбе баргузор мегардад.
28 феврал 2012, 03:50
Дар пойтахти Белгия иҷлосия дуюми Шӯрои ҳамкории ИА бо Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи иттилои ВКХ-и кишвар, ҳайати ҳукумати ҷумҳурии моро дар ин нишаст Ҳамроҳхон Зарифӣ раҳбарӣ мекард ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо Виллӣ Совндал, вазири хориҷаи Дания, ки кишвараш раёсати давраии ин созмони қораиро бар ӯҳда дорад.