Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 апрел 2019, 08:52
/ Материалы за Март 2012 года
31 март 2012, 08:26

«Мулоқоти махфӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Меттис

Генерали амрикоӣ соли 2005 зимни баргузории як форум гуфтааст, ки аз оташкушоӣ ба баъзе шаҳрвандони Афғонистон хушаш меояд

31 март 2012, 07:27

Соҳибкор мағозаро ғайриқонунӣ фурӯхт. Бо 8 ҳазор доллар

Кормандони милиса дар пайи як амалиёти вижа дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд соҳибкори 46 соларо дастгир кардаанд.

31 март 2012, 07:05

Вазири хориҷаи Амрико вориди Ар-Риёз шуд

Хиллари Клинтон, вазири хориҷаи Амрико баъд аз зуҳри ҷумъа, 30-юми март ба манзури баррасии таҳаввулоти ахири Сурия вориди шаҳри Риёз шуд.

31 март 2012, 06:46

Эрониҳои дар Сурия дастгиршуда ба ватан баргаштанд

Бар асоси гузоришҳо панҷ шаҳрванди Эрон, ки гуфта мешуд дар шаҳри Ҳамоти Сурия рабуда шудаанд, бомдоди рӯзи шанбеи 31 март ба Теҳрон баргаштанд.

31 март 2012, 06:40

Тоҷикистон дар рейтинги баробарии зану мард 118-ум шуд

Тоҷикистон аз рӯи баробарии зану мард дар сиёсат аз 100 холи имконпазир, ки маънои баробарии комилро дорад, ҳамагӣ 13 имтиёз гирифтаст. Ин нишондодро коршиносон бӯҳронӣ арзёбӣ мекунанд.

31 март 2012, 06:01

Қайроқум шимоли кишварро бо шишаи ватанӣ таъмин карданист

Тайи ду моҳи ахир ҶДММ «Корхонаи нонпазию қаннодӣ»-и шаҳри Қайроқум дар  ҳаҷми 35 ҳазор метрии мураббаъ шишаи сохтмонӣ истеҳсол кардааст.

31 март 2012, 05:35

Пулиси афғон 9 ҳамкорашро парронд

Вазорати умури дохилаи Афғонистон тайид карда, ки як маъмури пулис дар музофоти Пактико 9 ҳамкори худро куштааст.

31 март 2012, 05:20

Ҷеймс Метис нахостааст, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 31-уми март бо Ҷеймс Метис, роҳбари нерӯҳои хушкигарди ИМА мулоқот кард.

31 март 2012, 05:14

Паҳлавонони тоҷик барои роҳхати олимпӣ Остона рафтанд

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштии юнону румӣ Мурод Тӯйчиев, Ҳабибулло Абдуллоев, довар Ҳабибулло Нарзуллоев ва мураббӣ Баҳром Ориповҷиҳати ширкат дар сабқати дараҷабандии минтақа Осиё ба шаҳри Остона рафтанд.

31 март 2012, 04:33

Ӯзбакистон ва Русия ба Тоҷикистон фишор меоранд?

Боло рафтани боҷи содироти гумрукӣ барои сӯзишворӣ ва эҳтимоли қатъ шудани гази сӯзишвори аз чӣ дарак медиҳад.

31 март 2012, 04:11

То соли 2016 истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон ба 1 миллион тонна расонида мешавад

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

31 март 2012, 03:13

Мулоқоти Солиеви дипломат бо Урбан Русак

Сафири Тоҷикистондар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Паймони неру Урбан Русак дар Брюссел мулоқот кард.

30 март 2012, 12:35

Эмомалӣ Раҳмон ба камбизоатони Кӯлоб кӯмак кард

Субҳи имрӯз, 30-юми март, аз ҳисоби хазинаи «Хайрияи президент» ба 100 оилаи нодор аз шаҳру ноҳияи Кӯлоб кӯмаки ғизоӣ расонида шуд.

30 март 2012, 12:26

Муассиси Озодагон сарвари созмони «Матбуот» интихоб гардид

Кооперативи «Матбуот», ки тақрибан чор моҳ қабл аз ин аз фаъолият боз монда буд, дубора ба кор шурӯъ мекунад.

30 март 2012, 12:09

Ҳалокати 35 нафар дар Афғонистон ва мусодираи беш аз 2 тонна нашъа

Дар пайи 12 амалиёти муштараки пулиси миллӣ ва низомиёни Афғонистону неруҳои эътилофи байналмилал дар шабонарўзи сипаришуда дастикам 35 ҷангҷўй куша шудааст.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!